Низомномаи танзими пардохти музди меҳнати роҳбарони корхонаҳои давлатӣ ҳангоми бо онҳо бастани шартномаҳои /қарордодҳои/ меҳнатӣ аз 21 феврали соли 1996, № 77

Санаи амалкуни: 31.12.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 феврали соли 1996,

№ 77 тасдиқ шудааст

Бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 феврали соли 1996,

№ 77 тасдиқ шудааст

Низомномаи танзими пардохти музди меҳнати роҳбарони корхонаҳои давлатӣ ҳангоми бо онҳо бастани шартномаҳои /қарордодҳои/ меҳнатӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794)

1. Низомномаи мазкур пардохти музди меҳнати роҳбарони корхонаҳои давлатиро танзим менамояд.

2. Музди меҳнати роҳбар аз ҳисоби маоши хизматӣ ва пардохтҳо аз рӯи Низомномаи мукофотпулӣ /мукофотпулии ҷорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаолияти хоҷагӣ, мукофотпулиҳои махсус ва ғайра/, ки аз ҷониби молик тасдиқ ва мувофиқа шудааст, ташаккул меёбад.

3. Маоши хизматии роҳбарон вобаста ба андозаи ставкаи тарифии дараҷаи I коргари касби асосӣ, ки дар Корхонаи мазкур дар асоси шумораи кормандон аз рӯи рӯйхат муайян гардидааст, ба таври инфиродӣ муқаррар карда мешавад:

ЭЗОҲ: Андозаи маоши хизматӣ дар ҳудудҳои зикргардида вобаста ба мушкилии истеҳсолот аз ҷониби роҳбари мақоме, ки ба он ҳуқуқи молик додашудааст, танзим мегардад.

4. Маблағи мукофотпулӣ аз рӯи натиҷаҳои соли ҳисоботӣ аз ҳисоби ҳисаҷудокунӣ аз фоида, ки ба фонди ҳавасмандкунии моддӣ интиқол дода мешавад, муқаррар мегардад. Андозаи мукофотпулӣ аз рӯи натиҷаҳои сол бо дарназардошти собиқаи кори роҳбар дар Корхона ва саҳми меҳнатии ӯ /давраи кори воқеӣ/ пардохта мешавад. Барои пардохти мукофотпулӣ аз рӯи натиҷаҳои сол мақоме иҷозат медиҳад, ки дорои ҳуқуқи молик буда, бо он қарордод /шартнома/ баста шудааст.

Мукофотпулӣ аз рӯи натиҷаҳои сол пас аз супоридани ҳисоботи муқарраргардидаи Корхона пардохта мешавад.

5. Хусусиятҳои истифодаи Низомномаи мазкур дар соҳаҳои алоҳида бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794).

...

УТВЕРЖДЕНО

постановлением Правительства 

Республики Таджикистан

от 21 февраля 1996 г. N 77

УТВЕРЖДЕНО

постановлением Правительства 

Республики Таджикистан

от 21 февраля 1996 г. N 77

Положение регулировании оплаты труда руководителей государственных предприятий при заключении с ними трудовых договоров (контрактов)

(в редакции постановления Правительства РТ от 31.12.2014г. №794)

(в редакции постановления Правительства РТ от 31.12.2014г. №794)

1. Настоящее Положение регулирует оплату труда руководителей государственных предприятий.

2. Оплата труда руководителя формируется из должностного оклада и выплат по утвержденному и согласованному с собственником Положения о премировании (текущая премия по итогам хозяйственной деятельности, специальным премиям и др.).

3. Должностные оклады руководителей устанавливаются индивидуально в зависимости от величины тарифной ставки 1 разряда рабочего основной профессии, определенной на данном предприятии, в зависимости от списочной численности работников:

до 100 до 10

до 100 - 1000 до 12

1000- 5000 до 16

свыше 5000 до 20

...