×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002, № 60 "Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ"

Санаи амалкуни: 26.03.2009

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Кодекси тандурустии ҶТ аз 30.05.2017 № 1413 аэ эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ХУСУСИИ ТИББӢ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 119, аз 26.03.2009 № 504)

Қонуни мазкур асосҳои умумии ҳуқуқи, иқтисоди ва иҷтимоии бунёд ва амал намудани субъектҳои фаъолияти хусусии тиббиро муайян мекунад, ҳуқуқу вазифаҳои онҳоро дар амали намудани ин шакли фаъолият танзим менамояд.

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504):

- субъектҳои фаъолияти хусусии тибби - ташкилотҳои хусусии тиббие, ки фаъолияти хусусии тиббиро амали мегардонанд, ҳамчунин шахсони воқеие, ки ба амалияи хусусии тибби машғул мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504);

- фаъолияти хусусии тибби - фаъолияти шахсони ҳуқуқи ва воқеи оиди расонидани ёри ва хизмати тибби ба аҳоли тибқи шартнома, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504);

- амалияи хусусии тибби - фаъолият оиди расонидани ёрии тибби бе таъсиси шахси ҳуқуқи аз ҷониби шахсони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва миёнаи касбии тиббӣ мутобиқи ихтисосашон, дар асоси иҷозатномае, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504);

- ташкилоти хусусии тибби - ташкилоти тиббие, ки амволи он аз моликияти хусуси ё моликияте, ки дар асоси шартномаи иҷора истифода мешавад, иборат аст (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504);

- ёрии тибби - ин пешгири ва ташхиси бемориҳо, пешгири аз заҳролудшави ва захмдоршави, табобати беморон ва барқарорсозии саломати, назорат ба ҷараёни ҳомилаги, кумаки момои ва назорат ба давраи баъди таваллуд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504);

- хизматрасонии тибби - ёрии тиббии пардохтшаванда оиди намуди муайяни бемори, ки дар ҳаҷми муайян тибқи шартнома расонда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504);

- стандартҳои ёрии тибби - номгӯи талаботҳо нисбат ба меъёрҳо, қоидаҳо ва хусусиятҳои намуди муайяни ёрии тибби ва натиҷаҳои он (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504);

- Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ - муҳимтарин қисми системаи нигаҳдории тандурусти буда, сатҳи аввалини муносибати фард, оила ва ё ҷамъият бо системаи нигаҳдории тандурусти (субъекти фаъолияти хусусии тибби) мебошад, ки ёрии тиббию санитариро ба маҳали истиқомат ва кори одамон ба дараҷаи ниҳои наздик мекунад ва аввалин қисми раванди давомнокии ҳифзи саломатиро ифода менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти хусусии тибби

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти хусусии тибби ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

Моддаи 3. Вазифаи субъектҳои фаъолияти хусусии тибби

Субъектҳои фаъолияти хусусии тибби дар қатори муассисаҳои давлатии ҳифзи саломатӣ амали гардидани сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи саломатӣ таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

Моддаи 4. Принсипҳои асосии фаъолияти хусусии тибби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Принсипҳои асосии фаъолияти хусусии тибби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

- масъулияти субъектҳои фаъолияти хусусии тибби барои фароҳам овардани шароитҳое, ки расонидани ёри ва хизмати тахассусии тиббиро таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504);

- дастраси умум будани шабақаи ташкилотҳои хусусии тибби (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504);

- илми ва дорои самти пешгири будани ёри ва хизмати тибби (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504);

- аён ва ошкор будани фаъолият, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузори муқаррар кардааст (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

БОБИ 2. ТАШКИЛ ВА ТАНЗИМ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ХУСУСИИ ТИББИ

Моддаи 5. Ташкил кардан, фаъолият ва барҳам додани ташкилоти хусусии тибби

Ташкилоти хусусии тибби бо тартиби муқарраркардаи қонунгузори аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии давлатҳои хориҷи, инчунин шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доими зиндаги мекунанд, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори ташкилоти хусусии тибби таъсис диҳанд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигар пешбини нашуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

Ташкилоти хусусии тибби дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома, ки тибқи қонунгузори оиди намудҳои муайяни фаъолияти тибби дода мешавад ва дар асоси сертификати мутобиқати шароити фаъолияти онҳо ба стандартҳои муқарраршуда, ба фаъолияти тибби машғул шуда метавонад.

Аккредитатсияи ташкилоти хусусии тибби тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияҳои аккредитатсиони анҷом дода мешавад.

