ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998, №287
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Ба замимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998, №287 «Дар бораи ҳайати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО» сархати ҳабдаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;».
2.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида котиботи Комиссияро аз қарори мазкур огоҳ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 майи соли 2025, № 322
...