Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2004, № 172 "Дар бораи танзими лоиҳакашӣ ва эъмори ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, нимпайкараҳо ва сутунҳои ёдбуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи танзими лоиҳакашӣ ва эъмори ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, нимпайкараҳо ва сутунҳои ёдбуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2026 № 303)


Бо мақсади танзими лоиҳакаши ва эъмори ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, нимпайкараҳо ва сутунҳои ёдбуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳо, шахсони ҳуқуқи ва воқеии фармоишгар лоиҳакаши ва эъмори ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, нимпайкараҳо ва сутунҳои ёдбудро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати доштани хулосаи Комиссияи бадеию экспертии Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали гардонанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2026 № 303).

2. Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи лоиҳакаши ва эъмори ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, нимпайкараҳо ва сутунҳои ёдбудро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2026 № 303).


Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 30 апрели соли 2004 № 172

ш. Душанбе

аз 30 апрели соли 2004 № 172

ш. Душанбе

...

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи танзими лоиҳакашӣ ва эъмори ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, нимпайкараҳо ва сутунҳои ёдбуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади танзими лоиҳакаши ва эъмори ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, нимпайкараҳо ва сутунҳои ёдбуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳо, шахсони ҳуқуқи ва воқеии фармоишгар лоиҳакаши ва эъмори ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, нимпайкараҳо ва сутунҳои ёдбудро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати доштани хулосаи Комиссияи бадеию экспертии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амали гардонанд.

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи лоиҳакаши ва эъмори ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, нимпайкараҳо ва сутунҳои ёдбудро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 30 апрели соли 2004 № 172

ш. Душанбе