Низомномаи Маркази давлатии иҷозатномадиҳии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006, № 72

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 614 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Хукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 январи соли 2006 № 72

тасдиқ шудааст

Бо қарори Хукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 январи соли 2006 № 72

тасдиқ шудааст

Низомномаи Маркази давлатии иҷозатномадиҳии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Маркази давлатии иҷозатномадиҳии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Марказ) мақоми идораи давлати буда, иҷозатномадиҳиро дар соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолиятя" аз 17 майи соли 2004 № 37 ва Низомнома Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005 № 337 тасдиқ шудааст, таъсис ёфта, фаъолият менамояд.

2. Марказ дар фаъолияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону фармоишҳои Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

3. Марказ фаъолияти худро дар ҳамкори бо дигар вазоратҳо, идораю ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҳама шакли моликият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

4. Вазифаҳои асосии Марказ аз инҳо иборатанд:

- додани иҷозатнома ба фаъолияти сохтмонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ (аз ҷумла ташкилотҳои хориҷӣ, шахсони хориҷӣ ва бешаҳрванд) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фароҳам овардани иҷозатнома, аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ менамояд;

- боздоштани амали иҷозатнома, аз нав барқарор намудан ё бекор кардани он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият";

- бурдани феҳрести иҷозатномаҳо;

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г. №614

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 31 января 2006 года № 72

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 31 января 2006 года № 72

Положение о Государственном лицензионном центре Государственного комитета строительства и архитектуры Республики Таджикистан

1. Государственный лицензионный центр Государственного комитета строительства и архитектуры Республики Таджикистан (далее - Центр) является органом государственного управления, осуществляющим лицензирование строительной деятельности на территории Республики Таджикистан, образован и действует в соответствии с Законом Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года №37 "О лицензировании отдельных видов деятельности" и Положения "Об особенностях лицензирования отдельных видов деятельности", утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 сентября 2005 года №337.

2. Центр в своей деятельности руководствуется нормативно-правовыми актами Республики Таджикистан, приказами и решениями Государственного комитета строительства и архитектуры Республики Таджикистан, международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.

3. Центр осуществляет свою деятельность во взаимодействии с другими министерствами, ведомствами, организациями, органами исполнительной власти на местах, организациями всех форм собственности в соответствии с законами Республики Таджикистан.

4. Основными задачами Центра являются:

- лицензирование строительной деятельности физических и юридических лиц, вне зависимости от форм собственности и ведомственной принадлежности (том числе зарубежными организациями, иностранных лиц и лиц без гражданства) на территории Республики Таджикистан;

- предоставление лицензий, переоформление документов, подтверждающих наличие лицензий;

- приостановление, возобновление действия лицензий или их аннулирование в случаях предусмотренных Законом Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности";

- ведение реестра лицензий;

...