Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2001, № 124 "Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 03.04.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 600 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.04.2006с. № 142)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.04.2006с. № 142)

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2001 № 457 "Дар бораи таъсиси Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказии он ва нақшаи идораи Вазорат, номгӯи ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва номгӯи ташкилоту корхонаҳои давлатие, ки фаъолияти худро дар асоси бастани созишнома бо Вазорат анҷом медиҳанд (замима мешаванд), тасдиқ карда шаванд.

2.Шумораи дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 82 нафар (бидуни ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

Ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовараи иборат аз 7 нафар дошта бошад.

Ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрав 7 адад муқаррар карда шавад.

3. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

4. Дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Инспексияи давлатии меҳнат таъсис дода шавад.

Муайян карда шавад, ки Инспекцияи давлатии меҳнатро Саринспектори давлатии меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи вазифа ба муовини вазир баробаркардашуда ва дар асоси пешниҳоди Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таиншаванда, роҳбарӣ менамояд.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Низомнома ва оид ба шумораи штатӣ, сохтор, нақшаи идора ва маблағгузории Инспексияи давлатии меҳнати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намоянд.

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г. №600

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 5 февраля 2003г N 59, от 3 апреля 2006г.№142)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 5 февраля 2003г N 59, от 3 апреля 2006г.№142)

Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 25 января 2001 года № 457 <Об образовании Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан> Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение о Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, структуру его центрального аппарата и схему управления Министерства, перечень организаций и учреждений, финансируемых из государственного бюджета и перечень государственных предприятий и организаций, осуществляющих свою деятельность на основе заключения соглашения с Министерством (Прилагаются).

2. Установить численность центрального аппарата Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан в количестве-90чел. (без обслуживающего персонала)(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.04.2006г.№142).

Разрешить Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан иметь 5 заместителей Министра, в том числе одного первого, коллегию в составе 9 человек.

Установить Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан лимит служебных легковых автомобилей в количестве 9 единиц (в редакции Постановления Правительства РТ от5.02.2003г.N 59).

3. Финансирование центрального аппарата Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан осуществлять за счет средств республиканского бюджета.

4. Создать Государственную инспекцию труда при Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

Установить, что Государственную инспекцию труда возглавляет Главный государственный инспектор труда Республики Таджикистан, приравненный по должности к заместителю министра и назначаемый Правительством Республики Таджикистан по представлению Министра труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан в двухмесячный срок представить в Правительство Республики Таджикистан проект Положения, предложения о штатной численности, структуре, и финансировании Государственной инспекции труда при Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

5. Преобразовать Научно-исследовательский институт труда в Научноисследовательский институт труда и социальной защиты населения при Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

...