ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ
Бо мақсади иҷрои "Нақшаи тадбирҳо дар доираи татбиқи барномаи миенамӯҳлати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи аз 1 ноябри соли 1998 то 30 марти соли 1999", ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябри соли 1998 тасдиқ кардааст ва бо мақсади фаъолияти мӯътадили соҳаи энергетики, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 апрели соли 1999 тарифҳои зерини қувваи барқ ва гармие, ки Ширкати саҳомию холдингии "Барқи Тоҷик" ба фурӯш мерасонад, чунин муқаррар карда шавад:
а) қувваи барқ:
барои корхонаҳои саноатӣ, барои истеъмолкунандагони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин дигар истеъмолкунандагони соҳаи кишоварзӣ ва ғайрисаноатӣ (ба истиснои ташкилотҳои буҷетӣ) ба андозаи баробар ба 1,35 центи ШМА барон як кВт. соат;
барои истеъмолкунандагони коммуналӣ, нақлиети барқии шаҳрӣ, ташкилотҳои буҷетӣ, насосҳо ва станцияҳои насосии интиқоли об, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ, қубури оби кишоварзӣ 2,50 рубл барои як кВт. соат;
барои аҳолӣ дар ҳаҷми 2,50 рубл барои як кВт соат ҳангоми меъёри 150 кВт. соат як моҳ ва барои ҳар як кВт. соати зиёда аз меъёри муайянгардида - 8,50 рубл муқаррар карда шавад;
б) қувваи гармӣ:
барои саноат, хоҷагии гармхонаҳо ва меҳмонхонаҳо ба андозаи баробар ба 15 доллари ШМА барои як Гкал,
барои хоҷагиҳои ҳамому шӯстагарӣ, муассисаҳои хушкшӯй ба андозаи 1000 рубл, истеъмолкунандагони яклухт - хариду фурӯшандаҳо, кооперативҳои манзилу сохтмон 100 рубл барои як Гкал;
в) барои қувваи барқ барои эҳтиёҷи гармкунӣ ва таъмини оби гарм (истифода барои дегҳои барқӣ ва бойлерҳои барқӣ):
барои корхонаҳо, ташкилот ва идораҳо ба андозаи баробар ба 3,0 центи ШМА барои як кВт. соат.
...