Азнавташкилкуни ва барҳамдиҳии ташкилоти хусусии тибби бо тартиби муқарраркардаи қонунгузори сурат мегирад.

Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

Моддаи 6. Иҷозатномадиҳии фаъолияти хусусии тибби

Фаъолияти хусусии тибби дар асоси иҷозатнома (литсензия) амали карда мешавад.

Иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти хусусии тибби бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 119).

Моддаи 7 Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 119)

Моддаи 8. Шартҳои расонидани ёрии аввалиндараҷаи тиббию беҳдори (санитари)

Субъектҳои фаъолияти хусусии тибби дар асоси шартномаҳои бо ташкилотҳои суғуртаи тиббӣ инчунин беморон басташуда ёрии аввалиндараҷаи тиббию беҳдори (санитари) мерасонанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

Моддаи 9. Санадҳои тибби ва ҳисобот

Санадҳо, хулосаҳои додаи ташкилотҳои хусусии тибби ва шахсони машғули амалияи хусусии тибби баробари хуҷҷатҳои тиббии намунаи давлати қувваи қонуни доранд.

Ташкилотҳои хусусии тибби ва шахсони машғули амалияи хусусии тибби дар хуҷҷатгузории худ аз бланкаҳои тиббии ҳисоботи ҳатмии намунаи давлати, маълумотнома дар бораи таваллуд ва вафот, бланкаҳои дорухат истифода мекунанд.

Ташкилотҳои хусусии тибби ва шахсони машғули амалияи хусусии тибби ӯҳдадоранд, ки ҳамаи бақайдгирии омори ва ҳисоботро, ки дар санадҳои меъёри ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст ба роҳ монанд ва барои дурустии онҳо масъуланд. Ташкилотҳои хусусии тибби ва шахсони машғул ба амалияи хусусии тибби ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муайянгардида дар бораи фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

Моддаи 10. Ба иҷора додани моликияти давлати

Амволи моликияти давлатиро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи субъектҳои фаъолияти хусусии тибби ба иҷора додан мумкин аст.

БОБИ 3. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИИ СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ХУСУСИИ ТИББИ

Моддаи 11. Манбаъҳои маблағгузории фаъолияти хусусии тибби

Фаъолияти хусусии тибби аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, воситаҳои суғуртаи ҳатми ва ихтиёрии тибби, дигар манбаъҳое, ки қонунгузори манъ накардааст, маблағгузори карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

Таъминоти давлатии субъектҳои фаъолияти хусусии тибби ва иштироки онҳо дар амали гардондани барномаҳои мақсадноки ҳифзи саломатӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идораҳои суғуртаи ҳатмии тибби тибқи шартнома маблағгузори карда мешавад. Масъалаҳои мансуб ба фаъолияти молияви ва хоҷагии амалияи хусусии тиббиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

Моддаи 12. Шартнома дар бораи расонидани ёри ва хизмати тибби

Шартнома дар бораи расондани ёри ва хизмати тибби дap байни субъектҳои фаъолияти хусусии тибби, инчунин шахсони воқеи ва ҳуқуқи, тартиби тағйир додани он, дароз кардани мӯҳлат ва қатъ намудани он бо созиши тарафҳо баста мешавад ва бояд ба талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошад.

Моддаи 13. Пардохти ҳaққи ёри ва хизмати тибби

Пардохти ҳаққи ёри ва хизмати тиббие, ки ташкилотҳои хусусии тибби ва шахсони машғули амалияи хусусии тибби мерасонанд, дар асосҳои зерин сурат мегирад:

- шартномаҳое, ки бевосита бо беморон баста мешаванд;

- шартномаҳо бо корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон оиди расонидани ёрии тибби;

- шартномаҳое, ки бо идораҳои суғуртаи тибби барои расондани ёрии тибби аз рӯи суғуртаи ҳатми ва ихтиёрии тибби баста мешаванд;

- шартномаҳое, ки аз рӯи барномаҳои хайрия баста мешаванд.

Нархи хизмати тиббие, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хусусии тибби дар доираи шартномаҳо бо шаҳрвандон ва ташкилоту муассисаҳо расонда мешавад, бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Пардохти ёрии таъҷилии тиббие, ки ба шахсони эҳтиёҷманд расонда мешавад, аз ҷониби идораҳои суғуртаи тибби мувофиқи қоидаҳои суғуртаи тибби сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

Моддаи 14. Андоз аз субъектҳои фаъолияти хусусии тибби

Субъектҳои фаъолияти хусусии тибби ӯҳдадоранд, ки тибқи Кодекси андози Ҷyмҳypии Тоҷикистон андоз супоранд.

БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВA ӯҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ХУСУСИИ ТИББИ

Моддаи 15. Ҳуқуқи шахсоне, ки ба фаъолияти хусусии тибби машғуланд

Шахсоне, ки ба фаъолияти хусусии тибби машғуланд, ҳуқуқ доранд:

- аз рӯи бемориҳое, ки номгӯи онҳоро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ёрии тибби расонанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504);

- усулҳои тибби халқиро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузори истифода баранд;

- бо тартиби муқарраркардаи қонунгузори ҳуҷҷатҳои тибби диҳанд;

- барои амали кардани фаъолияти хусусии тибби аз ҳамаи ташкилотҳои хусусии тибби ва шахсони дигаре, ки бо амалияи хусусии тибби машғуланд, ахборот гиранд;

- бо натиҷаҳои муоинаи бемор шинос шаванд, дар ҳамаи зинаҳои навбатии табобат ба сифати мушовир иштирок намоянд;

- барои амали гардидани фаъолияти касби бо санадҳои меъёри шинос шаванд;

- аз бланкаҳои тиббии ҳисоботии ҳатмии намунаи давлати истифода баранд;

- бо дигар шахсони воқеие, ки бо амалияи хусусии тибби машғуланд, барои расондани ёрии тибби якҷоя фаъолият кунанд;

- барои таъмини фаъолияти касби дар асоси шартномаи (карордоди) меҳнати кормандонро ҷалб намоянд;

- дар намуди нусха аз ҳуҷҷатҳои тибби дар бораи бемори ва аҳволи саломатии беморон хулосаҳои хатти ва тавсияномаҳо диҳанд, ки онҳоро ҳамаи муассисаҳои тибби истифода бурда метавонанд;

- барои ба даст овардани дорувори ва маснуоти таъиноти тибби ба истиснои дорухати доруҳои нашъаовар, доруҳои ба онҳо баробар ва дорувориҳое, ки бо шартҳои имтиёзнок фурӯхта мешаванд, ба бемор дорухат навишта, онро бо мӯҳри ташкилоти хусусии тибби ё мӯҳри шахсии мутахассис тасдиқ намоянд;

- дар бахшҳои беморхонавии ташкилоти хусусии тибби барои мақсадҳои тибби дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи нашъаовар ва психотропиро гиранд, нигоҳ доранд ва истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

Моддаи 16. ӯҳдадории шахсони машғул ба фаъолияти хусусии тибби

Шахсоне, ки ба фаъолияти хусусии тибби машғуланд, ӯҳдадоранд:

- танҳо ҳамон намуди фаъолиятро, ки барои он иҷозатнома дода шудааст, амали кунанд;

- шарту қоидаҳои ёрии тиббиро, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, риоя кунанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504);

- ҳуҷҷатгузории зарурии тиббиро, ки аҳволи саломатии бемор, ҳаҷм ва натиҷаҳои ёрии тиббии ба ӯ расондашударо инъикос менамояд, ба роҳ монанд;

- ҳисоботи тибби, омори ва молиявиро ба суроғаҳо дар мӯҳлати муқарраршуда пешкаш кунанд;

- ҳангоми гузаронидани санҷиш аз ҷониби мақомоти ваколатдори ҳифзи саломатӣ санадҳои тибби ва маълумотҳоро пешниҳод намоянд;

- усулу воситаҳои ташхис, пешгири ва табобат, дорувориҳои гиёҳиро, ки бо тартиби муқарраргардида дар амалияи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, истифода баранд;

- ба марказҳои санитарию эпидемиологи ва мақомоти дахлдори ҳифзи саломатии аҳоли ҳодисаҳои дар беморон ошкор шудани бемориҳои сирояти, ангали ва таносули, ҷузом (лепра), саъфати пӯст (микроспория), шукуфаи мӯчин (трихофития), хоришак (чесотка), сил, СПИД, бемориҳои саратони, нашъаманди, рӯҳи ва ғайра бо тартиби муқарраркардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504);

- дар мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузори аз ҳисоби маблағҳои худи савияи ихтисоси худро баланд бардоранд, агар ин дар шартномаҳо бо муассисаҳое, ки расондани ёрии тиббиро маблағгузори мекунанд, пешбини нашуда бошад;

- ба мақомоти корҳои дохили дар бораи шахсоне, ки дар натиҷаи захмдоршавии ҷисмони, латхӯри ва заҳролудшави барои ёрии тибби муроҷиат кардаанд, хабар диҳанд;

- ба шахсоне, ки ба кӯмаки таъҷилии тибби эҳтиёҷ доранд, ёрии тиббии бемузд расонанд.

