Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009 № 88 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003 № 251"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003 №251

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003 №251 "Дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои вуруд, истиқомати муваққатӣ ва буду бош, рафту омад, иҷрои корҳо, баҳисобгирӣ ва таъминоти киштиҳои дарёгард дар минтақаи сарҳадӣ" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи шахсонеро, ки нисбат ба онҳо қоидаи низоми сарҳадӣ амал намекунад, муайян намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.".

2. Ба Низомнома оид ба минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои вуруд, истиқомати муваққатӣ ва буду бош, рафту омад, иҷрои корҳо, баҳисобгирӣ ва таъминоти киштиҳои дарёгард дар минтақаи сарҳадӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003 №251 тасдиқ гардидааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- дар муқаддима калимаҳои "сарҳади давлатӣ" ба калимаҳои "Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- аз сархати дуюми банди 1.1. калимаҳои "минтақаи обҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд;

- бандҳои 1.3., 2.1.-2.16. ва 2.21.-2.23. хориҷ карда шаванд;

- дар бандҳои 1.6, 2.24., 3.4., 4.2. ва 4.7. калимаҳои "мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ", "ҳокимияти маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд:

- банди 2.17. дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2.17. Вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба минтақаи сарҳадӣ бе розигии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти корҳои дохилӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар раводид ва шаҳодатномаҳо оид ба даъвати онҳо маҳалҳои дар минтақаи сарҳадӣ воқеъбуда зикр шудаанд, манъ карда мешаванд."

- дар бандҳои 2.18. ва 5.4. калимаҳои "бетабъа" ва "бетабаият" ба калимаи "бешаҳрванд" иваз карда шуда, аз банди 2.18. калимаҳои ", инчунин ба мусофирони" хориҷ карда шаванд;

- дар банди 2.19. калимаҳои "мақомоти дахлдори Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақомот ва кӯшунҳои дахлдори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 6 июня 2003 года №251

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Пункт 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 6 июня 2003 года №251 "Об утверждении Положения о пограничной зоне и пограничной полосе на территории Республики Таджикистан, правилах въезда, временного пребывания, проживания, передвижения, производства работ, учета и содержания водных судов в пограничной зоне" изложить в следующей редакции:

"2. Государственному комитету национальной безопасности Республики Таджикистан совместно с заинтересованными министерствами и ведомствами Республики Таджикистан определить круг лиц, в отношении которых не действуют правила пограничного режима, и представить на утверждение Правительства Республики Таджикистан.".

2. В Положение о пограничной зоне и пограничной полосе на территории Республики Таджикистан, правилах въезда, временного пребывания, проживания, передвижения, производства работ, учета и содержания водных судов в пограничной зоне, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 6 июня 2003 года  №251 , внести следующие изменения:

- в преамбуле после слов: "обеспечения на Государственной границе" добавить слова "Республики Таджикистан";

- из абзаца второго пункта 1.1. исключить слова "внутренние воды Республики Таджикистан";

- пункты 1.З., 2.1.-2.16. и 2.21.-2.23. исключить;

- в пунктах 1.6, 2.24., З.4., 4.2. и 4.7. слова "местными органами власти" заменить словами "местными органами государственной власти";

- пункт 2.17. изложить в следующей редакции:

"2.17. Въезд и пребывание в пограничной зоне иностранных граждан и лиц без гражданства без разрешения Министерства иностранных дел Республики Таджикистан и органов внутренних дел запрещается, за исключением случаев, когда во въездных визах и свидетельствах о приглашениях указаны пункты, расположенные в пограничной зоне.";

- из пункта 2.18. исключить слова ", а также пассажирам,";

- в пункте 2.19. слова "органами Министерства безопасности Республики Таджикистан и Пограничными войсками Республики Таджикистан." заменить словами "органами и войсками Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан.";

...