Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 378 "Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа"

Санаи амалкуни: 02.07.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 622, аз 1.08.2011 № 383, аз 7.08.2014 № 532, аз 2.07.2015 № 447)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 622, аз 1.08.2011 № 383, аз 7.08.2014 № 532, аз 2.07.2015 № 447)

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа ва Варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 447).

2. Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсус, тайёр намудани шумораи зарурии варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷаро таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 622, аз 1.08.2011 № 383, аз 7.08.2014 № 532).

3. Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварии варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷаро дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 622, аз 1.08.2011 № 383, аз 7.08.2014 № 532, аз 2.07.2015 № 447).

4. Андӯхт ва ҷамъбасти автоматикунонидашудаи маълумоти тавассути варақаҳои бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа ҷамъоваришуда ва пешниҳоди ҳисоботи оморӣ аз рӯи шакли тасдиқгардида ба зиммаи Агентии давлатии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 622, аз 1.08.2011 № 383, аз 7.08.2014 № 532, аз 2.07.2015 № 447).

5. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба танзим даровардани масъалаҳои муҳоҷирати шаҳрвандон дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 622, аз 1.08.2011 № 383, аз 7.08.2014 № 532, аз 2.07.2015 № 447).

6. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ифтитоҳи нуқтаҳои баҳисобгирии муҳоҷиратӣ, ҷудо намудани утоқҳои корӣ ва таҷҳизот мусоидат намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 622, аз 1.08.2011 № 383, аз 7.08.2014 № 532, аз 2.07.2015 № 447).

- Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани низоми электронии баҳисобгирии рафту омади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили махзани ягонаи иттилоотӣ чораҷӯӣ намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 447).

7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003 № 264 "Дар бораи ҷорӣ намудани тартиби бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об учете миграции граждан Республики Таджикистан за рубеж и возвращения из-за рубежа

(в редакции Постановления Правительства РТ от 31.10.2009г.№622, от 01.08.2011г.№383, от 07.08.2014г.№532,от 02.07.2015г.№447)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 31.10.2009г.№622, от 01.08.2011г.№383, от 07.08.2014г.№532,от 02.07.2015г.№447)

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Утвердить Правила учета миграции граждан Республики Таджикистан за рубеж и возращения из-за рубежа и Карточки миграционного учета граждан Республики Таджикистан (приложения 1 и 2) (в редакции постановления Правительства РТ от 02.07.2015г.№447)

2. Миграционной службе Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан за счет специальных средств обеспечить изготовление необходимого количества бланков карточек учета внешней миграции граждан Республики Таджикистан (в редакции Постановления Правительства РТ от 01.08.2011г.№383, от 07.08.2014г.№383).

3. Миграционной службе Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан совместно с Главным управлением пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан обеспечить сбор карточек учета миграции граждан Республики Таджикистан за рубеж и возвращения из-за рубежа в пунктах пропуска через Государственную границу (в редакции Постановления Правительства РТ от 01.08.2011г.№383, 07.08.2014г.№532).

4. Сбор и автоматизированное обобщение информации, собираемой посредством карточек учета миграции граждан Республики Таджикистан за рубеж и возвращения из-за рубежа и представление статистических отчетов по утвержденной форме в Агентство по статистике при Президенте  Республики Таджикистан, возложить на Миграционную службу Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан (в редакции Постановления Правительства РТ от 01.08.2011г.№383, 07.08.2014г.№532, от 02.07.2015г.№447).

5. Государственному комитету национальной безопасности Республики Таджикистан и Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан оказывать содействие Миграционной службе Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан по урегулированию вопросов миграции граждан в аэропортах, железнодорожных вокзалах и пунктах пропуска через Государственную границу (в редакции Постановления Правительства РТ от 01.08.2011г.№383, от 07.08.2014г.№532).

6. Министерству транспорта Республики Таджикистан, Открытому акционерному обществу "Международный аэропорт Душанбе", Открытому акционерному обществу "Международный аэропорт Худжанд", Открытому акционерному обществу "Международный аэропорт Курган-тюбе" и Открытому акционерному обществу "Международный аэропорт Куляб"  и Государственному унитарному предприятию "Таджикская железная дорога" оказывать содействие Миграционной службе Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в открытии пунктов миграционного учёта, выделении служебных помещений и оборудования (в редакции Постановления Правительства РТ от 01.08.2011г.№383, от 07.08.2014г.№532, от 02.07.2015г.№447).

- Главному управлению пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан и Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан принять меры по внедрению электронной системы учета въезда и выезда граждан Республики Таджикистан посредством пропуска через Государственную границу Республики Таджикистан и организации единой информационной базы (в редакции постановления Правительства РТ от 02.07.2015г.№447).

7. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 6 июня 2003 года № 264 "О введении порядка учета внешней миграции граждан Республики Таджикистан.

Председатель Правительства

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

...