Ҳангоми фаъолияти хусусии тибби амалҳои зерин манъ аст:

- гузаронидани сеансҳои оммавии табобати, аз он ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма;

- истифодаи тарзу усулҳо ва воситаҳои пешгири, ташхис, табобати бемориҳо, инчунин, дорувориҳои гиёҳи, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ нашуда, истифодаи онҳо дар амалияи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст.

Моддаи 17. Тартиби ҳалли баҳсҳо

Баҳсҳое, ки байни субъектҳои фаъолияти хусусии тибби, инчунин байни ин субъектҳо ва дигар шахсони воқеи ва ҳуқуқи ба амал меоянд, бо тартиби суди ҳал карда мешаванд.

Моддаи 18. Ҳуқуқи субъектҳои фаъолияти хусусии тибби барои машғул шудан бо тибби халқи

Субъектҳои фаъолияти хусусии тибби бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои тибби ҳалқиро истифода бурда метавонанд.

БОБИ 5. ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВИ

Моддаи 19. Таъминоти давлатии субъектҳои фаъолияти хусусии тибби ва иштироки онҳо дар амали гардидани барномаҳои мақсадноки ҳифзи саломатӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504)

Ташкилотҳои хусусии тибби ва шахсоне, ки бо амалияи хусусии тибби шуғл меварзанд, дар амали гардонидани барномаҳои мақсадноки суғуртаи ҳатмии тибби, таъминоти давлати ва ҳифзи саломатӣ дар асоси озмун иштирок карда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

Қоидаҳои гузаронидани озмунҳое, ки ба ташкилотҳои хусусии тибби ва барои шахсони амалияи амалияи хусусии тибби барои таъминоти давлати ва иштирок дар барномаҳои мақсадноки ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ медиҳад, аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия муқаррар карда мешаванд. Ба ҳайати комиссияи озмун дар асоси баробари намояндагони мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони тиб, ташкилотҳои хусусии тибби, идораҳои суғуртавии тибби дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

Шартномаҳо дар бораи таъминоти давлатии ташкилотҳои хусусии тибби ва шахсони машғули амалияи хусусии тибби ва иштироки онҳо дар амали гардидани барномаҳои мақсадноки ҳифзи саломатӣ дар ҳолатҳои иштироки онҳо дар барномаҳои суғуртаи ҳатмии тибби бо мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия ва худидораи маҳалли, инчунин идораҳои суғуртавии тибби баста мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

Муқараророти шартномаҳо:

- талабот нисбати сифати ёрии тибби;

- ҳаҷми ёрии тибби;

- шартҳо ва коидаҳои пардохти ёрии тибби;

- қоидаҳои назорат ба сифати ёрии тибби;

- қоидаҳои бақайдгири ва ҳисобот дар бораи фаъолияти хусусии тибби аз рӯи шартнома.

Моддаи 20. Назорати давлати ба амали гардидани фаъолияти хусусии тибби

Назорати давлатиро ба сифати расонидани ёрии тибби аз ҷониби шахсони машғули амалияи хусусии тибби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои (шӯъбаҳои) нигаҳдории тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба амал мебароранд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

Моддаи 21. Ҳамкopии байналмиллали

Ҳамкории байналмиллали дар соҳаи фаъолияти хусусии тибби дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба амал бароварда мешавад.

Дар ҳолатҳое, ки агар дар байни Қонуни мазкур ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофот ба амал ояд, он гоҳ меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмиллали амал мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 504).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

2 декабри соли 2002 № 60

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ХУСУСИИ ТИББӢ

(Қонун аз 26.12.2005 № 119)

Қонуни мазкур асосҳои умумии ҳуқуқи, иқтисоди ва иҷтимоии бунёд ва амал намудани субъектҳои фаъолияти хусусии тиббиро муайян мекунад, ҳуқуқу вазифаҳои онҳоро дар амали намудани ин шакли фаъолият танзим менамояд.

