ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи андозаи хироҷҳои гумруӣ барои хизматрасонии гумрукӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.07.2006с. № 319, аз 02.12.2008с. № 613, аз 3.03.2011с. № 137, аз 20.04.2021 № 176, аз 30.03.2024 № 205)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.07.2006с. № 319, аз 02.12.2008с. № 613, аз 3.03.2011с. № 137, аз 20.04.2021 № 176, аз 30.03.2024 № 205)
Мутобиқи моддаи 348 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Андозаи хироҷҳои гумруки замимагардида барои хизматрасонии гумрукӣ тасдиқ, карда шаванд.
2. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 декабри соли 2005 № 472
ш. Душанбе
аз 2 декабри соли 2005 № 472
...
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи андозаи хироҷҳои гумруӣ барои хизматрасонии гумрукӣ
Мутобиқи моддаи 348 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Андозаи хироҷҳои гумруки замимагардида барои хизматрасонии гумруки тасдиқ, карда шаванд.
2. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 декабри соли 2005 № 472
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" марти соли 2011 № 137
Андозаи хироҷҳои гумрукӣ барои хизматрасонии гумрукӣ
+------------------------------------------------+-------------------+
| Номгӯи хизматрасонии гумрукӣ |Андозаи хироҷҳои |
| | гумрукӣ |
+------------------------------------------------+-------------------+
|1. Хироҷи гумрукӣ барои барасмиятдарории |10 доллари ИМА |
|гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёте, ки арзиши |20 доллари ИМА |
|гумрукиаш чунин микдорро ташкил медиҳад: |70 доллари ИМА |
|-то 5001-долл. ИМА |150 доллари ИМА |
|-аз 5001 то 10001 долл. ИМА |450 доллари ИМА |
|-аз 10001 то 50001 долл. ИМА | |
|-аз 50001 то 100001 долл. ИМА | |
|-аз 100001 доллари ИМА ва зиёда аз он | |
+------------------------------------------------+-------------------+
|2. Хироҷ барои мушоияти гумрукии мол барои як ё |2 доллари ИМА |
|якчанд воситаҳои нақлиётии ибората аз як | |
|колонна (барои 10 км). | |
+------------------------------------------------+-------------------+
|3. Хироҷ барои нигаҳдории мол дар анборҳои | |
|мақомоти гумрук: | |
|- воситаҳои нақлиёт, барои як воҳид дар як |0,5 доллари ИМА |
|шабонарӯз | |
|-молҳо, барои 50 кг дар як шабонарӯз |0,01 доллари ИМА |
+------------------------------------------------+-------------------+
|4. Хироҷи гумрукӣ барои додани шаҳодатномаи |50 доллари ШМА |
| тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи | |
| гумрукӣ | |
+------------------------------------------------+-------------------+
Эзоҳ: Маблағи хироҷҳои гумрукии бо доллари ИМА ҳисобшаванда бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи барасмиятдарории ордери хазинавии гумрукӣ, қабули эъломияи бори гумрукӣ ё иҷозати мол аз тарафи мақомоти гумрукӣ супорида мешавад.