Низомномаи ташаккул, истифода ва ҳифзи захираҳои иттилоотии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2003, № 532

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 декабри соли 2003 № 532

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 декабри соли 2003 № 532

тасдиқ шудааст

Низомномаи ташаккул, истифода ва ҳифзи захираҳои иттилоотии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкур, ки мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоот", "Дар бораи ҳифзи иттилоот" ва "Дар бораи иттилоотонӣ" таҳия шудааст, тартиби ташаккул, истифода ва ҳифзи захираҳои иттилоотии давлатиеро муқаррар менамояд, ки қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба сиррӣ давлатӣ мансуб надонистааст.

Тартиби ташаккул, истифода ва ҳифзи захираҳои иттилоотии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ мебошанд, бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор муайян мешаванд.

2. Ба захираҳои иттилоотии давлатӣ аснод ва ҷамъи асноди алоҳида, аснод ва ҷамъи аснод дар системаҳои иттилоотӣ (китобхонаҳо, бойгониҳо, фондҳо, асосҳо ва бонкҳои маълумот ва ғайра), ки моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва аз ҳисоби маблағҳои давлат ташкилу харидорӣ ва захира шудаанд, тааллуқ доранд.

Ба захираҳои иттилоотии давлатӣ инчунин захираҳои иттилоотие, ки дар асоси пешниҳоди ҳатмии иттилооти ҳуҷҷатшуда ташаккул ёфтаанд, дохил мешаванд.

3. Ҳангоми ташаккули захираҳои иттилоотӣ масъулият оид ба ташкил, истифода ва ҳифзи онҳо ба зиммаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ гузошта мешавад.

4. Захираҳои иттилоотӣ метавонанд дар асоси иттилооте, ки дар ҷараёни ҳамкории иттилоотӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҳамчунин бо шахсҳои ҳуқуқӣ ё воқеӣ дар асоси шартнома дар доираи фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ ҳангоми хизматрасонии иттилоотӣ мавриди таҳия, коркард ва андӯхт қарор мегиранд, ташаккул ёбанд.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ ҳангоми ташкил намудани корҳо оид ба ташаккул, истифода ва ҳифзи захираҳои иттилоотии давлатӣ бояд риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.

Пешниҳод ва ҷамъоварии иттилооти ҳуҷҷатшуда

...

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 5 декабря 2003 года № 532

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 5 декабря 2003 года № 532

Положение о формировании, использовании и защите государственных информационных ресурсов Республики Таджикистан

ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Настоящее Положение, разработанное в соответствии с Законами Республики Таджикистан "Об информации", "О защите информации" и "Об информатизации", устанавливает порядок формирования, использования и защиты государственных информационных ресурсов, не содержащих сведений, отнесенных действующим законодательством к государственной тайне.

Порядок формирования, использования и защиты государственных информационных ресурсов Республики Таджикистан, содержащих сведения, отнесенные к государственной тайне, определяется соответствующими нормативно-правовыми актами.

2. К государственным информационным ресурсам относятся находящиеся в собственности Республики Таджикистан отдельные документы и массивы документов, документы и массивы документов в информационных системах (библиотеках, архивах, фондах, базах и банках данных и других), созданные, приобретенные, накопленные за счёт государственных средств.

Государственные информационные ресурсы формируются на основе представления обязательного экземпляра документированной информации.

3. При формировании государственных информационных ресурсов ответственность за организацию их использования и защиты возлагается на органы государственной власти и управления.

4. Формирование информационных ресурсов может осуществляться на основе информации, создаваемой, обрабатываемой и накапливаемой в процессе информационного взаимодействия с государственными органами, а также юридическими или физическими лицами на договорной основе в рамках производственно-коммерческой деятельности при выполнении информационных услуг.

Органы государственной власти и управления при организации работ по формированию, использованию и защите государственных информационных ресурсов обязаны соблюдать законодательство Республики Таджикистан.

ПРЕДСТАВЛЕНИЕ И СБОР ДОКУМЕНТИРОВАННОЙ ИНФОРМАЦИИ

...