ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 6.08.2001 № 31, аз 28.12.2005 № 142)
Шартномаҳои байналмилали асоси ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалиро ташкил медиҳанд, барои ҳимояи сулҳ ва амният, инкишофи ҳамкории байналмилали, мутобиқи мақсад ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мусоидат менамоянд. Шартномаҳои байналмилали дар ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, дар таъмини манфиатҳои қонунии давлат нақши муҳим бози мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори иҷрои бечунучарои шартномаҳои байналмилали буда, пуштибонии худро ба Принсипи иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои байналмилали эълон медорад.
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Вазифаҳои қонун ва доираи татбиқи он
Қонуни мазкур тартиби бастан, қабул, тасдиқ, бақайдгири, нашр, иҷро кардан, бекор кардан ва боздоштани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад .
Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, усулу меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилали, нуқтаҳои худи шартномаҳо ва Қонуни мазкур баста мешаванд, иҷро мегарданд ва бекор карда мешаванд.
Амали Қонуни мазкур нисбати шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз хусусият (байнидавлати, байниҳукумати ва байниидорави) ва номашон (шартнома, созишнома, қарордод, протокол, аҳднома, мубодилаи мактубҳо ё ёддоштҳо ва ғайра) бо кишварҳои хориҷи ва созмонҳои байналмилали паҳн мегардад.
Моддаи 2. Тарзҳои изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартномаҳои байналмилали
Ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартномаи байналмилали бо роҳи имзои шартнома, қабул, тасдиқ, ҳамроҳшави ба он, мубодилаи ҳуҷҷатҳое, ки шартномаро ташкил медиҳанд ва ё бо роҳи дигаре, ки тарафҳо паймон кардаанд, изҳор карда мешавад .
Моддаи 3. Мазмуни мафҳумҳо
Барои мақсадҳои Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин чунин мазмун доранд:
1) "шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" - шартномае, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон (шартномаи байнидавлати), Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шартномаи байниҳукумати) ва ё вазорат, кумитаи давлати ё мақоми дигари идоракунии давлати (шартномаи байниидорави) бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷи ё созмонҳои байналмилали дар шакли хатти баста шудааст, сарфи назар аз он ки чунин шартнома дар як ҳуҷҷат ва ё якчанд ҳуҷҷати ба ҳам алоқаманд зикр ёфтааст ;
2) "имзокуни" - зинаи ҷараёни бастани шартнома ё тарзи изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартномаи байналмилали, агар он бо худи шартнома ё паймони тарафҳо ё нияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба имзо додани чунин қувва пешбини шуда бошад ;
3) тасдиқ, қабул ва ҳамроҳшави - тарзҳои изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартномаи байналмилали, ки аз тарафи намояндаи ваколатдори он ба имзо расидааст ;
а) "тасдиқ" - тарзи изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартномаи байналмилали, ки аз тарафи намояндаи ваколатдори он ба имзо расидааст ва тарзи изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартномаи байналмилали, ки ба ҷуз имзо тарзи дигари тасдиқи иловагии онро пешбини мекунад ;
б) "қабул" - тарзи изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартномаи байналмилалие, ки аз тарафи намояндаи ваколатдори он ба имзо расидааст,- вале мавриди амал қарор нагирифтааст ;
в) хориҷ карда шудааст ;
4) "ваколатнома" - ҳуҷҷатест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндаги кардани як ё якчанд шахсон дар гузаронидани гуфтушунидҳо, қабули матни шартнома ё муайян кардани мувофиқати матнҳои он, изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартнома, содир кардани амали дигари ба шартнома дахлдорро тасдиқ менамояд;
5) "тавзеҳот" - изҳори яктарафае, ки ҳангоми изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартномаи байналмилали бо мақсади истисно кардан ё тағйир додани амали ҳуқуқии муқаррароти алоҳидаи шартномаи байналмилали дар мавриди татбиқи онҳо нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон арз ёфтааст;
6) "бекор кардан" - изҳороти яктарафае, ки ба манзури истисно кардани амали ҳуқуқии шартномаи байналмилали ё нуқтаҳои алоҳидаи он дар мавриди татбиқашон нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён ёфта ва ба таври лозим расми карда шудааст;
7) "созмони байналмилали" - созмони байнидавлати, байниҳукумати;
8) "маҳфуздоранда" - давлат, созмони байналмилали ё мақомоти асосии иҷроия ва ё шахси мансабдори он, ки ба зиммаашон иҷрои вазифаҳои бо ҳуқуқи байналмилали нисбати шартномаи байналмилали пешбинигашта вогузор шудаанд.
