Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2004, № 98
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004, № 98 "Дар бораи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо ва тендерҳо" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- муқаддимаи қарор дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Бо мақсади таъмин намудани шаффофият ва рақобатнокӣ дар ҷараёни татбиқи нақшаҳо ва барномаҳои хусусигардонии моликияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:";
- банди 2 хориҷ карда шавад;
- аз банди 3 калимаҳои "ва Дастурамал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусусӣ гардонида мешаванд" хориҷ карда шавад;
- дар банди 3 калимаи "низомномаҳо" ба калимаи "низомномаҳоро" иваз карда шавад.
2. Ба Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004, № 98 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- аз муқаддимаи Низомнома калимаҳои "ва "Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёна ва калон, реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003, № 486 тасдиқ гардидааст," хориҷ карда шавад;
- дар матни Низомнома калимаҳои "Дастурамал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусусӣ гардонида мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1997, № 181 тасдиқ шудааст", ба калимаҳои "Тартиби муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашаванда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, № 387 тасдиқ гардидааст," иваз карда шавад;
- сархати бисту нӯҳуми банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- нақшаҳо, барномаҳо-нақшаҳо ва барномаҳои хусусигардонии моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ, ки бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо тасдиқ гардидаанд;";
...