Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ аз 31 марти соли 2004, № 133

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2009с. № 129 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2004 № 133

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2004 № 133

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ

1. Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ (минбаъд Кумита) ташкилоти доимоамалкунандаи ҷамъиятӣ буда, таҳияи қарорҳои мувофиқа кардашуда ва ба роҳ мондани мусоҳибаи иҷтимоӣ бобати муайян кардан ва амалӣ гардонидани сиёсати шуғли аҳолиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

2. Дар фаъолияти худ Кумита қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

3. Вазифаҳои Кумита мувофиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" муайян карда мешаванд.

4. Ба ҳайати Кумита намояндагони мақомоти идораи давлатӣ, иттифоқҳои касаба, дигар мақомоти намояндагии кормандон ва корфармоён бо шумораи баробар дохил мешаванд. Намояндагии мақомоти давлатӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон, корфармоён ба ҳайати кумитаҳо бо шумораи баробар муайян карда мешавад.

5. Ҳайати Кумита ва раиси онро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи номзадҳое, ки ҳар як тараф тавсия мекунад, тасдиқ менамояд.

Тавассути маҷлиси умумии аъзои Кумита котиби Кумита интихоб мегардад.

6. Тартиб, регламент, шакл ва нақшаи кории Кумитаро маҷлиси Кумита муайян менамояд.

7. Маҷлисҳои Кумита аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар семоҳа, гузаронида мешаванд.

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 27.02.2009г.№129

УТВЕРЖДЕНО

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 марта 2004 года № 133

УТВЕРЖДЕНО

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 марта 2004 года № 133

ПОЛОЖЕНИЕ О КООРДИНАЦИОННОМ КОМИТЕТЕ СОДЕЙСТВИЯ ЗАНЯТОСТИ НАСЕЛЕНИЯ

1. Координационный комитет содействия занятости населения (в дальнейшем Комитет) является постоянно действующим общественным формированием, призванным обеспечивать выработку согласованных решений и налаживанию социального диалога по определению и осуществлению политики занятости населения в Республике Таджикистан.

2. В своей работе Комитет руководствуется законами Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан и настоящим Положением.

3. Функции Комитета определяется в соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О содействии занятости населения".

4. В состав Комитета входят представители органов государственного управления, профессиональных союзов, иных представительных органов работников и работодателей в равных количествах. Представительство государственных органов, профессиональных союзов и иных представительных органов работников, работодателей в состав Комитетов определяется в равных количествах.

5. Состав Комитета и его председателя утверждает Министерство труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан из числа рекомендуемых каждой из сторон кандидатур.

Общим собранием членов Комитета избирается секретарь Комитета.

6. Порядок, регламент, форма и план работы Комитета определяется заседанием Комитета.

7. Заседания Комитета проводятся по мере необходимости, но не реже одного раза в квартал.

...