Моддаи 4. Мавқеи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии он ба шумор мераванд .
Агар қонунҳои ҷумҳури ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои шартномаҳои байналмилали амал мекунанд .
Меъёрҳои расман интишоршудаи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қабули қонунҳоро барои татбиқи онҳо талаб намекунанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита амал менамоянд. Барои амали меъёрҳои дигари шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои дахлдори ҳуқуқи қабул карда мешаванд.
БОБИ II.БАСТАНИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 5. Таклифҳо дар бораи бастани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таклифҳо дар бораи бастани шартномаҳои байналмилали аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таклифҳо дар бораи бастани шартномаҳои байналмилали аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
Вазорату идораҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳоро дар бораи бастани шартномаҳои байналмилали доир ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо дохил аст, бо мувофиқати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
Таклифҳо дар бораи бастани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз инҳо иборат бошанд:
лоиҳаи шартнома;
асосноккунии зарурияти имзои шартнома;
хулосаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқати он ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
арзёбии оқибатҳои сиёси, молияви-иқтисоди ва дигар оқибатҳои бастани шартнома.
Моддаи 6. Қарорҳо оид ба гузаронидани гуфтушунидҳо дар хусуси бастан ва дар бораи имзои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳо дар бораи гузаронидани гуфтушунидҳо дар хусуси бастани шартномаҳои байналмилалии байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи додани ваколати амали гардонидани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Шахсони зерин вобаста аз вазифаҳояшон бе зарурати пешниҳоди ваколаташон муаррификунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд :
а) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади содир намудани ҳамаи амалҳое, ки бо бастани шартномаҳо вобастаанд;
б) Сарвари намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷи ё сарвари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмони байналмилали - бо мақсади гузаронидани гуфтушунид барои қабули матни шартнома мутобиқан бо давлати маскуният ва ё дар доираи созмони байналмилалии дахлдор.
БОБИ III.ҚАБУЛ ВА ТАСДИҚИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲАМРОҲШАВИ БА ОНҲО
Моддаи 7. Тасдиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд , .
Моддаи 8. Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад
Шартномаҳои зерин мавриди тасдиқ қарор мегиранд:
1. Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сулҳ, дусти, ҳамкори ва ёрии мутақобил, ҳамчунин шартномаҳо дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлати;
2. Шартномаҳо дар бораи масъалаҳое, ки ба иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбутанд;
3. Шартномаҳо дар бораи масъалаҳои халъи силоҳ ё назорати байналмилали аз болои силоҳдори;
4. Шартномаҳо дар бораи масъалаҳои таъмини сулҳ ва амнияти байналмилали;
5. Шартномаҳо дар бораи сулҳ;
6. Шартномаҳо дар бораи амнияти дастаҷамъи;
7. Шартномаҳо дар бораи марзбандии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои дигар;
8. Шартномаҳо дар бораи додугирифти қарзҳои давлати, ёрии иқтисоди, имтиёзҳои андозбанди ва кӯмакҳои дигар бо давлатҳои хориҷи ;
9. Шартномаҳо дар бораи ҳавасмандгардони ва ҳимояи сармоягузориҳо;
10. Шартномаҳое, ки мавзуъашон ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд мебошанд;
11. Шартномаҳо дар бораи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иттиҳодияҳои байнидавлати, созмонҳои байналмилали ва иттиходияҳои байналмилалии дигар, агар чунин шартномаҳо ба онҳо додани қисми ваколатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбини кунанд ва ё аз лиҳози ҳуқуқи хатми будани қарорҳои мақомоти онҳоро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намоянд.