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосие, ки дар ин қонун истифода шудаанд

Мафҳумҳои асоси:

1. Субъектҳои фаъолияти хусусии тибби - ташкилотҳои хусусии тиббие, ки фаъолияти хусусии тиббиро амали мегардонанд, ҳамчунин шахсони воқеие, ки ба амалияи хусусии тибби машғул мешаванд;

2. Фаъолияти хусусии тибби - фаъолияти шахсони ҳуқуқи ва воқеи оиди расонидани ёри ва хизмати тибби ба аҳоли тибқи шартнома, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3. Амалияи хусусии тибби - фаъолият оиди расонидани ёрии тибби бе таъсиси шахси ҳуқуқи аз ҷониби шахсони дорои маълумоти оли ё миёнаи тибби мутобиқи ихтисосашон, дар асоси иҷозатномае, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст;

4. Ташкилоти хусусии тибби - ташкилоти тиббие, ки амволи он аз моликияти хусуси ё моликияте, ки дар асоси шартномаи иҷора истифода мешавад, иборат аст;

5. Ёрии тибби - ин пешгири ва ташхиси бемориҳо, пешгири аз заҳролудшави ва захмдоршави, табобати беморон ва барқарорсозии саломати, назорат ба ҷараёни ҳомилаги, кумаки момои ва назорат ба давраи баъди таваллуд;

6. Хизматрасонии тибби - ёрии тиббии пардохтшаванда оиди намуди муайяни бемори, ки дар ҳаҷми муайян тибқи шартнома расонда мешавад;

7. Стандартҳои ёрии тибби - номгӯи талаботҳо нисбат ба меъёрҳо, қоидаҳо ва хусусиятҳои намуди муайяни ёрии тибби ва натиҷаҳои он;

8. Ёрии аввалиндараҷаи тиббию санитари - муҳимтарин қисми системаи нигаҳдории тандурусти буда, сатҳи аввалини муносибати фард, оила ва ё ҷамъият бо системаи нигаҳдории тандурусти (субъекти фаъолияти хусусии тибби) мебошад, ки ёрии тиббию санитариро ба маҳали истиқомат ва кори одамон ба дараҷаи ниҳои наздик мекунад ва аввалин қисми раванди давомнокии ҳифзи саломатиро ифода менамояд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти хусусии тибби

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти хусусии тибби ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст.

Моддаи 3. Вазифаи субъектҳои фаъолияти хусусии тибби

Субъектҳои фаъолияти хусусии тибби дар қатори муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурусти амали гардидани сиёсати давлатиро дар соҳаи нигаҳдории тандурусти таъмин менамоянд.

Моддаи 4. Принсипҳои асосии фаъолияти хусусии тибби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Принсипҳои асосии фаъолияти хусусии тибби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

1. Масъулияти субъектҳои фаъолияти хусусии тибби барои фароҳам овардани шароитҳое, ки расонидани ёри ва хизмати тахассусии тиббиро таъмин менамояд;

2. Дастраси умум будани шабақаи ташкилотҳои хусусии тибби;

3. Илми ва дорои самти пешгири будани ёри ва хизмати тибби;

4. Аён ва ошкор будани фаъолият, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузори муқаррар кардааст.

БОБИ II. ТАШКИЛ ВА ТАНЗИМ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ХУСУСИИ ТИББӢ

Моддаи 5. Ташкил кардан, фаъолият ва барҳам додани ташкилоти хусусии тибби

Ташкилоти хусусии тибби бо тартиби муқарраркардаи қонунгузори аз ҷониби шахсони ҳуқуқи ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Шахсони ҳуқуқи ва воқеии давлатҳои хориҷи, инчунин шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доими зиндаги мекунанд, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори ташкилоти хусусии тибби таъсис диҳанд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигар пешбини нашуда бошанд.

Ташкилоти хусусии тибби дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома, ки тибқи қонунгузори оиди намудҳои муайяни фаъолияти тибби дода мешавад ва дар асоси сертификати мутобиқати шароити фаъолияти онҳо ба стандартҳои муқарраршуда, ба фаъолияти тибби машғул шуда метавонад.

Аккредитатсияи ташкилоти хусусии тибби тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияҳои аккредитатсиони анҷом дода мешавад.

Азнавташкилкуни ва барҳамдиҳии ташкилоти хусусии тибби бо тартиби муқарраркардаи қонунгузори сурат мегирад.

Дар сурати барҳам додани ташкилоти хусусии тибби ҳуҷҷатҳои мансуб ба он бо қарори мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар давоми як моҳ ба комиссияи барҳамдиҳи, ки бо тартиби муқарраркардаи қонунгузори таъсис ёфтааст, супорида мешавад.

