×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003, № 53 "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 24.02.2017

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 3.12.2018 № 1544 аз эътибор соқит дониста шуд.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №12, мод.681; с.2009, №3, мод. 87; с.2011, №12, мод.845)

(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 494, аз 26.12.2011 № 781, аз 24.02.2017 № 1399)

(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 494, аз 26.12.2011 № 781, аз 24.02.2017 № 1399)

Қонуни мазкур мақсаду мазмуни дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои онро муайян карда, асосҳои ҳуқуқи ва ташкилии тартиби таҳия, барраси ва тасдиқи онҳоро муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 494, аз 24.02.2017 № 1399).

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 494)

(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 494)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 494):

- дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - фарзияи аз нуқтаи назари илми асосноки вазъи ояндаи имконпазири иҷтимоию иқтисоди, илмию техники, экологи ва иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он буда, нишондиҳандаҳоеро (индикаторҳоеро, параметрҳоеро) дар бар мегиранд, ки вазъи мазкурро тавсиф медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 494).

- ояндабинии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - фаъолияти мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия оиди таҳия ва тасҳеҳи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он буда, бо мақсади қабул кардани қарор дар марҳалаи аввали таҳияи нақшаву барномаҳо ҳамчун воситаи таҳмини илми, таҳлили намунави (варианти) ва ба даст овардани иттилооти иловаги истифода мешавад.

- консепсияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонғояи асоси буда, мақсад ва афзалияти рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи дарозмӯҳлат, стратегияи амалиётро ҳангоми иҷро кардани дурнамоҳо ва барномаҳо муайян мекунад.

...

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ДУРНАМОҲОИ ДАВЛАТӢ, КОНСЕПСИЯҲО ВА БАРНОМАҲОИ ИНКИШОФИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қонуни мазкур мақсаду мазмуни дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои онро муайян карда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии тартиби таҳия, баррасӣ ва тасдиқи онҳоро муқаррар менамояд.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд

- дурнамоҳои давлатии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - фарзияи аз нуқтаи назари илмӣ асосноки вазъи ояндаи имконпазири иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, экологӣ ва иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он буда, нишондиҳандаҳоеро дар бар мегиранд, ки вазъи мазкурро тавсиф медиҳанд.

- ояндабинии давлатии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - фаъолияти мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия оиди таҳия ва тасҳеҳи дурнамоҳои давлатии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он буда, бо мақсади қабул кардани қарор дар марҳалаи аввали таҳияи нақшаву барномаҳо ҳамчун воситаи таҳмини илмӣ, таҳлили намунавӣ (вариантӣ) ва ба даст овардани иттилооти иловагӣ истифода мешавад.

- консепсияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонғояи асосӣ буда, мақсад ва афзалияти инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи дарозмӯҳлат, стратегияи амалиётро ҳангоми иҷро кардани дурнамоҳо ва барномаҳо муайян мекунад.

- барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонмаҷмӯи тадбирҳои мувофиқакардашуда ва нақшаи амалиёт мебошад, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои стратегӣ ва ҳалли масъалаҳои умумӣ нигаронида мешавад.

- қисми (сектори) давлатии иқтисодиёт - маҷмӯи объектҳои моликияти давлатӣ, ки бо фаъолияти иқтисоди машғул мебошанд, аз ҷумла корхонаҳои воҳиди давлатӣ, инчунин ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва корхонаҳои муштарак, ки дар сармояи оинномавии онҳо бастаи назоратии саҳмияҳои ҳуқуқи овоздор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлат мансуб мебошад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Дурнамоҳои давлатии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи дурнамоҳои давлатии инкишофи иҷтимоии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи дарозмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва кӯтоҳмуддат таъмин менамояд.

Дурнамоҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҳлили маҷмӯии натиҷа, афзалият, самтҳои асосӣ ва масъалаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он таҳия карда мешаванд.

Ҳангоми таҳияи дурнамоҳои давлати ҳамчунин комёбиҳои мунтазираи пешрафти илму техника, тамоюлоти тағйирёбии вазъи демографӣ, экологӣ, сохтори иҷтимоии ҷомеа, таъминоти мамлакат аз захираҳои табиӣ, мавқеи сиёсию иқтисодии хориҷии он, дигаргуниҳои эҳтимолӣ дар ҷараёни омилҳои мазкур ба назар гирифта мешаванд.

Дурнамоҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-барои мамлакат умуман, аз рӯи қисмҳо (секторҳо), аз ҷумла қисми (сектори) давлатӣ, соҳаҳо ва минтақаҳо таҳия карда мешаванд;

-ба дурнамоҳои демографӣ, экологӣ, илмию техникӣ, инчунин дурнамоҳои инкишофи қисмҳои (секторҳо) соҳаҳо ва минтақаҳо асос меёбанд;

-намунаҳои (вариантҳои) бо назардошти таъсири эҳтимолии омилҳои объективӣ, афзалиятҳои сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат, тадбирҳои танзими давлатии иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, марҳалаҳои татбиқи онҳо таҳияшударо дарбар мегиранд;

-нишондиҳандаҳои миқдориро, ки суръату таносубҳои рушди иқтисодӣ, ҷараёни истеҳсолот ва сохтори он, андозаи истеҳсол ва истеъмоли молҳо (кор, хизматрасонӣ)-ро аз рӯи соҳаҳо ва гурӯҳҳои асосии молҳо, дараҷа ва характери истифодаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, натиҷаи пешрафти илму техника, сатҳи шуғл ва сифати зиндагонии аҳолӣ, вазъи экологӣ ва сохтори иҷтимоии ҷомеа, инкишофи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои инфрасохтори иҷтимоиро тавсиф мекунанд, дар бар мегиранд.

Дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи дарозмӯҳлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои понздаҳ сол таҳия карда, онро дар панҷ сол як маротиба тасҳеҳ менамояд.

Дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи миёнамӯҳлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои панҷ сол бо тақсимбанди ба солҳо таҳия карда, онро ҳар сол тасҳеҳ менамояд.

Дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи кӯтоҳмуддат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як сол таҳия мекунад. Дар асоси дурнамои мазкур Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ тартиб дода мешавад.

Дурнамоҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд интишор карда шаванд.

Бо мақсади саривақт ва хушсифат таҳия намудани дурнамоҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори ҳокимияти иҷроия ҳуқуқ дорад, ки аз мақомоти соҳавии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, дигар мақомот ва шахсони ҳуқуқӣ маводи зарурӣ талаб намояд. Тартиби пешниҳоди маводи мазкур ва тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 4. Дурнамои давлатии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кӯтоҳмуддат

Дурнамои инкишофн иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кӯтоҳмуддат ҳар сол дар асоси муқаррароти барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи миёнамӯҳлат таҳия карда мешавад.

Тартиб ва мӯҳлати таҳияи дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кӯтоҳмуддат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кӯтоҳмуддат таҳлили инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли гузашта ва вазифаҳои асосии тараққиёти иқтисодиётро барои соли оянда дар бар мегирад.

Дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндан кӯтоҳмуддат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон якҷоя бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви пешниҳод мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кӯтоҳмуддат ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви дар як вақт ҳамчунин ҳуҷҷату маводи зеринро низ пешниҳод менамояд:

-натиҷаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузаштаи соли ҷори;

-номгӯи вазифаҳои асосии иҷтимоию иқтисоди, ки барои ҳадди онҳо сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст;

-лоиҳаҳои барномаҳои мақсаднок, ки маблағгузории онҳо аз ҳисоби Буҷети давлати барои соли оянда дар назар дошта шудааст;

-баҳодиҳии имкониятҳои тараққиёти қисми (сектори) давлатии иқтисодиёт.

Натиҷаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта баъди баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз моҳи феврали соли ҷори бояд интишор карда шаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳар семоҳа мониторинги вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашри маълумотро доир ба ин таъмин менамоянд.

Моддаи 5. Дурнамои инкишофи қисми (сектори) давлатии иқтисодиёт

Дурнамои инкишофи қисми (сектори) давлатии иқтисодиёт дар доираи дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кӯтоҳмуддат барои мамлакат умуман, аз рӯи соҳаҳо ва минтақаҳо тартиб дода мешавад.

