Низомнома оид ба минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои вуруд, истиқомати муваққатӣ ва буду бош, рафту омад, иҷрои корҳо, баҳисобгирӣ ва таъминоти киштиҳои дарёгард дар минтақаи сарҳадӣ аз 6 июни соли 2003, № 251

Санаи амалкуни: 02.02.2009

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 июни соли 2003 № 251

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 июни соли 2003 № 251

тасдиқ шудааст

Низомнома оид ба минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои вуруд, истиқомати муваққатӣ ва буду бош, рафту омад, иҷрои корҳо, баҳисобгирӣ ва таъминоти киштиҳои дарёгард дар минтақаи сарҳадӣ

(Қарор аз 02.02.2009с. № 88)

(Қарор аз 02.02.2009с. № 88)

Ин Низомнома ҳудуди минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадиеро муайян менамояд, ки бо мақсади таъмини муҳофизати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қоидаҳои вуруд, истиқомати муваққатӣ, буду бош, рафту омад, иҷрои корҳо, ба ҳисоб гирифтан ва таъминоти киштиҳои дарёгардро дар минтақаи сарҳадӣ ба низом медарорад (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

1. Тартиби муқаррар кардани минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадӣ

1.1. Минтақаи сарҳадӣ дар ҳудуди маъмурии шаҳр, ноҳия, деҳкада ва деҳаҳое муқаррар карда мешавад, ки дар шафати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд.

Ба минтақаи сарҳадӣ инчунин қисми дар қаламрави Тоқикистон будаи дарёҳо, кӯлҳо, ҳавзаҳои дигари об ва ҷазираҳои дар онҳо буда дохил мешаванд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

1.2. Рӯйхати ҳудуди шаҳрҳо, ноҳияҳо, деҳкадаҳо ва деҳаҳоеро, ки минтақаи сарҳадӣ аз ҳудуди онҳо мегузарад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

1.3. Хорич карда шуд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

Банди 1.4.-1.9. мутаносибан бандҳои 1.3.-1.8. ҳисобида шаванд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

...

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 июни соли 2003 № 251

тасдиқ шудааст

Низомнома оид ба минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои вуруд, истиқомати муваққатӣ ва буду бош, рафту омад, иҷрои корҳо, баҳисобгирӣ ва таъминоти киштиҳои дарёгард дар минтақаи сарҳадӣ

(Қарор аз 02.02.2009с. № 88)

Ин Низомнома ҳудуди минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадиеро муайян менамояд, ки бо мақсади таъмини муҳофизати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қоидаҳои вуруд, истиқомати муваққатӣ, буду бош, рафту омад, иҷрои корҳо, ба ҳисоб гирифтан ва таъминоти киштиҳои дарёгардро дар минтақаи сарҳадӣ ба низом медарорад (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

1. Тартиби муқаррар кардани минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадӣ

1.1. Минтақаи сарҳадӣ дар ҳудуди маъмурии шаҳр, ноҳия, деҳкада ва деҳаҳое муқаррар карда мешавад, ки дар шафати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд.

Ба минтақаи сарҳадӣ инчунин қисми дар қаламрави Тоқикистон будаи дарёҳо, кӯлҳо, ҳавзаҳои дигари об ва ҷазираҳои дар онҳо буда дохил мешаванд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

1.2. Рӯйхати ҳудуди шаҳрҳо, ноҳияҳо, деҳкадаҳо ва деҳаҳоеро, ки минтақаи сарҳадӣ аз ҳудуди онҳо мегузарад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

1.3. Хорич карда шуд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

Банди 1.4.-1.9. мутаносибан бандҳои 1.3.-1.8. ҳисобида шаванд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

1.4. Хати сарҳадӣ ҷузъи таркибии минтақаи сарҳадӣ буда, бевосита дар шафати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаҳои хушкигарди он ё қад-қади дарёҳои сарҳадӣ, кӯлҳо ва ҳавзаҳои дигари об муқаррар карда мешавад ва дарозии бари он то 2 километр мебошад.

