ОИННОМАИ СОЗМОНИ ШАРТНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИ
Дар шаҳри Кишнёв 7 октябри соли 2002 ба имзо расид.
(Протокол аз 10.12.2010с.)
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2003 тасдиқ намуд.
Давлатҳои иштирокчии Шартномаи амнияти дастаҷамъи аз 15 майи соли 1992 (минбаъд - Шартнома),
қатъан мутобиқи ӯҳдадориҳои худ вобаста ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, қарорҳои Шӯрои амнияти СММ амал намуда, принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалиро ба роҳбари гирифта;
бо нияти фароҳам овардани шароитҳои мусоид ва устувор чиҳати рушди ҳамаҷонибаи давлатҳои иштирокчии Шартнома ва таъмини амният, истиқлолият ва тамомияти арзии онҳо;
ҷонибдории хешро аз мақсад ва принсипҳои Шартнома ва шартномаҳо ва қарорҳои байналмилалии дар доираи он қабулгардида тасдиқнамуда;
бо азми қавии инкишофи минбаъда ва таъмиқи ҳамкориҳои ҳарбию сиёси ба манфиати таъмин ва таҳкими амнияти милли, минтақави ва байналмилали;
бо мақсади идома додан ва тавсеаи муносибатҳои зичи иттифоқи дар соҳаҳои сиёсати хориҷи, ҳарби ва ҳарбию техники, инчунин дар соҳаи мубориза алайҳи ситезаҳои трансмилли ва таҳдид ба амнияти давлатҳо ва халқҳо;
азму нияти баланд бардоштани самарабахшии фаъолиятро дар доираи Шартнома ба роҳбари гирифта;
ба мувофиқаи зайл расиданд.
БОБИ I. ТАЪСИСИ СОЗМОНИ ШАРТНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИ
Моддаи 1
...