Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2000, № 115 "Дар хусуси тасдиқ намудани Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон "Дар бораи тадбирҳои таъмини қобилияти табдилпазирии мутақобила ва суботи қурби рубли тоҷикӣ ва тангаи қазоқӣ", ки 16 декабри соли 1999 дар ш. Душанбе ба имзо расидааст"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд


бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2026 №533 аз эътибор соқит дониста шуд 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқ намудани Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон "Дар бораи тадбирҳои таъмини қобилияти табдилпазирии мутақобила ва суботи қурби рубли тоҷикӣ ва тангаи қазоқӣ", ки 16 декабри соли 1999 дар ш. Душанбе ба имзо расидааст"


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Бонки миллии Қазоқистон "Дар бораи тадбирҳои таъмини қобилияти табдилпазирии мутақобила ва суботи курби рубли тоҷикӣ ва тангаи қазоқӣ", ки 16 декабри соли 1999 дар ш. Душанбе ба имзо шудааст, тасдиқ карда шавад.

Ба Бонки миллии Тоҷкистон пешниҳод карда шавад, ки якҷоя бо вазорату идораҳо ва субъектҳои хоҷагидории манфиатдор ҷиҳати татбиқи талаботи Созишномаи мазкур, таъмиқ ва вусъат бахшидани ҳамкори бо Бонки миллии Қазоқистон оид ба таъмини қобилияти табдилпазирии мутақобила ва суботи қурби рубли тоҷикӣ ва тангаӣ қазоқи тадбирҳо андешанд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби Қазоқистонро дар хусуси аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур зарур буданд, огоҳ намояд.


Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

аз 14 марти соли 2000 № 115

ш. Душанбе

...
Утратило силу в ред. пост. Правительства РТ от 30.07.2026 №533

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О СОГЛАШЕНИИ МЕЖДУ ПРАВИТЕЛЬСТВОМ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН, НАЦИОНАЛЬНЫМ БАНКОМ ТАДЖИКИСТАНА И ПРАВИТЕЛЬСТВОМ РЕСПУБЛИКИ КАЗАХСТАН, НАЦИОНАЛЬНЫМ БАНКОМ РЕСПУБЛИКИ КАЗАХСТАН О МЕРАХ ПО ОБЕСПЕЧЕНИЮ ВЗАИМНОЙ КОНВЕРТИРУЕМОСТИ И СТАБИЛИЗАЦИИ КУРСОВ ТАДЖИКСКОГО РУБЛА И КАЗАХСТАНСКОГО ТЕНГЕ, ПОДПИСАННОГО 16 ДЕКАБРЯ 1999 ГОДА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ

Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Соглашение между Правительством Республики Таджикистан, Национальным банком Таджикистана и Правительством Республики Казахстан, Национальным банком Республики Казахстан, о мерах по обеспечению взаимной конвертируемости и стабилизации курсов таджикского рубла и казахстанского тенге, подписанного 16 декабря 1999 года в городе Душанбе.

2. Рекомендовать Национальному банку Таджикистана совместно с заинтересованными министерствами, ведомствами и хозяйствующими субъектами принять меры по реализации положений указанного Соглашения, углублению и расширению сотрудничества с Национальным банком Республики Казахстан по обеспечению взаимной конвертируемости и стабилизации курсов таджикского рубла и казахстанского тенге.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан уведомить казахстанскую сторону о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления указанного Соглашения в силу.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов

от 14 марта 2000 года № 115

г.Душанбе

...