Вобаста ба хусусияти муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамҳудуд дар баъзе минтақаҳои алоҳидаи Сарҳади давлатӣ хати сарҳадӣ эҳтимол муқаррар карда нашавад.

1.5. Бо мақсади роҳ надодан ба паҳн гардидани бемориҳои сирояткунанда тавассути Сарҳади давлатӣ дар минтақаҳои шафати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои карантинӣ бунёд карда мешаванд, ки дар он нигоҳ доштан ва чарондани чорво манъ аст. Бари минтақаи карантинӣ, тартиби бастани атрофи он ва қоидаҳои ветеринарию санитарии он аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқа ба Қӯшунҳои сарҳадӣ муайян карда мешавад.

1.6. Ҳудуди минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадӣ аз тарафи Қӯшунҳои сарҳадӣ бо мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо аломатҳои огоҳкунанда муайян карда мешаванд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

Ҳудуди минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадиро бо назардошти шароити маҳаллӣ бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бо мувофиқа бо Қӯшунҳои сарҳадӣ кам кардан мумкин аст (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

1.7. Дар минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадӣ ба ҷобаҷокунии шифохонаҳои бемориҳои рӯҳу асаб ва муассисаҳои ислоҳоти меҳнатӣ роҳ дода намешавад.

1.8. Дар даромадгоҳҳои минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадӣ аломатҳои огоҳкунанда гузошта мешаванд.

1.9. Дар минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадӣ тартиботи сарҳадӣ муқаррар карда мешавад, ки қоидаҳои дохил гардидан, гузаштан, буду боши муваққатӣ, рафту омади шахсон ва воситаҳои нақлиётро дар минтақаи сарҳадӣ, фаъолияти хоҷагӣ, ҳунармандӣ ва гузаронидани намуди дигари чорабиниҳои оммавии ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ, ба роҳ мондани фаъолияти тадқиқотӣ, ҷустуҷӯӣ ва навъҳои дигари фаъолиятро дар қисми Тоҷикистонии оби дарёҳои сарҳадӣ, кӯлҳо ва ҳавзаҳои дигари об танзим менамояд.

2. Қоидаҳои вуруд, буду боши муваққатӣ, истиқомат ва рафту омади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигар ба минтақаи сарҳадӣ

Бандҳои 2.1.-2.16. хорич карда шуданд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

Бандҳои 2.17.-2.20. мутаносибан бандҳои 2.1.-2.4. ҳисобида шаванд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

2.17. Вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба минтақаи сарҳадӣ бе розигии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти корҳои дохилӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар раводид ва шаҳодатномаҳо оид ба даъвати онҳо маҳалҳои дар минтақаи сарҳадӣ воқеъбуда зикр шудаанд, манъ карда мешаванд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

2.18. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, бо роҳҳои транзитӣ аз минтақаи (хати) сарҳадӣ гузаркунанда, ки барои убури сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарнома гирифтаанд, иҷозат дода мешавад, ки мувофиқи ҳуҷҷатхои тасдиқкунандаи шахсияташон бо поездҳо ва ҳавопаймоҳо, киштиҳо ва автобусҳо сарҳади давлатиро убур намоянд. Чунин шахсон ҳақ надоранд дар маҳалҳои минтақаи сарҳадӣ, ки тавассути онҳо бо роҳи транзитӣ мегузаранд, таваққуф намоянд ба истиснои шароити ночорӣ ва иҷборӣ, ки онҳо бояд дар ин бора сари вақт ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳанд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

2.19. Ба ҳудуди минтақаи сарҳади ва ҷойҳое, ки минтақаи сарҳадӣ муқаррар карда нашудааст, ба ҳудуди ноҳияҳо ва шаҳрҳои маъмурии ҳамшафати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани шахсоне, ки шартан аз озодӣ маҳрум шудаанд ё шартан аз ҳабс озод гардида ба корҳои маҷбурӣ фиристода шудаанд мувофиқи тартиботи муқаррарнамудаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври истисно (беморӣ, вафоти падару модар ва хешу таборонашон) бо розигии мақомот ва кӯшунҳои дахлдори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

2.20. Ҳамаи шахсони ба минтақаи сарҳадӣ дохил шаванда вазифадоранд, ки баробари ба маҳали таъиншуда омаданашон ҳуҷҷатҳояшонро барои ба қайд гирифтан пешниҳод намоянд.

