ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТ0Н
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.09.2005с. № 346)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.09.2005с. № 346)
Ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июли 1999 № 294 "Дар бораи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори дастгоҳи маркази ва нақшаи идоракунии замимагардидаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд,
2. Шумораи умумии кормандони сохтори Вазорати ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба теъдоди 2500 воҳид (генералҳо -3, афсарон-584, прапоршикҳо -243, сержантҳо аскарон -1405, коргарон ва хизматчиён -265 нафар) аз ҷумла кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ба теъдоди 200 воҳид (генералҳо -3 афсарон-120, прапоршикҳо -35, сержантҳо ва аскарони хизмати қарордоди-14, коргарон ва хизматчиён -28 нафар) муқаррар карда шаванд.
3. Ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 (чор) муовини Вазир, аз он ҷумла 2 (ду) муовини аввал ва ба теъдоди 9 (нӯҳ) нафар, ки ҳайати шахсии онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ҳайати мушовара дошта бошад.
4. Ба хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси қатори ва ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон маошҳои хизмати дар ҳаҷм ка шартҳои пешбининамудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 29 декабри соли 1996 № 517-19 "Дар бораи чораҳо оид ба беҳдошти таъмини моддии хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси қатори ва ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ" муқаррар карда шавад.
5. Вобаста ба таъсиси Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Точикистон ба Вазорат супорида шавад, ки дар мӯҳлати то 1 апрели соли 2000 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" ро таҳия намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
...