Низомномаи Комиссияи байниидоравии қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ аз 1 октябри соли 2004, № 386

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.04.2009с. № 207 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2004 № 386

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2004 № 386

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи байниидоравии қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ

1. Низомномаи Комиссияи байниидоравии қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикитон ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷи (минбаъд Низомнома) дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2004 № 152 "Дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравии қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ" таҳия гардидааст.

2. Комиссияи байниидоравии қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷи (минбаъд Комиссия) мақоми доимиамалкунандаи байниидоравие мебошад, ки масъалаҳои мухталифи қабули шаҳрвандони ҷумҳуриро ба муассисаҳои таълими ва илмии давлатҳои хориҷи амали ва назорат менамояд.

3. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда ва ҳамин Низомномаро мавриди роҳбари қарор медиҳад.

4. Вазифаи асосии Комиссия аз санҷиш тибқи имтиҳон ва гузаронидани сӯҳбат бо довталабон ва интихоби донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо ва доктарантҳои арзанда мебошад. Комиссия вазифадор аст, ки ҳангоми қабули донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо ва доктарантҳо талаботи ҳамаи минтақаҳои ҷумҳуриро ба кадрҳо ба инобат гирад.

5. Бо мақсади ба иҷро расонидани вазифаи асоси ба Комиссия корҳои зерин супорида мешаванд:

таҳия ва тасдиқи саволномаҳои тести ва мавзӯи сӯҳбат барои аз санҷиш гузаронидани довталабон;

тақсимоти квотаҳои мавҷуда ба минтақаҳои ҷумҳури;

ташкил ва гузаронидани имтиҳонот ва сӯҳбат барои қабули донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо ва доктарантҳо ба муассисаҳои таълими ва илмии давлатҳои хориҷи;

...

Утратило силу в редакции Постаовления Правительства РТ от 2.04.2009г. №207

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от I октября 2004года № 386

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от I октября 2004года № 386

Положение Межведомственной комиссии по приему граждан Республики Таджикистан в высшие учебные заведения зарубежных государств

1. Положение Межведомственной комиссии по приему граждан Республики Таджикистан в высшие учебные заведения зарубежных государств (в дальнейшем - Положение) разработано на основе постановления Правительства Республики Таджикистан от 25 апреля 2004 года № 152 "О создании Межведомственной комиссии по приему граждан Республики Таджикистан в высшие учебные заведения зарубежных государств".

2. Межведомственная Комиссия по приему граждан Республики Таджикистан в высшие учебные заведения зарубежных государств (в дальнейшем - Комиссия) является постоянно действующим консультативным межведомственным органом, который осуществляет и контролирует различные проблемы приема граждан республики в учебные и научные учреждения зарубежных государств.

3. Комиссия в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан и другими нормативноправовыми актами Республики Таджикистан, признанными Таджикистаном международно-правовыми актами и настоящим Положением.

4. Основной задачей Комиссии является определение и отбор достойных студентов, магистров, аспирантов и докторантов. Комиссия при приеме студентов, магистров, аспирантов и докторантов учитывает потребность регионов республики в кадрах.

5. В целях выполнения основной задачи на Комиссию возлагаются следующие функции:

разработка и утверждение тестовых вопросников и темы собеседования для проведения испытания абитуриентов;

распределение имеющихся квот по регионам республики;

организация и проведение вступительного экзамена и собеседования для приема студентов, магистров, аспирантов и докторантов в учебные и научные учреждения зарубежных государств;

...