Бандҳои 2.21.-2.23. хорич карда шуданд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

Бандҳои 2.24.-2.29. мутаносибан бандҳои 2.5.-2.10. ҳисобида шаванд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

2.24. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мувофиқа бо Қӯшунҳои сарҳадӣ маҳалҳои истироҳатӣ, шиноварӣ, минтақаҳои моҳигирӣ, мавқеъҳои шиноварӣ дар киштиҳои хурд ва тартиби иҷозат додан ба дарёҳо, обанбор ва кӯлҳое, ки аз тарафи Қӯшунҳои сарҳадӣ муҳофизат карда мешаванд, инчунин тартиби муҷаҳҳаз сохтан ва истифода бурдани маҳалҳои мазкурро муайян менамоянд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

2.25. Дар ҳудуди минтақаи сарҳадӣ ва дар ҷое, ки миктақаи сарҳадӣ муқаррар нашудааст, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо, деҳкада ва деҳаҳои шафати сарҳади давлатӣ ё дар соҳили дареҳо, кӯлҳо ва ҳавзаҳои дигари обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ муҳофизат мекунанд метавонад амалиётҳои зерин иҷро шавад;

- парвози ҳамаи навъҳои ҳавопаймоҳо, аз хаво акс бардоштан, гузаронидани корҳои геодезию топографӣ - бо иҷозати Вазорати мудофиа;

- гузаронидани ҷустуҷӯҳои геологӣ, гидротехникӣ, ҷустуҷӯҳо оид ба роҳ инчунин корҳои геологӣ, гидротехникӣ, роҳ ва корҳои дигар, ки вобаста ба тағьир ёфтани режими истифодаи оби дарёҳҳои сарҳадӣ, кӯлҳо ва хавзаҳои дигари обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин аксбардорӣ ва наворгирии маҳалли минтақаи сарҳадӣ - бо иҷозати Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

2.26. Гузаштани шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт ба минтақаи сарҳадӣ мувофиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаашон амалӣ мегардад.

Қӯшунҳои сарҳадӣ маҳалҳои дохил шудан, гузар кардан, роҳҳои рафту омад, мӯҳлати истиқомат ва шартҳои дигари буду боши шахсон ва воситаҳои нақлиётро дар минтақаи сарҳадӣ муқаррар менамоянд.

2.27. Шахсоне, ки дар ҳудуди минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадӣ қарор доранд бояд ҳамроҳи худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва ҳуҷҷатҳое, ки ба онҳо ҳуқуқи ба минтақаи сарҳади ва хати сарҳадӣ ворид шудан медиҳад, дошта бошанд, онҳоро бо талаби хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва аъзои дружинаҳои ихтиёрӣ, ки ба Қӯшунҳои сарҳадӣ кӯмак мерасонанд пешниҳод намоянд, дар бораи зарурати ҳузурашон дар минтақаи мазкур маълумоти зарурӣ диҳанд.

2.28, Тафтиши ҳуҷҷатҳои марбути ворид шудани шахсон ба минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадӣ, ки бо нақлиёти ҷамъиятӣ ва дарёгард ба минтақаи сарҳадӣ ворид гардида, бо ҳамин навъҳои нақлиёт дар ҳудуди минтақаи сарҳадӣ ҳаракат мекунанд аз тарафи кормандони воситаҳои нақлиётӣ ба анҷом расонида мешавад.

2.29. Муассиса ва ташкилотҳои нақлиётӣ ба мусофироне, ки бо нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ, дарёгард ва ҳавои то истгоҳҳо, бандарҳо ва майдонҳои ҳавоии минтақаи сарҳадӣ мераванд, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияташон ва рухсатномаи ҳуқуқи ворид гардидан ба минтақаи сарҳадӣ, ки мақомоти корҳои дохилӣ додааст ё ҳуҷҷатҳои дигари дахлдор, ки барои бе рухсатнома ба минтақаи сарҳадӣ ворид шудан ҳуқуқ медиҳанд, чипта ва роҳхатҳои хизматӣ мефурӯшанд.

