ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ХУСУСИИ ТИББӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 "Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, №11, мод. 663) тағйироти зайл ворид карда шавад:
1. Моддаи 6 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 6. Иҷозатномадиҳии фаъолияти хусусии тиббӣ
Фаъолияти хусусии тиббӣ дар асоси иҷозатнома (литсензия) амалӣ карда мешавад.
Иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти хусусии тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад.".
2. Моддаи 7 хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
26 декабри соли 2005 № 119