12. Шартномаҳое, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифодаи захираҳои табии аз тарафи дигар субъектҳои ҳуқуқии байналмилали баста мешаванд:
13. Шартномаҳо дар бораи додани қарзҳо ба давлате, ки ӯҳдадории молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст;
14. Шартномаҳое, ки қоидаҳои дигареро, нисбат ба онҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд доранд муқаррар мекунанд:
15. Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тарафҳо ҳангоми бастани онҳо оид ба тартиби тасдиқи минбаъдаашон (ратификатсия) қарор қабул кардаанд .
Қисми дуюм хориҷ карда шуд .
Моддаи 9. Пешниҳоди шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ
Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд , .
Таклифҳо оид ба пешниҳоди шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ё бо мувофиқати мақомоти дигари давлати, агар шартнома ба масъалаҳои ба салоҳияти онҳо дахлдор бошад, пешниҳод карда мешаванд .
Таклиф дар бораи тасдиқ шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз инҳо иборат бошад :
- нусхаи тасдиқшудаи матни расмии шартномаи байналмилали (ё тарҷумаи расмии он);
- асосноккунии зарурияти тасдиқи шартнома ;
- хулосаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқати шартнома ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 10. Омода сохтани тасдиқнома дар бораи тасдиқи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар асоси Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқномаро имзо мекунад, ки он бо муҳри вай ва имзои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад , .
Моддаи 11. Мубодилаи тасдиқномаҳо ва супурдани онҳо ба маҳфуздорандагон
Мубодилаи тасдиқномаҳо ва супурдани онҳо барои нигаҳдори ба маҳфуздорандагон, агар дар ин бора паймони дигаре мавҷуд набошад, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши он аз тарафи намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати хориҷи ва ё намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмони байналмилали сурат мегирад .
Моддаи 12. Тартиби тасдиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тасдиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи зайл ба амал бароварда мешавад:
1) нисбати шартномаҳое, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд - аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) нисбати шартномаҳое, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд, инчунин нисбати шартномаҳои байналмилалии байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 13. Қабули шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳшави ба онҳо
Қабули шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳшави ба онҳо бо тариқи зайл ба амал бароварда мешавад:
1) нисбати шартномаҳое, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур пешбини шудаанд, мутобиқи тартиби барои тасдиқи шартномаҳои байналмилали муқарраршуда ;
2) нисбати шартномаҳое, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд, ба ғайр аз шартномаҳои дар моддаи 8 Қонуни мазкур зикршуда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) нисбати шартномаҳои байналмилалии дигар - аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 14. Таклифҳо дар бораи тасдиқ ва қабули шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳшави ба онҳо
Таклифҳо дар бораи тасдиқ ва қабули шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳшави ба онҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи моддаи 5 Қонуни мазкур пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 15. Эътибор пайдо кардани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиб ва дар мӯҳлатҳое, ки худи шартнома ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардаанд, эътибор пайдо мекунанд.
Моддаи 16. Тавзеҳот ба шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳангоми имзокуни, тасдиқ, қабули шартномаи байналмилали ё ҳамроҳшави ба он, дар қоидаҳои худи шартнома ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали, тавзеҳот изҳор кардан мумкин аст .
Изҳори тавзеҳоте, ки ба мақсаду мароми шартномаҳои байналмилали мухолиф аст, манъ мебошад.
Агар шартномаи байналмилали қоидаи дигаре пешбини накарда бошад, тавзеҳот ҳар вақт мутобиқи тартибе, ки онҳо изҳор шуда буданд, метавонанд бозпас хонда шаванд.
Қабули тавзеҳоти аз ҷониби тарафҳои дигари шартномаи байналмилали изҳоршуда ё эътироз нисбати онҳо мутобиқи шартҳои худи шартнома ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали аз ҷониби мақоме, ки дар бораи ризоият ба ҳатми будани шартномаи байналмилали барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кардааст, амали мегардад .
БОБИ IV. БАҚАЙДГИРИ ВА НАШРИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 17. Баҳисобгири ва бақайдгирии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳисобгири ва бақайдгирии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.
Нусхаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохил кардан ба Феҳристи давлатии санадҳои ҳуқуқи ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.
Моддаи 18. Бақайдгирии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилали
Бақайдгирии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Котиботи Созмони Милали Муттаҳид ва мақомоти дахлдори созмонҳои байналмилалии дагар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонад.
