ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 1999 № 1239-а "Дар бораи таъсиси Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шавад.
2. Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёев М. А. дар мӯҳлати як моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраршуда Низомнома, сохтор ва нақшаи идораи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати тасдиқ пешниҳод намояд.
3. Инҳо беэътибор дониста шаванд:
Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994 № 400 "Дар бораи таъсиси Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон";
Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 1994 № 528 "Масъалаҳои Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи шаҳрвандии назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон";
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1995 № 517 "Дар бораи шартҳои пардохти музди меҳнати кормандони Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 1995 № 653 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба номгӯи вазифаҳои сохтори штатии Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоя Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоя Э. Раҳмонов
аз 6 июли соли 1999 № 294
ш. Душанбе
...