3. Ба ҳисоб гирифтан ва таъминоти киштиҳои хурд ва худрав дар бандарҳо, бандаргоҳҳо ва марказҳои дигари ҷойгиршавии киштиҳо, рафту омади онҳо дар қисми тоҷикистонии оби дарёҳо, кӯлҳо ва ҳавзаҳои дигари обии минтақаи сарҳадӣ

3.1. Дар ҳудуди минтақаи сарҳадӣ, инчунин дар ҳудуди ноҳияҳо, шаҳрҳо, деҳкадаҳо ва деҳаҳои шафати сарҳади давлатй ё соҳили дарёҳои сарҳадӣ, ки аз тарафи Қӯшунҳои сарҳадӣ муҳофизат карда мешаванд дар он ҷойҳое, ки минтақаи сарҳадӣ муқаррар карда нашудааст, киштиҳои моҳигирӣ, шикорӣ, илмию тадқиқотӣ, варзишӣ, хурдандоза ва киштиҳои дигари худраву идорашавандаи корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо, колхозу совхозҳо ва шахсони алоҳида ғайр аз ба қайдгирии муқаррар шуда дар мақомоти дахлдор, ки аз болои ин киштиҳо назорат мекунад бояд дар қисми наздиктарини Қӯшунҳои сарҳадӣ ба қайд гирифта шуда дар ин бора дар ҳуҷҷатҳои соҳибони онҳо мӯҳри махсус гузошта шавад (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

3.2. Киштиҳои моҳигирӣ, шикорӣ, илмию тадқиқотӣ, варзишӣ, хурдандоза ва киштиҳои дигари худраву идорашавандаи корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо, колхозу совхозҳо ва шахсони алоҳида дар бандарҳо, бандаргоҳҳо ва марказҳои дигари дар минтақаи сарҳадӣ буда, инчунин дар ҳудуди щаҳру ноҳия, деҳкада ва деҳаҳои шафати Сарҳади давлатӣ ё соҳили дарёҳое, ки аз тарафи Қӯшунҳои сарҳадӣ муҳофизат карда мешаванд ва дар ҷое, ки минтақаи сарҳадӣ муқаррар карда нашудааст ба қайд гирифта мешаванд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

3.3. Соҳибони киштиҳо вазифадоранд, ки барои шинохти ин киштиҳо дар ҷои аз ҳаво намоёни киштиҳо аломатҳои фарқкунанда гузошта, дар паҳлӯяш рақами онҳоро сабт намоянд.

3.4. Тартиби таҷҳизондан ва ифода намудани бандарҳо, бандаргоҳҳо ва нуқтаҳои ҷойгиршавии киштиҳо, инчунин тартиби ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳоро барои шино кардани киштиҳо дар дарёҳо, кӯлҳо ва ҳавзаҳои дигари обии минтақаи сарҳадӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи пешниҳодоти ташкилоту муассисаҳои манфиатдор бо мувофиқа бо Қӯшунҳои сарҳадӣ муайан карда мешавад (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

Шахсон ва ташкилоту муассисаҳои манфиатдор вазифадоранд, ки таҷҳизонии бандарҳо, бандаргоҳҳо ва нуқтаҳои ҷойгиршавии киштиҳо инчунин муҳофизат ва алоқаи онҳоро бо Қӯшунҳои сарҳадӣ таъмин намоянд.

Қабули шаҳрвандон ба кор, ки ба муҳофизати ҳамин объектҳо иртибот дорад бо командири қисми ҳарбии сарҳадӣ мувофиқа карда мешавад.