Моддаи 19. Нигоҳдории нусхаҳои аслии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусхаҳои аслии (нусхаҳои тасдиқшуда, тарҷумаҳои расми) шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, барои нигоҳдори ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду ҳафтаи баъди имзокуни (гирифтани нусхаи тасдиқшуда, тарҷумаи расми) супурда мешаванд.
Нусхаҳои аслии шартномаҳои байналмилалии байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бойгонии мақомоти дахлдори давлати нигоҳ дошта шуда, нусхаҳои тасдиқшудаи он дар давоми ду ҳафта аз рӯзи имзокуни (гирифтани нусхаи тасдиқшуда аз маҳфуздоранда, тарҷумаи расми) ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.
Моддаи 20. Иҷрои вазифаҳои маҳфуздоранда
Вазифаҳои маҳфуздорандаи шартномаҳои байналмилалии чандҷониба, дар сурати ба ӯҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуданашон, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд.
Моддаи 21. Нашри расмии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки эътибор пайдо кардаанд
Шартномаҳои байналмилалии тасдиқшуда, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо кардаанд, ҳамчунин шартномаҳои байналмилалии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз шартномаҳои байниидорави, дар "Маҷмӯаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар нашрияҳои расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мешаванд .
Шартномаҳои байналмилалии байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳои расмии мақомоти дахлдор нашр карда мешаванд.
БОБИ V. ИҶРОИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 22. Принсипҳои иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи барои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо карданашон, мавриди иҷрои софдилона қарор мегиранд.
То эътибор пайдо кардани шартномаи байналмилали мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалҳое, ки хилофи мақсаду мароми шартнома мебошанд, худдори менамояд .
Моддаи 23. Ташкили иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарури андешида, шахси мансабдор ё идораеро, ки ба зиммаи он вазифаи назорат аз болои рафти иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мешавад, муайян менамоянд.
Назорати умумии иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тарафи кишвари хориҷиро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад .
Моддаи 24. Чораҳое, ки ҳангоми вайрон кардани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокчиёни дигари он татбиқ карда мешаванд
Дар сурати вайрон кардани ӯҳдадориҳо аз рӯи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокчиёни дигари он, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ё якҷоя бо мақомоти манфиатдори давлати ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба амал овардани иқдомоти зарури мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали ва худи шартнома таклифҳо пешниҳод менамояд.
БОБИ VI. БЕКОР КАРДАН ВА БОЗДОШТАНИ АМАЛИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 25. Таклифҳо дар бораи бекор кардан ё боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таклифҳо дар бораи бекор кардан ё боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии тасдиқшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд , .
Таклифҳо дар бораи бекор кардан ё боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аз он ки аз тарафи ки қарор дар бораи ризоият ба ҳатми будани шартнома барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ё бо мувофиқати мақомоти дахлдори давлати пешниҳод карда мешаванд.
Таклифҳо дар бораи бекор кардан ё боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд инҳоро дар бар гирад:
а) нусхаи тасдиқшудаи матни расмии шартномаи байналмилали;
б) асосноккунии зарурияти бекор кардан ё боздоштани амали шартнома;
в) арзёбии оқибатҳои молияви-иқтисоди ва оқибатҳои дигари бекор кардан ё боздоштани амали шартнома.
Моддаи 26. Бекор кардан ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бекор кардан ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартҳои худи шартнома ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали аз тарафи мақоме, ки қарорро дар бораи ризоият ба ҳатми будани шартнома барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, амали мегардад.
Бекор кардани шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар шартнома қоидаи дигаре пешбини нашуда бошад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ӯҳдадориҳои иҷрои минбаъдаи шартнома озод менамояд.
Боздоштани амали шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар шартнома қоидаи дигаре пешбини нашуда бошад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз иҷрои ӯҳдадориҳо дар давраи боздоштани шартнома озод менамояд.
Моддаи 27. Хабари расми дар бораи бекор кардан ва ё боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабари расми дар бораи бекор кардан ё боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби пешбинишудаи моддаи 21 Қонуни мазкур нашр мегардад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе
11 декабри соли 1999 № 908