Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 № 162 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, № 23-24, моддаи 348; соли 2003, № 8, моддаи 450) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 3:

- ба банди 5 баъд аз калимаи "садоҳо" калимаҳои "ё инъикоси онҳо, ба ғайр аз сабти овоз, ки ба асари аудиовизуалӣ дохил карда шудааст;" илова карда шаванд;

- ба банди 6 баъд аз калимаи "моддӣ" калимаҳои ",ҳамчунин нигаҳдории доими ё муваққати дар хотираи МЭҲ ва дигар дастгоҳҳои компютерӣ;" илова карда шаванд;

- банди 7 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"7) сабт-нигориши овозҳо ва (ё) тасвирҳо ё инъикоси онҳо тавассути васоити техникӣ дар ягон шакли моддӣ, ки имконияти бисёркаратаи амали сохтани дарк, таҷдид ё дастрас кардани онҳоро фароҳам меорад;";

- банди 9 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"9) истеҳсолкунандаи фонограмма-шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ташаббус ва масъулияти аввалини сабти овозии ягон иҷро ё дигар овозҳо, ё ин ки инъикоси овозҳоро ба ӯҳда гирифтааст; дар сурати мавҷуд набудани далели дигар шахсе, ки ном ё унвони ӯ дар ин фонограмма ва ё дар ғилофи (ҷилди) он ба таври маъмули сабт ёфтааст, таҳиягари фонограмма ба ҳисоб меравад;";

- дар банди 12 калимаҳои "ё санъат (аз ҷумла барномаҳои эстрадӣ, сирк ё лӯхтаки)-ро" ба калимаҳои "ва санъат (аз ҷумла барномаҳои эстрадӣ, сирк ё лӯхтакӣ) ва ё ифодаи фолклорро" иваз карда шаванд;

- бандҳои 25 - 28 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"25) ба маълумоти умум расонидан барои истифодаи интерактивӣ ба маълумоти умум расонидани асарҳо ё объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он тарзе, ки намояндагони омма метавонанд онҳоро аз ҳар ҷой ва ҳар вақт мутобиқи интихобашон дастрас кунанд;

26) иттилоъ дар бораи идора кардани ҳуқуқҳо - ҳар гуна иттилои аз ҷониби дорандагони ҳуқуқ пешниҳодшаванда, ки асар ё дигар объекти аз тарафи Қонуни мазкур ҳифзшаванда, муаллиф, ё дигар дорандаи ҳуқуқро муайян (идентификатсия) менамояд, ё иттилоъ дар бораи шароити истифодаи асар ё дигар объект ва ҳар гуна рақам ва рамзҳое, ки дар онҳо чунин иттилоъ гузошта шудааст, бо вуҷуди он, ки ҳаргуна чунин ҷузъиёти иттилоъ дар нусхаи асар ё дигар объекти аз тарафи Қонуни мазкур ҳифзшаванда нишон дода шудаанд, ё вобаста бо хабар додан ё расонидани чунин асар ё дигар объект барои маълумоти умум пайдо мешаванд;

27) воситаҳои техникии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он - ҳар гуна дастгоҳҳои босамари техники ва қисмҳои онҳо, ки дастрасиро ба асар ё объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он назорат менамоянд ва амалҳоеро, ки нисбати асар ё объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он, ки аз ҷониби дорандагони ягон ҳуқуқи аз тарафи Қонуни мазкур ҳифзшаванда иҷозат дода шудаанд, пешгирӣ ва маҳдуд мекунанд;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об авторском праве и смежных правах"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 13 ноября 1998 года "Об авторском праве и смежных правах" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 год, № 23-24, статья 348; 2003 год, № 8, статья 450) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 3:

- в пункте 5 после слова "звуков" дополнить словами "или их отображений, кроме звуковой записи, включенной в аудиовизуальное произведение;";

- в пункте 6 после слова "носителе" дополнить словами ", включая постоянное или временное хранение в памяти ЭВМ и других компьютерных устройств;";

- пункт 7 изложить в следующей редакции:

"7) запись - фиксация звуков и (или) изображений или их отображений с помощью технических средств в какой-либо материальной форме, позволяющей осуществить их неоднократное восприятие, воспроизведение пли сообщение;";

- пункт 9 изложить в следующей редакции:

"9) производитель фонограммы - физическое или юридическое лицо, взявшее на себя инициативу и ответственность за первую звуковую запись какого-либо исполнения или иных звуков, либо отображений звуков; при отсутствии доказательств иного, изготовителем фонограммы является лицо, имя или наименование которого обозначено на этой фонограмме и (пли) на содержащем ее футляре обычным образом;";

- в пункте 12 после слов "искусства (в том числе эстрадный, цирковой или кукольный номер)," дополнить словами "либо выражения фольклора,";

- дополнить пунктами 25 - 28 следующего содержания:

"25) доведение до всеобщего сведения для интерактивного использования - доведения произведений или объектов смежных прав до всеобщего сведения таким образом, что представители публики могут осуществлять к ним доступ из любого места и в любое время по их собственному выбору;

26) информация об управлении правами - любая информация, представляемая обладателями прав, которая идентифицирует произведение или другой объект, охраняемый настоящим Законом, автора или другого обладателя прав, или информация об условиях использования произведения или другого объекта и любые цифры и коды, в которых представлена такая информация, при том, что любые такие элементы информации обозначены на экземпляре произведения или другого объекта, охраняемого настоящим Законом, или появляются в связи с сообщением или доведением такого произведения или другого объекта для всеобщего сведения;

27) технические средства защиты авторских и смежных прав - любые эффективные технические устройства и их компоненты, контролирующие доступ к произведениям или объектам смежных прав, предотвращающие или ограничивающие в отношении произведений или объектов смежных прав действия, которые разрешены обладателями какого - либо права, охраняемого настоящим Законом;

...