Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тарифҳои қувваи барк ва гармӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1 ноябри соли 2000 № 422)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1 ноябри соли 2000 № 422)
Бо мақсади иҷрои Нақшаи тадбирҳо дар доираи татбиқи барномаи миёнамӯҳлати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2000 тасдиқ кардааст ва бо мақсади фаъолияти мӯътадили соҳаи энергетикӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 апрели соли 2000 тарифҳои зерини қувваи барқ ва гармӣ, ки Ширкати давлатии саҳомию холдингии "Барқи Тоҷик" ба фурӯш мерасонад чунин муқаррар карда шавад:
а) қувваи барқ:
барои корхонаҳои саноатӣ ва истеъмолкунандагони ба онҳо баробаркардашуда ба андозаи 1,72 дирам, ва барои дигар истеъмолкунандагони соҳаи кишоварзӣ ва ҷайрисаноатӣ (ба истиснои ташкилотҳои буҷетӣ) ба андозаи 2.97 дирам барои як квт.соат
барои истеъмолкунандагони коммуналӣ, нақлиёти барқии шаҳрӣ, ташкилотҳои буҷетӣ, насосҳо ва стансияҳои насосии интиқоли об, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ, қубури оби кишоварзӣ 2,50 рубл барои як кВт.соат;
барои аҳолӣ дар ҳаҷми 5 рубл барои як кВт.соат ҳангоми меъёри 150-кВт.соат дар як моҳ ва барои ҳар як кВт.соат зиёда аз меъёри муайянгардида - 11,0 рубл;
б) қувваи гармӣ:
барои саноат, хоҷагии гармхонаҳо ва меҳмонхонаҳо ба ҳисоби миёна ба андозаи 24000 рубл барои як Гкал;
барои хоҷагиҳои ҳаммому шустагарӣ, муассисаҳои хушкшӯӣ ба андозаи 1000 рубл ва барои истеъмолкунандагони савдои яклухт, кооперативҳои манзилу сохтмон 100 рубл барои як Гкал;
...