Моддаи 6. Иҷозатномадиҳии фаъолияти хусусии тибби

Фаъолияти хусусии тибби дар асоси иҷозатнома (литсензия) амали карда мешавад.

Иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти хусусии тибби бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад (Қонун аз 26.12.2005 № 119).

Моддаи 7 хориҷ карда шуд (Қонун аз 26.12.2005 № 119).
Моддаи 8. Шартҳои расонидани ёрии аввалиндараҷаи тиббию беҳдори (санитари)

Субъектҳои фаъолияти хусусии тибби дар асоси шартномаҳои бо идораҳои тиббии суғуртави инчунин беморон басташуда ёрии аввалиндараҷаи тиббию беҳдори (санитари) мерасонанд.

Моддаи 9. Санадҳои тибби ва ҳисобот

Санадҳо, хулосаҳои додаи ташкилотҳои хусусии тибби ва шахсони машғули амалияи хусусии тибби баробари хуҷҷатҳои тиббии намунаи давлати қувваи қонуни доранд.

Ташкилотҳои хусусии тибби ва шахсони машғули амалияи хусусии тибби дар хуҷҷатгузории худ аз бланкаҳои тиббии ҳисоботи ҳатмии намунаи давлати, маълумотнома дар бораи таваллуд ва вафот, бланкаҳои дорухат истифода мекунанд.

Ташкилотҳои хусусии тибби ва шахсони машғули амалияи хусусии тибби ӯҳдадоранд, ки ҳамаи бақайдгирии омори ва ҳисоботро, ки дар санадҳои меъёри ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст ба роҳ монанд ва барои дурустии онҳо масъуланд. Ташкилотҳои хусусии тибби ва шахсони машғул ба амалияи хусусии тибби ба Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муайянгардида дар бораи фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод менамоянд.

Моддаи 10. Ба иҷора додани моликияти давлати

Амволи моликияти давлатиро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи субъектҳои фаъолияти хусусии тибби ба иҷора додан мумкин аст.

БОБИ III. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИИ СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ХУСУСИИ ТИББӢ

Моддаи 11. Манбаъҳои маблағгузории фаъолияти хусусии тибби

Фаъолияти хусусии тибби аз ҳисоби шахсони ҳуқуқи ва воқеи, воситаҳои суғуртаи ҳатми ва ихтиёрии тибби, дигар манбаъҳое, ки қонунгузори манъ накардааст, маблағгузори карда мешавад.

Таъминоти давлатии субъектҳои фаъолияти хусусии тибби ва иштироки онҳо дар амали гардондани барномаҳои мақсадноки нигаҳдории тандурусти аз ҳисоби мақоми онҳоро ба ин кор ҷалбкардаи (розишудаи) ҳокимияти иҷроия ва идораҳои суғуртаи ҳатмии тибби тибқи шартнома маблағгузори карда мешавад. Масъалаҳои мансуб ба фаъолияти молияви ва хоҷагии амалияи хусусии тиббиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.

Моддаи 12. Шартнома дар бораи расонидани ёри ва хизмати тибби

Шартнома дар бораи расондани ёри ва хизмати тибби дap байни субъектҳои фаъолияти хусусии тибби, инчунин шахсони воқеи ва ҳуқуқи, тартиби тағйир додани он, дароз кардани мӯҳлат ва қатъ намудани он бо созиши тарафҳо баста мешавад ва бояд ба талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошад.

Моддаи 13. Пардохти ҳaққи ёри ва хизмати тибби

Пардохти ҳаққи ёри ва хизмати тиббие, ки ташкилотҳои хусусии тибби ва шахсони машғули амалияи хусусии тибби мерасонанд, дар асосҳои зерин сурат мегирад:

- шартномаҳое, ки бевосита бо беморон баста мешаванд;

- шартномаҳо бо корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон оиди расонидани ёрии тибби;

- шартномаҳое, ки бо идораҳои суғуртаи тибби барои расондани ёрии тибби аз рӯи суғуртаи ҳатми ва ихтиёрии тибби баста мешаванд;

- шартномаҳое, ки аз рӯи барномаҳои хайрия баста мешаванд.

Нархи хизмати тиббие, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хусусии тибби дар доираи шартномаҳо бо шаҳрвандон ва ташкилоту муассисаҳо расонда мешавад, бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Пардохти ёрии таъҷилии тиббие, ки ба шахсони эҳтиёҷманд расонда мешавад, аз ҷониби идораҳои суғуртаи тибби мувофиқи қоидаҳои суғуртаи ҳатмии тибби сурат мегирад.