Дурнамои инкишофи қисми (сектори) давлатии иқтисодиёт нишондиҳандаҳои зеринро дар бар мегирад:

-хароҷот барои амали гардонидани барномаҳои сармоягузори бо зикри номгӯи иншоот ва мӯҳлати сохтмони онҳо, барои модернизатсия ё таҷдиди объектҳои моликияти давлати, иҷрои корҳои илмию тадқиқоти ва таҷрибавию конструктори, барои хариди мол (кор, хизматрасони) ва барои эҳтиёҷоти давлати;

-фаъолияти субъектҳои хоҷагидори қисми (сектори) давлатии иқтисодиёт, аз ҷумла маҷмӯи маҳсулоти истеҳсол ва фурӯхташуда, содироту воридоти мол (кор, хизматрасони), маблағгузории сармояи асоси аз ҳисоби манбаъҳои худи ва қарз;

-истеҳсоли маҳсулот аз тарафи ташкилотҳои давлати дар шакли асли ва аз рӯи номгӯи молҳо, нархи маҳсулоти мазкур.

Дурнамои инкишофи қисми (сектори) давлатии иқтисодиёт ҳамчунин нишондиҳандаҳои истифодаи моликияти давлати ва тадбирҳои баланд бардоштани самаранокии онро дар бар мегирад.

Тартиб ва мӯҳлати таҳияи дурнамои инкишофи қисми (сектори) давлатии иқтисодиёт аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 6. Консепсияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи консепсияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.

Консепсияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-дар асоси дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи дарозмӯҳлат таҳия карда мешавад;

-таҳлили инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузашта, тавсифи вазъи иқтисодии онро дар соли ҷори дар бар мегирад;

-мақсадҳои стратеги ва афзалиятҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воситаҳои ноил шудан ва роҳҳои давра ба давра амали гардонидани мақсаду афзалияти мазкурро муайян мекунад;

-самтҳои асосии сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат, аз ҷумла самтҳои ҳамин сиёсатро нисбати соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт ва комплексҳои байнисоҳави, инчунин самтҳои асосии сиёсати илмию техники, навовари, сармоягузори, экологи, минтақави, иқтисодии хориҷиро муқаррар менамояд.

Консепсияи инкишофн иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 10 сол таҳия карда, онро дар панҷ сол як маротиба тасҳеҳ менамояд.

Тартиб, мӯҳлати таҳия ва тасҳеҳи консепсияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Консепсияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд интишор карда шавад.

Моддаи 7. Барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дурнамоҳои давлати ва консепсияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи миёнамӯҳлат одатан барои панҷ сол таҳия менамояд.

Дар барномаи мнёнамӯҳлати инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос мегарданд:

-натиҷаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузашта:

-мақсаду афзалиятҳои инкишофи иҷтимоию иқтисоди, илмию техники, сармоягузори, экологи, иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ҷараёни тамоюлоти тағйирёбии нишондиҳандаҳои ҷамъбастии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-андоза ва сохтори маблағгузори, манбаъ ва самтҳои истифодаи он.

Барномаи миёнамӯҳлати инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин тадбирҳои зеринро пешбини менамояд:

-таъмини истиқрори нарх, шуғли самаранок, тавозуни мусбати тиҷорати беруни, рушди устувори иқтисодиёт ва соҳибкори;

-ташаккули ниҳодҳои иқтисодии моликиятдори, меҳнати, молияви, иҷтимои ва дигаргунсозии (трансформатсияи) онҳо;

-дастгирии давлатии илм, истифодаи комёбиҳои он, таҷрибаи пешқадам, аз ҷумла дар соҳаи ташкили меҳнат ва идоракуни, дар ҷараёни истеҳсолот;

-афзоиши даромад, баландшавии сатҳи зиндагии аҳоли, инкишофи соҳаҳои иҷтимои, бартараф карданн ихтилофи иҷтимои;

-тараққиёти минтақаҳо, истифодаи захираҳои онҳо, баробар кардани нишондиҳандаҳои сатҳи зиндаги, аз ҷумла даромади аҳоли;

-ҳифзи табиат ва баланд бардоштани самаранокии экологи;

-такмили сохтори содироту воридот, ҷалб кардани сармояи хориҷи, ҷойгирони ва истифодаи самараноки он, танзими фаъолияти иқтисодии хориҷи;

-иҷрои барномаҳои муштарак бо иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохти қарзи хориҷи.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодиро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барраси, тасдиқ ва қабули қарори дахлдор мефиристонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол барои маълумот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришро дар бораи натиҷаҳои иҷрои барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта, инчунин пешниҳодро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбати ирсол менамояд.

