Қарор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 105 "Дар бораи тасдиқи ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва баррасии ҳаматарафаи масъалаҳои дуҷониба"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва баррасии ҳаматарафаи масъалаҳои дуҷониба

Бо мақсади инкишоф ва таъмини минбаъдаи ҳамкори бо Ҷумҳурии Қирғизистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қисми тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва баррасии ҳаматарафаи масъалаҳои дуҷониба дар ҳайати зерин тасдиқ карда шавад:

- Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси қисми тоҷикистонии комиссия;

- Муовини вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси комиссия.

Аъзои комиссия:

- Мудири шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Муовини аввали вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Муовини вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Муовини вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Муовини вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Муовини раиси Кумитаи давлатии ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Муовини раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Муовини раиси вилояти Суғд;

- Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;

- Муовини раиси Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон "Тоҷикматлубот"

- Сардори раёсати муносибатҳо бо мамлакатҳои ИДМ-и Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби масъули Комиссия.

2. Ба Раиси қисми тоҷикистонии Комиссияи байниҳукумати ваколат дода шавад, ки бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати иштироккунандагонро аз рӯи масъалаҳои дар ҷаласаҳо баррасишаванда муайян намояд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2000 № 107 "Дар бораи тасдиқи ҳайати бахши тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва баррасии ҳаматарафаи масъалаҳои дуҷониба" беътибор дониста шавад.

4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Қирғизистонро аз қарори мазкур огоҳ созад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

аз 3 марти соли 2006 № 105

ш. Душанбе