Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998, № 287 "Дар бораи ҳайати комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО"

Санаи амалкуни: 25.02.2021

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2021 № 30, аз 29.05.2025 № 322)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2021 № 30, аз 29.05.2025 № 322)

Дар бораи ҳайати комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО

Ба мақсади фаъолияти нисбатан самараноки Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ҳайати замимагардидаи Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО тасдиқ карда шавад.

2. Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 1997 № 3 "Дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 3 августи соли 1998 № 287

ш. Душанбе

аз 3 августи соли 1998 № 287

...

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷуиҳурии Тоҷикистон

аз 3 августи соли 1998 № 287

Ҳайати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО

1. Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Мудири шӯъбаи илм ва маорифи Идораи сиёсати иҷтимоии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

5. Мудири шӯъбаи фарҳанги Идораи алоқа бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ахбори умум ва фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

6. Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

7. Муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

8. Муовини аввали вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

9. Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

10. Ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон

11. Раиси Иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон

12. Муовини директори Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

13. Муовини раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

14. Академик-котиби шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

15. Академик-котиби шӯъбаи илмҳои физикаю математика, кимиё ва геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

16. Академик - котиби шӯъбаи илмҳои биологӣ ва тиббии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

17. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

18. Ректори Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи М.Турсунзода.

19. Муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

20. Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО

21. Муовини раиси вилояти Хатлон

22. Муовини раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

23. Муовини раиси вилояти Ленинобод

24. Муовини раиси шаҳри Душанбе