3.5. Моҳигирони ҳаваскор, саёҳон ва варзишгарон ба соҳили дарё танҳо рӯзона мувофиқи рухсатномаи хаттии командири қисми ҳарбии сарҳадӣ рафта метавонанд. Сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо иҷозати командири қисми ҳарбии сарҳадӣ ва муовинони он бо киштиҳои хурдандозаи худрав ва идорашаванда танҳо рӯзона шино карда, бояд то торик шудани ҳаво ба бандарҳо, бандаргоҳҳо ва нуқтаҳои ҷойгиршавии киштиҳо баргарданд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

3.6. Нигоҳ доштани киштиҳои хурдандозаи худрав ва идорашаванда берун аз ҳудуди бандарҳо, бандаргоҳҳо ва нуқтаҳои ҷойгиршавии киштиҳо чун вайрон кардани қоидаҳои нигоҳ доштани онҳо, инчунин аз соҳил дур рафтан ё ба соҳили аз бандарҳо, бандаргоҳҳо ва нуқтаҳои ҷойгиршавии киштиҳо берун истодани киштиҳо манъ аст (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

Берун аз минтақаи муқарраршуда ва ҷойҳои дигари махсус ҷудо кардашуда фаровардан ва савор кардани шахсон, бор кардан ё фаровардани бори киштиҳо манъ аст ба истиснои ҳодисаҳои рух додани фалокат ё садама.

3.7. Киштиҳои хурдандозаи худрав ва идорашаванда, ки бо онҳо шахрвандон ба минтақаи оби дарёҳо, кӯлҳо ва ҳавзаҳои дигари обии аз тарафи Қӯшунҳои сарҳадӣ муҳофизатшаванда меоянд, дар Қӯшунҳои сарҳадӣ аз тарафи соҳибонашон муваққатан ба қайд гузошта шуда, бояд дар бандарҳо, бандаргоҳҳо ва нуқтаҳои ҷойгиршавии муқарраргардида нигоҳ дошта шаванд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

4. Қоидаҳои вуруд ба минтақаи сарҳадӣ ва иҷрои корҳо дар он

4.1. Барои вуруд, истиқомати муваққатӣ, буду бош ва иҷрои корҳо дар минтақаи сарҳадӣ аз тарафи Қӯшунҳои сарҳадӣ рухсатнома дода мешавад.

Дар мавридҳои зарурӣ онҳо вақт ва мӯҳлати буду бош, вуруд ва иҷрои корҳоро дар хати сарҳадӣ маҳдуд карда метавонанд.

4.2. Шахсоне, ки дар минтақаи хати сарҳадӣ ва маҳалҳои дар байни сарҳади давлатӣ ва хати монеаҳои инженерии Қӯшунҳои сарҳадӣ воқеъ буда ба таври доимӣ зиндагӣ намекунанд, танҳо дар мавриди ба вуҷуд омадани зарурати иҷрои корҳо ва сафарҳои хидматӣ ба он ҷо роҳ дода мешаванд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

Тартиби додани рухсат ва истиқомати муваққатии шахсон, инчунин тартиби истифодабарии об, иҷрои корҳои кишоварзӣ ва корҳои дигарро дар он ҷойҳо Қӯшунҳои сарҳадӣ бо мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар менамоянд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

4.3. Постгоҳи сарҳадӣ дар ҳудуди қитъаи таҳти назораташ буда даромаду баромади шахсонро ба минтақаи хати сарҳадӣ ва паси монеаҳои инженерию техникӣ инчунин буду бош ва ҳаракати онҳоро дар ин маҳалҳо назорат мекунад.

4.4. Рухсат ба гузаштани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи хати сарҳадӣ ва паси хати монеаҳои инженерию техникӣ аз тарафи постгохҳои сарҳадӣ дар ҳама ҳолат дар асоси иҷозати хатии командири қисми ҳарбии сарҳадӣ, сокинони маҳалаҳои сарҳадӣ - командири қисми ҳарбӣ ва муовинони ӯ дар ҷойҳои қатьиян муайян шуда, дар вақти муайян мувофиқи дархости роҳбарони корхонаю муассиса, ташкилот ва колхозу совхозҳо дода мешавад.

4.5. Рафту омади шаҳрвандон дар хати сарҳад берун аз маҳалҳои дар иҷозатномаи онҳо нишондодашуда ва берун аз роҳу пайраҳаҳои муқарраргардида манъ карда мешавад.

