×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003, № 41 "Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 758 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ

Моддаи 1. Мақсади Қонун

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии тартиби ҷуброни кафолатноки амонатҳои шахсони воқеиро дар бонкҳо ҳангоми барҳамдиҳӣ ё муфлисшавии онҳо муқаррар мекунад.

Моддаи 2. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур ба танзим медарорад

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки оид ба кафолати амонати шахсони воқеӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонд бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур ба вуҷуд меояд, ба танзим медарорад.

Кафолати ҷуброни амонатҳои шахсони воқеӣ дар Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" амалӣ карда мешавад.

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд

Амонати шахси воқеӣ - маблағи пулӣ бо асъори миллӣ ё хориҷӣ дар ҳисоби шахси воқеӣ (амонатгузор) гузошташуда, ки бонк ӯҳдадор аст онро бо гузаштани вақти муайян бо фоиз пардохт кунад.

Фонди кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ (минбаъд - Фонд) - шахси ҳуқуқиест, ки барои ҷамъу захира намудани маблағи барои ҷуброни кафолатноки амонатҳои шахсони воқеӣ таъингардида таъсис гардидааст.

Маблағи ҷуброни кафолатноки амонат - маблағи пулие, ки баъди қабули қарор дар бораи барҳамдиҳӣ ё муфлисшавии бонк аз ҷониби Фонд ба шахси воқеӣ (амонатгузор) ҳамчун фарқияти байни маблағи амонат ва маблағи ҷудокардашудаи комиссияи барҳамдиҳии бонк аз рӯи меъёрҳое, ки дар моддаи 5 Қонуни мазкур муайян карда шудаанд, пардохта мешавад.

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 5. Андозаи маблағи ҷуброни кафолатнок аз рӯи амонатҳои шахсони воқеӣ

Андозаи маблағи ҷуброни кафолатнок барои ҳар як шахси воқеӣ аз рӯи амонат дар бонк, новобаста аз рӯзи гузоштани амонат, тариқи зайл муайян мегардад:

- маблағи ба амонат гузоштаи то 250 сомонӣ - 100 фоиз;

- маблағи ба амонат гузоштаи то 2500 сомонӣ - 90 фоиз;

- маблағи ба амонат гузоштаи зиёда аз 2500 сомонӣ - 70 фоиз;

Дар ҳолати нарасидани маблағи ҷудокардашудаи комиссияи барҳамдиҳӣ ва Фонд пардохти бақияи амонатҳои ҷуброннашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Агар шахси воқеӣ (амонатгузор) дар як бонк зиёда аз як суратҳисоб дошта бошад, дар он сурат бо мақсади пардохти маблағи ҷуброни кафолатноки амонат бақияи маблағи ҳисобҳо ҷамъ карда шуда, ҳамчун як амонат ҳисобида мешавад.

Маблағи ҷуброни кафолатноки амонатҳои шахсони воқеӣ танҳо бо асъори миллӣ пардохта мешавад.

Моддаи 6. Тартиби таъсис додани Фонд

Фонд шахси ҳуқуқӣ - ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, дар асоси шартномаи байни бонкҳо басташуда таъсис ёфта ва фаъолият менамояд.

Фонд бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифта мешавад.

Ҳуҷҷати таъсиси Фонд оинномаи он мебошад, ки аз ҷониби бонкҳо дар маҷлиси муассисони Фонд тасдиқ карда мешавад.

Амволи Фонд аз ҳисоби ҳаққи аъзогии бонкҳо, даромадҳо, инчунин воридотҳои бо қонун манънашуда ташкил карда мешавад.

Моддаи 7. Муносибати Фонд, муассисони он ва давлат

Фонд аз рӯи ӯҳдадориҳои муассисони худ ва муассисон аз рӯи ӯҳдадориҳои Фонди таъсисдодаашон масъулият надоранд.

Давлат аз рӯи ӯҳдадориҳои Фонд ва Фонд аз рӯи ӯҳдадориҳои давлат масъул намебошанд, агар онҳо чунин ӯҳдадориро ба зимма нагирифта бошанд ё тартиби дигареро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ накарда бошанд.

