Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо аз 1 марти соли 2004 № 98

Санаи амалкуни: 31.03.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2004 № 98

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2004 № 98

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188, аз 5.12.2013 № 577, аз 31.03.2020 № 217)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188, аз 5.12.2013 № 577, аз 31.03.2020 № 217)

Низомнома мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия шуда, тартиб, қоидаҳо ва шартҳои фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ (ҷумхуриявӣ ва коммунали)-ро дар музояда муқаррар мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188, аз 5.12.2013 № 577).

1. Истилоҳоти истифодашаванда

1. Дар Низомнома, чи тавре ки минбаъд муайян шудааст, истилоҳоти дар поён овардашуда, агар матн мазмуни дигарро талаб накунад, маънои зайлро ифода мекунанд:

- тарзи англисии савдо (музоядаи англисӣ) - чунин тарзи музояда, ки ҳангоми он нархи эълоншудаи лот назар ба нархи ибтидоӣ бо қадами эълоншудаи пешакӣ то лаҳзаи мондани як нафар иштирокчии нархи аз ҳама баландро пешниҳоднамуда баланд карда мешавад;

- музояда - намуди фурӯши объектҳои хусусигардонӣ, ки аз харидор иҷрои ягон шартро нисбати объекти харидашаванда баъди хусусигардонии он талаб намекунад;

- музоядачӣ - шахси воқеӣ, ки аз тарафи фурӯшанда ё ташкилотчӣ барои гузаронидани музоядаи фурӯши объектҳо таъин ё киро карда мешавад;

- супориши музоядавӣ - қарори фурӯшанда дар бораи гузоштани объектҳо дар музояда;

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 марта 2004 года, №98

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 марта 2004 года, №98

ПОЛОЖЕНИЕ О ПОРЯДКЕ ПРОДАЖИ ОБЪЕКТОВ ГОСУДАРСТВЕННОЙ СОБСТВЕННОСТИ НА АУКЦИОНАХ

(в редакциии Постановления Правительства РТ от 30.03.2010г.№188, от 05.12.2013г. №577, от 31.03.2020г.№217)

(в редакциии Постановления Правительства РТ от 30.03.2010г.№188, от 05.12.2013г. №577, от 31.03.2020г.№217)

Положение разработано в соответствии с Гражданским кодексом Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "О приватизации государственной собственности в Республике Таджикистан" и устанавливает порядок, правила и условия продажи объектов государственной собственности (республиканской и коммунальной) на аукционах (в редакции пост. Правительства РТ от 05.12.2013г.№577) .

I. Используемые термины

1. В Положении, как это в дальнейшем определено, ниже приведенные термины и выражения будут иметь следующие значения, если только контекст не предусматривает иное:

- английский метод торгов (английский аукцион) - метод аукциона, при котором объявленная цена за лот повышается по отношению к стартовой цене лота с заранее объявленным шагом до момента, когда остается один участник, предложивший наиболее высокую цену;

- аукцион - вид продажи объектов государственной собственности с публичного торга, при котором торги проводятся до тех пор, пока объект не объявляется проданным тому, кто назвал наивысшую сумму;

- аукционист - физическое лицо, назначаемое или нанимаемое продавцом или организатором для ведения аукционов по продаже объектов;

- аукционное задание - решение продавца о выставлении объектов на аукцион;

...