Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ҷорӣ намудани тартиби бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа
Бо мақсади ба амал баровардани чорабиниҳои Консепсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва ҷорӣ намудани системаи ҷамъоварии маълумоти оморӣ доир ба соҳаи муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Варақаи замимагардидаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа тасдиқ ва аз 1 январи соли 2004 дар амал ҷорӣ карда шавад.
2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп кардани Варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷаро аз ҳисоби маблағҳое, ки барои Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2003 ҷудо шудаанд, ба амал барорад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 сар карда, дар буҷети Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани маблағҳои барои чопи ҳарсолаи шумораи лозимии Варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷаро пешбинӣ намояд.
4. Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ овардани Варақаи бақайдгирии мухоҷиратиро аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз нуқтаҳои гузариши Сарҳади давлатӣ ба хориҷа мераванд, таъмин намояд.
5. Вазифаи ҷамъбасти автоматикунонидашудаи маълумотҳо ба воситаи Варақаи бақайдгирин муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, ҷамъоварӣ ва пешниҳоди он ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муайяншуда, ба зиммаи Хадамоти давлатии мухоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 6 июни соли 2003 № 264
ш. Душанбе
аз 6 июни соли 2003 № 264
...