Ҳангоми вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз тарафи бонкҳое, ки муассисони Фонд мебошанд, Фонд ҳуқуқ дорад бартараф намудани камбудиҳои ошкоршударо талаб намояд. ҳамзамон Фонд ҳақ дорад, ки дар назди Бонки миллии Тоҷикистон оид ба татбиқи чораҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" пешбинӣ намуда, аз ҷумла доир ба аз бонк бозхост намудани иҷозатнома оиди ҷалб намудани маблағҳои пулии шахсони воқеӣ барои амонат масъала гузорад.

Моддаи 8. Андозаи пардохтҳо ва тартиби гузаронидани онҳо ба Фонд

Пардохти бонкҳо ба Фонд аз ҳаққи яквақта ва календарӣ иборат мебошад.

Барои таъмини оғози фаъолияти Фонд бонкҳо ба ҳисоби сармояи оинномавии он 1 фоиз аз ҳаҷми амонатҳои шахсони воқеии дар рӯзи таъсиси Фонд мавҷудбуда ҳаққи яквақтаро мепардозанд.

Ҳаққи календарӣ андозаи маблағи пулие мебошад, ки ҳар семоҳа бонкҳои тиҷоратӣ ба Фонд мепардозанд. Бонкҳо ӯҳдадоранд, ки ҳар семоҳа ба Фонд ба андозаи 0,1 фоиз аз ҳисоби миёнаи бақияи маблағи амонатҳои дар бонк мавҷудбудаи шахсони воқеӣ, ба истиснои амонатҳои шахсони воқеии дар моддаи 14 ҳамин Қонун номбаршуда, барои семоҳаи гузашта бо асъори миллӣ маблағ пардохт намоянд.

Пардохти мазкур ба хароҷоти амалиётии бонкҳо мансуб дониста мешавад.

Бақияи миёнаи амонатҳои барои семоҳаи гузашта чун бузургии миёнаи арифметикии бақияи амонат, ки дар ҳисоботи доир ба амонати шахсони воқеӣ барои семоҳаи дахлдор нишон дода шудааст, ҳисоб карда мешавад.

Пардохт ба Фонд аз ҷониби бонкҳо то санаи на дертар аз 20-уми моҳи якуми ҳар семоҳа анҷом дода мешавад.

Моддаи 9. Идоракунии Фонд

Мақомоти идораи Фонд Шӯрои нозирон ва мақомоти иҷроияи Фонд мебошад.

Бо мақсади назорати фаъолияти Фонд ва тайёр намудани тавсия оид ба такмили низоми кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ бонкҳо Шӯрои нозирон ташкил менамоянд.

Ба Шӯрои нозирон як нафарӣ намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва аз бонкҳои тиҷоратӣ шомил мебошанд.

Раиси Шӯрои нозирон аз ҳисоби аъзои Шӯрои нозирон интихоб карда мешавад. Маҷлиси Шӯрои нозиронро раиси он ё аз се як ҳиссаи аъзоёни Шӯрои нозирони Фонд, вале на камтар аз як маротиба дар ним сол даъват мекунанд. Шӯрои нозирон ҳангоми дар маҷлис иштирок доштани аз се ду ҳиссаи аъзо салоҳияти қабул намудани қарорро дорад. ҳангоми баробар будани овозҳо дар ҳалли масъала овози раиси Шӯрои нозирон ҳалкунанда мебошад.

Моддаи 10. Салоҳияти Шӯрои нозирон

Шӯрои нозирон дорои салоҳияти зерин мебошад:

- тартиби истифодаи даромадҳоро тасдиқ менамояд;

- сохтори ташкилӣ, ҳисоботи солона, сметаи даромад ва хароҷоти Фондро тасдиқ мекунад;

- ҳисоботи раиси Фондро оид ба фаъолияти он мешунавад;

- оид ба шаклҳо ва шароитҳои рӯйпӯш намудани норасогиҳои воситаҳои захиравии Фонд қарор қабул менамояд;

- оид ба шаҳрвандон додани рӯёниш аз рӯи амонатҳо қарор қабул менамояд;

- аудитори Фондро муайян менамояд;

- дигар ваколатҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Моддаи 11. Мақомоти иҷроияи Фонд

Мақомоти иҷроияи Фонд Раёсати Фонд мебошад, ки роҳбарии ҷориро амалӣ намуда, барои фаъолияти он масъул мебошад.

