Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013, № 1013 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 348; с. 2001, №7, мод. 484; с. 2005, №12, мод. 654) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон ифода карда шавад.

2. Бобҳои Қонун бо ҳарфҳои калон ва рақамҳои арабӣ ифода карда шаванд.

3. Номи боби 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ".

4. Дар моддаи 1:

- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 1. Вазифаҳо ва доираи амали Қонуни мазкур";

- дар қисми якум калимаҳои "иҷро кардан" ва "байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро" мувофиқан ба калимаҳои "иҷро намудан" ва "байналмилалиро аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

5. Дар матни моддаи 2 калимаҳои "шартномаи", "шартнома", "он" ва "шартномаро" мувофиқан ба калимаҳои "шартномаҳои", "шартномаҳо", "онҳо" ва "шартномаҳоро" иваз карда шаванд.

6. Дар моддаи 3:

- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ";

...

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О МЕЖДУНАРОДНЫХ ДОГОВОРАХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 11 декабря 1999 года "О международных договорах Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1999 г., №12, ст. 348; 2001 г., №7, ст. 484; 2005 г., №12, ст. 654) следующие изменения и дополнения:

1. Название Закона писать прописными буквами.

2. Главы Закона писать прописными буквами и обозначить арабскими цифрами.

3. В статье 1:

- название статьи изложить в следующей редакции:

"Статья 1. Задачи и сфера действия настоящего Закона";

- в части первой слова "Республики Таджикистан" заменить словами "Республикой Таджикистан".

4. В тексте статьи 2 слова "международного договора", "договора, его", "к нему" и "договор" соответственно заменить словами "международных договоров", "договоров, их", "к ним" и "договоры".

5. В статье 3:

- название статьи изложить в следующей редакции:

"Статья 3. Основные понятия";

- в тексте статьи слова "Для целей настоящего Закона следующие термины означают:" заменить словами "В настоящем Законе используются следующие основные понятия:";

...