4.6. Барои рафту омад дар ҷойҳои зикргардида ташкилотҳои манфиатдор бо мувофиқа ба Қӯшунҳои сарҳадӣ роҳу пайраҳаҳо сохта, ба онҳо нигоҳубин менамоянд.

4.7. Тартиби фаъолияти хоҷагӣ ва иҷрои корҳои дигарро дар хати сарҳадӣ Қӯшунҳои сарҳадӣ бо мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба истиснои кор дар сохтмонҳое, ки мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, анҷом дода мешаванд, иншоотҳои дорои аҳамияти мудофиавӣ, корҳои марбут ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва тадбирҳои мубориза ба муқобили бемориҳои хавфноки сирояткунанда ва халалдор гардидани муҳити экологӣ, ки бо мувофиқа бо Қӯшунҳои сарҳадӣ мегузаранд, муқаррар менамояд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

4.8. Шикор дар хати сарҳадӣ манъ аст.

Чаронидани чорво дар хати сарҳадӣ дар ҷойҳои махсуси бо ин мақсад ҷудокардашуда, дар мавриди вуҷуд доштани шароити мӯътадил дар ноҳияҳои ҳамшафати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қаламрави мамлакати ҳамсоя иҷозат дода мешавад.

Корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандоне, ки чорвои худро дар минтақаи сарҳадӣ мечаронанд, атрофии ин чарогоҳҳоро панҷара мегиранд.

Чорвои хонагие, ки дар хати сарҳадӣ чаронида мешавад, бояд дар назорати доимии камаш ду нафар бошад.

4.9. Роҳбарони корхонаю муассиса ва ташкилотҳо бояд ба ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар бораи маҳал, вақт ва хусусияти корҳои дар хати сарҳадӣ ба нақшагирифташуда хабар дода риояи тартиботи дар сарҳад муқараршударо аз тарафи коргарон таъмин намоянд.

4.10. Дар мавриди муташанниҷ гардидани вазъияти сарҳади давлатӣ Қӯшунҳои сарҳадӣ дар хати сарҳадӣ ва маҳалҳои мобайни сарҳади давлатӣ ва хати монеаҳои инженерию техникӣ маҳдудиятҳои зеринро ҷорӣ карда метавонанд:

- пурра манъ кардан ё қисман маҳдуд намудани вуруди аҳолӣ ба хати сарҳадӣ;

- маҳдуд намудани минтақаи иҷрои корҳо, чаронидани чорво ва фаъолиятҳои дигар;

- манъ кардани рафту омади киштиҳо дар қисми Тоҷикистонии оби дарёҳо, кӯлҳо ва ҳавзаҳои дигари об;

- кам кардани вақти буду боши аҳолӣ дар наздикии сарҳад;

- манъ кардани рафту омади шахсон дар роҳҳои хати сарҳадӣ, инчунин ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои дигар боназардошти шароити дар минтақаи сарҳадӣ баамаломада.

5. Масъулияти вайрон кардани қоидаҳои вуруд, истиқомат ва рафту омад дар минтақаи сарҳадӣ, хати сарҳадӣ ва тартиби кори гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ

5.1. Шахсоне, ки қоидаҳои вуруд ба минтақаи сарҳадӣ, истиқомат, рафту омад ё бақайдгириро дар минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадӣ риоя намекунанд ва дағалона вайрон кардаанд, мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

5.2. Мансабдороне, ки ба фурӯши чиптаҳо ба мусофирон бе ҳуҷҷатҳои дахлдори вуруд ба минтақаи сарҳадӣ роҳ додаанд, мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дода мешаванд.

5.3. Шахсоне, ки дар вайрон кардани қоида ва тартиботи сарҳадӣ гунаҳгор мебошанд ё барои вайрон кардани онҳо кӯшиш кардаанд, мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ, маъмурӣ ва ҷавобгарии дигар кашида мешаванд,

5.4. Хорич карда шуд (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).

5.4. Масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулхонаҳои хориҷӣ, инчунин шахсони дигаре, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳуқуқи дахлнопазир за имтиёзҳо доранд бо роҳҳои дипломатӣ ҳал карда мешавад (Қарор аз 02.02.2009с. № 88).