Раёсат аз се нафар - раис ва аъзоёни Раёсат иборат мебошад, ки бо пешниҳоди бонкҳо аз ҷониби Шӯрои нозирон ба мӯҳлати панҷ сол таъин карда мешаванд. Аъзои Раёсат ба таври доимӣ дар Фонд фаъолият менамоянд.

Вазифаҳои асосии Раёсат аз амалӣ намудани ҳуқуқи амонатгузорони бонкҳо барои ҷуброни кафолатноки амонатҳо, ситонидани маблағҳои сари вақт ба Фонд пардохтнашуда, истифодаи чораҳои таъсиррасонӣ ба бонкҳо ва аз иҷрои дигар ваколатҳое, ки дар оиннома ва қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст, иборат мебошанд.

Роҳбарии фаврии (оперативии) фаъолияти Фонд аз ҷониби раиси Раёсат амалӣ мегардад.

Моддаи 12. Истифодаи маблағи Фонд

Маблағи Фонд дар суратҳисоби алоҳидаи дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда нигоҳ дошта мешавад.

Маблағи Фонд барои пардохти ҷуброни кафолатноки амонатҳо, ҳамчунин барои хароҷоти ҷорӣ сарф мешаванд.

Маблағи Фонд мумкин аст барои харидани коғазҳои қимматноки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон истифода шаванд.

Моддаи 13. Тартиби пардохти маблағи ҷуброни кафолатноки амонатҳо

Маблағи ҷуброни кафолатноки амонатҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он шахсони воқеие пардохта мешавад, ки талаби онҳо аз ҷониби комиссияи барҳамдиҳии бонк эътироф шудааст.

Мақомоти иҷроияи Фонд тартиби пардохти маблағи ҷуброни кафолатноки амонатҳоро муқаррар намуда, онро дар воситаҳои ахбори умум интишор менамояд.

Моддаи 14. Ҳолатҳое, ки маблағи ҷуброни кафолатноки амонатҳо пардохта намешавад

Маблағи ҷуброни кафолатноки амонатҳо дар ҳолатҳои зерин пардохта намешавад:

- аз рӯи амонатҳои саҳмдорони бонк-шахсони воқеӣ, ки ҳиссаи иштироки онҳо дар сармояи саҳмдорони бонк зиёда аз 20 фоиз мебошад;

- аз рӯи амонатҳои аъзои мақомоти идоракунии бонк;

- аз рӯи амонатҳое, ки ба сифати таъмини ӯҳдадориҳои амонатгузор ё шахсони сеюм дар назди бонк то иҷрои пурраи чунин ӯҳдадориҳо қабул шудаанд;

- аз рӯи талаботе, ки нисбат ба бонк аз ҷониби шахсони сеюм изҳор шуданд, ба истиснои меросхӯрони амонатгузорон.

Моддаи 15. Ҳисоботи Фонд

Фонд ҳар сол дар бораи натиҷаи фаъолияти худ ба Шӯрои нозирон ҳисобот медиҳад. ҳисоботи солона аз тарафи Шӯрои нозирон тасдиқ карда мешавад.

Тавозун ва ҳисобот оид ба даромад ва хароҷоти Фонд дар матбуот интишор мегардад.

Моддаи 16. Ҳалли баҳсҳо

Баҳсҳои вобаста ба кафолати амонати шахсони воқеӣ бо тартиби судӣ баррасӣ карда мешаванд.

Моддаи 17. Масъулият барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Барои вайрон кардани Қонуни мазкур шахсони гунаҳкор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

1 августи соли 2003 № 41