Моддаи 8. Барномаҳои мақсадноки давлати

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои мақсадноки давлатиро таҳия намуда, татбиқи онҳоро таъмин менамояд.

Номгӯи барномаҳои мақсадноки давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзалиятҳое, ки дар асоси дурнамои мазкур таҳия карда мешаванд, муайян карда, тасдиқ менамояд.

Барномаи мақсаднокн давлати, ки барои тасдиқ ва маблағгузори аз ҳисоби буҷети давлати ва фондҳои мақсадноки буҷети пешниҳод мешавад, аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад.

Дар барномаҳои мазкур пешбини мегардад:

-асоснокии масъала аз нигоҳи илмию иқтисоди;

-дурнамои натиҷаҳои чашмдошти иҷтимоию иқтисоди ва экологии барномаи мазкур дар сурати амали гардонидани он;

-маълумот дар бораи маҷмӯи маблағгузори, тақсим ва манбаъҳои он умуман ва тақсимбанди ба солҳо:

-номи аниқи фармоишдиҳанда ва иҷрокунандаи асосии барномаи мазкур;

-ҳуҷҷату маводи дигар, ки барои тасдиқи барнома зарур мебошанд.

Моддаи 9. Дурнамоҳо, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, барномаҳои мақсадноки минтақави ва байниминтақави

Дурнамоҳо, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳоро мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалли таҳия мекунанд ва мақомоти дахлдори намояндагии ҳокимияти маҳалли тасдиқ менамояд.

Мақомоти иҷроия ва намояндагии ҳокимияти маҳалли инчунин номгӯи барномаҳои мақсадноки минтақави, байниминтақави, соҳаҳои афзалиятноки истеҳсолотро мутобиқи дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо ва афзалиятҳои дар асоси дурнамои мазкур муқарраршуда муайян намуда, лоиҳаи онҳоро таҳия ва тасдиқ менамояд,

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти ҳокимияти маҳалли иҷрои корҳои зеринро таъмин менамояд:

-таҳияи тавсияҳои методи оиди ояндабинии инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо;

-таҳлили дурнамоҳо, консепсияҳо, барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисоди, ки аз ҷониби минтақаҳо пешниҳод мешаванд;

-андешидани тадбирҳо оиди муҳайё сохтани шароит барои инкишофи пуравву устувори иҷтимоию иқтисоди, бартараф карданн нобаробарии тараққиёти минтақаҳо, истифодаи пурсамари захираҳои табий, модди, меҳнати ва молиявии онҳо, аз ҷумла барои зиёд кардани истеҳсоли молҳои содироти ва ивазкунандаи молҳои воридоти;

-таҳияи тавсияҳо оид ба бартараф намудани ҳолатҳои бӯҳрони дар минтақаҳо.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи минтақаҳоеро, ки сатҳи инкишофи иҷтимоию иқтисодии онҳо аз сатҳи миёнаи тараққиёти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон паст аст, муайян менамояд.

Моддаи 10. Шӯрои миллии илми оид ба ояндабини

Бо мақсади аз нуқтаи назари илми асоснок намудани дурнамоҳо, консепсияҳо, барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он Шӯрои миллии илми оид ба ояндабини ташкил карда мешавад.

Тартиби кор ва ҳайати Шӯрои миллии илми оид ба ояндабини дар низомномаи Шӯрои миллии илми оид ба ояндабини, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.

Ба вазифаҳои асосии Шӯрои миллии илми оид ба ояндабини мансуб мебошанд:

-таҳияи масъалаҳои методологи, илмию техникии ояндабинии инкишофи иҷтимоню иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он;

-таҳияи пешниҳод оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ояндабинии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-таҳлилу таҳқиқи илмии дурнамоҳо, консепсияҳо, барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисоди, лоиҳаҳои барномаҳои мақсадноки давлати, минтақави ва байниминтақави.

Моддаи 11. Масъулият барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгари мегардад.

Моддаи 12. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 8 декабри соли 2003 № 53

ш. Душанбе