Моддаи 14. Андоз аз субъектҳои фаъолияти хусусии тибби

Субъектҳои фаъолияти хусусии тибби ӯҳдадоранд, ки тибқи Кодекси андози Ҷyмҳypии Тоҷикистон андоз супоранд.

БОБИ IV. ҲУҚУҚ ВA ӯҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ХУСУСИИ ТИББӢ

Моддаи 15. Ҳуқуқи шахсоне, ки ба фаъолияти хусусии тибби машғуланд

Шахсоне, ки ба фаъолияти хусусии тибби машғуланд, ҳуқуқ доранд:

- аз рӯи бемориҳое, ки номгӯи онҳоро Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ёрии тибби расонанд;

- усулҳои тибби халқиро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузори истифода баранд;

- бо тартиби муқарраркардаи қонунгузори ҳуҷҷатҳои тибби диҳанд;

- барои амали кардани фаъолияти хусусии тибби аз ҳамаи ташкилотҳои хусусии тибби ва шахсони дигаре, ки бо амалияи хусусии тибби машғуланд, ахборот гиранд;

- бо натиҷаҳои муоинаи бемор шинос шаванд, дар ҳамаи зинаҳои навбатии табобат ба сифати мушовир иштирок намоянд;

- барои амали гардидани фаъолияти касби бо санадҳои меъёри шинос шаванд;

- аз бланкаҳои тиббии ҳисоботии ҳатмии намунаи давлати истифода баранд;

- бо дигар шахсони воқеие, ки бо амалияи хусусии тибби машғуланд, барои расондани ёрии тибби якҷоя фаъолият кунанд;

- барои таъмини фаъолияти касби дар асоси шартномаи (карордоди) меҳнати кормандонро ҷалб намоянд;

- дар намуди нусха аз ҳуҷҷатҳои тибби дар бораи бемори ва аҳволи саломатии беморон хулосаҳои хатти ва тавсияномаҳо диҳанд, ки онҳоро ҳамаи муассисаҳои тибби истифода бурда метавонанд;

- барои ба даст овардани дорувори ва маснуоти таъиноти тибби ба истиснои дорухати доруҳои нашъаовар, доруҳои ба онҳо баробар ва дорувориҳое, ки бо шартҳои имтиёзнок фурӯхта мешаванд, ба бемор дорухат навишта, онро бо мӯҳри ташкилоти хусусии тибби ё мӯҳри шахсии мутахассис тасдиқ намоянд;

- дар ҷузъҳои статсионарии ташкилоти хусусии тибби барои мақсадҳои тибби дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доруҳои нашъаовар ва психотропиро гиранд, нигоҳ доранд ва истифода баранд.

Моддаи 16. ӯҳдадории шахсони машғул ба фаъолияти хусусии тибби

Шахсоне, ки ба фаъолияти хусусии тибби машғуланд, ӯҳдадоранд:

- танҳо ҳамон намуди фаъолиятро, ки барои он иҷозатнома дода шудааст, амали кунанд;

- шарту қоидаҳои ёрии тиббиро, ки Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, риоя кунанд;

- ҳуҷҷатгузории зарурии тиббиро, ки аҳволи саломатии бемор, ҳаҷм ва натиҷаҳои ёрии тиббии ба ӯ расондашударо инъикос менамояд, ба роҳ монанд;

- ҳисоботи тибби, омори ва молиявиро ба суроғаҳо дар мӯҳлати муқарраршуда пешкаш кунанд;

- ҳангоми гузаронидани санҷиш аз ҷониби мақомоти ваколатдори нигаҳдории тандурусти санадҳои тибби ва маълумотҳоро пешниҳод намоянд;

- усулу воситаҳои ташхис, пешгири ва табобат, дорувориҳои гиёҳиро, ки бо тартиби муқарраргардида дар амалияи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, истифода баранд;

- ба марказҳои беҳдорию вогиришиноси (стансияҳои санитарию эпидемиологи) ва мақомоти дахлдори ҳифзи саломатии аҳоли ҳодисаҳои дар беморон ошкор шудани бемориҳои сирояти, ангали ва таносули, ҷузом (лепра), саъфати пӯст (микроспория), шукуфаи мӯчин (трихофития), хоришак (чесотка), сил, СПИД, бемориҳои саратони, нашъаманди, рӯҳи ва ғайра бо тартиби муқарраркардаи Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳанд;

- дар мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузори аз ҳисоби маблағҳои худи савияи ихтисоси худро баланд бардоранд, агар ин дар шартномаҳо бо муассисаҳое, ки расондани ёрии тиббиро маблағгузори мекунанд, пешбини нашуда бошад;

- ба мақомоти корҳои дохили дар бораи шахсоне, ки дар натиҷаи захмдоршавии ҷисмони, латхӯри ва заҳролудшави барои ёрии тибби муроҷиат кардаанд, хабар диҳанд;

- ба шахсоне, ки ба кӯмаки таъҷилии тибби эҳтиёҷ доранд, ёрии тиббии бемузд расонанд.

