ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки тибқи Қонуни мазкур танзим мегарданд
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар натиҷаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ҳангоми таъсисдиҳӣ, аз нав ташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии онҳо, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо, пешбурди феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ва филиалҳои шахсони ҳуқуқӣ ба миён меоянд, танзим менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ
Қонунгузорӣ дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар қонунҳо, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
Бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ - амали мақоми ваколатдори давлатӣ дар мавриди ба расмият даровардани воқеияти ҳуқуқии таъсисдиҳӣ, аз нав ташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ мебошад. Шакли ҳатмии тасдиқи онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ё филиалҳои шахси ҳуқуқӣэътирофи расмии субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ, бе мақоми шахси ҳуқуқӣ мебошад. Шакли ҳатмии тасдиқи онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ - ҳуҷҷати расмии давлатӣ буда, дар бораи вазъи шахси ҳуқуқӣ гувоҳӣ медиҳад ва ҳамзамон, баробари дохилкунии маълумот дар бораи шахси ҳуқуқӣ ба феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ дода мешавад.
Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ - махзани ягонаи давлатии маълумоти иттилоотию таҳлилӣ оид ба таъсисдиҳӣ, аз нав ташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Моддаи 4. Мақсадҳои бақайдгирии давлатӣ
Бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақсадҳои зерин анҷом дода мешавад:
- тасдиқи воқеияти таъсисдиҳӣ, аз нав ташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ;
...