ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №23-24, мод. 348; с. 2003, №8, мод. 450; с. 2006, №3, мод. 153; с. 2009, №12, мод. 825; с. 2014, №12, мод. 826)
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 27, аз 3.03.2006 № 162, аз 3.12.2009 № 573, аз 31.12.2014 № 1172, аз 2.01.2018 № 1488)
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мавзӯи танзим
Ин Қонун муносибатҳои ҳангоми офаридан ва истифодаи асарҳои илм, адабиёт ва санъат (ҳуқуқи муаллиф), фонограмма, иҷро, намоиш ва барномаҳои ташкилоти пахши эфири ва кабели (ҳуқуқҳои вобаста ба он) баамалояндаро танзим менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосие, ки дар ҳамин Қонун истифода мешаванд
Дар ҳамин Қонун мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
1) муаллиф - шахси воқеие, ки асар дар натиҷаи меҳнати эҷодии ӯ офарида шудааст;
2) асари аудиовизуали - асаре, ки аз миқдори муайяни бо ҳам алоқаманди кадрҳо (боовоз ё беовоз) иборат буда, барои дарки бинои ва шунавои (дар сурати боовоз будани он) тавассути дастгоҳҳои техникии дахлдор таъин шудааст; асарҳои аудиовизуали аз асарҳои кинематографи (синамои) ва ҳамаи асарҳои дигаре, ки бо васоили ба он монанд офарида шудаанд, иборат мебошад: филмҳои телевизиони ва видеои, диафилмҳо, филмҳои слайди ва ғ., сарфи назар аз тарзу усули нигориши аввалин ё минбаъдаи онҳо;
3) манбаи маълумот - маҷмӯи маълумот дар шакли хониши мошиннавис ё шакли дигар, ки аз рӯи интихоб ва ҷобаҷогузории мавод натиҷаи эҷодиёти зеҳни ба ҳисоб меравад; мафҳуми манбаи маълумот ба барномаҳо барои мошини электронии ҳисоббарор (минбаъд-МЭҲ), ки бо ёрии он дастрасии электрони ба маводи манбаи маълумот амали мегардад, дахл надорад ;
...