Ҳангоми фаъолияти хусусии тибби амалҳои зерин манъ аст:

- гузаронидани сеансҳои оммавии табобати, аз он ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма;

- истифодаи тарзу усулҳо ва воситаҳои пешгири, ташхис, табобати бемориҳо, инчунин, дорувориҳои гиёҳи, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ нашуда, истифодаи онҳо дар амалияи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст.

Моддаи 17. Тартиби ҳалли баҳсҳо

Баҳсҳое, ки байни субъектҳои фаъолияти хусусии тибби, инчунин байни ин субъектҳо ва дигар шахсони воқеи ва ҳуқуқи ба амал меоянд, бо тартиби суди ҳал карда мешаванд.

Моддаи 18. Ҳуқуқи субъектҳои фаъолияти хусусии тибби барои машғул шудан бо тибби халқи

Субъектҳои фаъолияти хусусии тибби бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои тибби ҳалқиро истифода бурда метавонанд.

БОБИ V. ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 19. Таъминоти давлатии субъектҳои фаъолияти хусусии тибби ва иштироки онҳо дар амали гардидани барномаҳои мақсадноки нигаҳдории тандурусти

Ташкилотҳои хусусии тибби ва шахсоне, ки бо амалияи хусусии тибби шуғл меварзанд, дар амали гардонидани барномаҳои мақсадноки суғуртаи ҳатмии тибби, таъминоти давлати ва нигаҳдории тандурусти дар асоси озмун иштирок карда метавонанд.

Қоидаҳои гузаронидани озмунҳое, ки ба ташкилотҳои хусусии тибби ва барои шахсони амалияи амалияи хусусии тибби барои таъминоти давлати ва иштирок дар барномаҳои мақсадноки нигаҳдории тандурусти ҳуқуқ медиҳад, аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия муқаррар карда мешаванд. Ба ҳайати комиссияи озмун дар асоси баробари намояндагони мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони тиб, ташкилотҳои хусусии тибби, идораҳои суғуртавии тибби дохил мешаванд.

Шартномаҳо дар бораи таъминоти давлатии ташкилотҳои хусусии тибби ва шахсони машғули амалияи хусусии тибби ва иштироки онҳо дар амали гардидани барномаҳои мақсадноки нигаҳдории тандурусти дар ҳолатҳои иштироки онҳо дар барномаҳои суғуртаи ҳатмии тибби бо мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия ва худидораи маҳалли, инчунин идораҳои суғуртавии тибби баста мешаванд.

Муқараророти шартномаҳо:

- талабот нисбати сифати ёрии тибби;

- ҳаҷми ёрии тибби;

- шартҳо ва коидаҳои пардохти ёрии тибби;

- қоидаҳои назорат ба сифати ёрии тибби;

- қоидаҳои бақайдгири ва ҳисобот дар бораи фаъолияти хусусии тибби аз рӯи шартнома.

Моддаи 20. Назорати давлати ба амали гардидани фаъолияти хусусии тибби

Назорати давлатиро ба сифати расонидани ёрии тибби аз ҷониби шахсони машғули амалияи хусусии тибби Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои (шӯъбаҳои) нигаҳдории тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати дар маҳалҳо ба амал мебароранд.

Моддаи 21. Ҳамкopии байналмиллали

Ҳамкории байналмиллали дар соҳаи фаъолияти хусусии тибби дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба амал бароварда мешавад.

Дар ҳолатҳое, ки агар дар байни ҳамин Қонун ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофот ба амал ояд, он гоҳ меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмиллали амал мекунад.

Моддаи 22. Ҷавобгари барои вайрон кардани ҳамин қонун

Шахсони ҳуқуқи ва воқеие, ки ҳамин қонунро вайрон мекунанд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷyмҳypии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 2 декабри соли 2002 № 60

 ш. Душанбе