×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 № 324 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия"

Санаи амалкуни: 20.04.2021

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӯҲИСТОНИ БАДАХШОН, ВИЛОЯТ, ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ШАҲР ВА НОҲИЯ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 23, мод. 348; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 995; с. 2013, № 7, мод. 541, № 12, мод. 906; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 289; с.2020, №1, мод. 17)

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461 аз 22.07.2013 № 1015, аз 28.12.2013 № 1062, аз 30.06.2017 № 1432, аз 2.01.2020 № 1671, аз 17.12.2020 № 1750, аз 20.04.2021 № 1781)

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461 аз 22.07.2013 № 1015, аз 28.12.2013 № 1062, аз 30.06.2017 № 1432, аз 2.01.2020 № 1671, аз 17.12.2020 № 1750, аз 20.04.2021 № 1781)

Қонуни мазкур ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, фаъолият ва кафолатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро муайян менамояд.

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1062)

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1062)

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1062)

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1062)

Моддаи 1. Вакили Маҷлиси вакилони халқ

Вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, шаҳри ва ноҳияви (минбаъд - вакили Маҷлиси вакилони халқ) намояндаи ваколатдори аҳолии сокини ҳудуди дахлдор буда, дар Маҷлиси дахлдори вакилони халқ иродаву манфиати онҳоро изҳор менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461, аз 28.12.2013 № 1062, аз 30.06.2017 № 1432, аз 2.01.2020 № 1671).

Вакилон дар кори Маҷлисҳои вакилони халқ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими рушди иқтисоди, иҷтимои ва фарҳангии ҳудудро ҳаллу фасл мекунанд, иҷрои қонунҳои конститутсиони, қонунҳо ва қарорҳои мақомоти болоии ҳокимияти давлатиро дар маҳал таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1062).

Вакили Маҷлисҳои вакилони халқ кори худро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсиони, қонунҳо, инчунин дар асоси қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор ва барномаҳои пешазинтихоботи ба роҳ мемонад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1062, аз 30.06.2017 № 1432).

...

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461)

Моддаи 1. Вакили Маҷлиси вакилони халқ

Вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, шаҳри ва ноҳияви (минбаъд вилояти, шаҳри ва ноҳияви) намояндаи ваколатдори аҳолии сокини қаламрави дахлдор буда, дар Маҷлиси дахлдори вакилони халқ иродаву манфиати онҳоро ифода менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461).

Вакилон дар кори Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти, шаҳри ва ноҳияви иштирок намуда, масъалаҳои муҳими тараққиёти иқтисоди, иҷтимои ва фарҳангии қаламравро ҳаллу фасл мекунанд, иҷрои қонунҳои конститутсиони, қонунҳо ва қарорҳои мақомоти болоии ҳокимияти давлатиро дар маҳал таъмин менамоянд.

Вакили Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти, шаҳри ва ноҳияви кори худро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсиони, қонунҳо, инчунин дар асоси қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор ва барномаҳои пешазинтихоботи ба роҳ мемонад.

Шаҳрванди Тоҷикистон наметавонад дар як вақт вакили зиёда аз ду мақомоти намояндаги бошад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи хуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461).

Моддаи 3. Оғоз ва мӯҳлати ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ

Ваколатҳои вакил аз рӯзи онҳоро эътироф кардани Маҷлиси вакилони халқи дахлдор оғоз меёбанд.

Ваколатҳои вакил дар рӯзи кушодашавии иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқ даъвати нав ё худ дар мавриди пеш аз мӯҳлат қатъ ёфтани ваколатҳои пешбиникардаи моддаи 7-уми ҳамин Қонун қатъ мегарданд.

Ваколатҳои вакиле, ки ба ҷои вакили хориҷгашта интихоб шудааст, аз рӯзи онҳоро эътироф кардани Маҷлиси вакилони халқи дахлдор, ки баъди интихоб гардиданаш гузаронида мешавад, оғоз меёбанд.

Агар Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ваколатҳои баъзе вакилонро беэътибор донад, дар ҳавзаҳои дахлдори интихобот дар мӯҳлати се моҳ интихоботи нав гузаронида мешавад.

Ваколатҳои вакилро ба каси дигар додан мумкин нест.

Моддаи 4. Алоқаманд кардани фаъолияти вакил бо иҷрои вазифаҳои истеҳсоли ва хизмати

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти, шаҳри ва ноҳияви ваколатҳояшро зимни фаъолияти истеҳсоли ё хизмати амали менамояд.

Вакил ҳуқуқ дорад барои фаъолияти вакилиаш мувофиқи қонун аз иҷрои вазифаҳои истеҳсоли ё хизмати озод карда шавад. Хароҷоти вобаста ба фаъолияти вакили аз ҳисоби буҷети маҳалли таъмин карда мешавад.

Моддаи 5. Муносибати вакил ба Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти он

Вакил дорои тамоми ҳуқуқҳоест, ки иштироки ӯро дар фаъолияти Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти, шаҳри ва ноҳияви ва мақомоти ташкилкардаи онҳо таъмин менамоянд, ӯ дар назди ин мақомот масъул буда, супоришҳои онҳоро иҷро менамояд.

Вакил вазифадор аст, ки дар кори иҷлосия, ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқ, ки ба ҳайати онҳо интихоб шудааст, иштирок кунад, оид ба масъалаҳои мавриди муҳокима овоз диҳад.

Маҷлиси вакилони халқ метавонад ахбори вакили халқро дар бораи кори ӯ дар Маҷлиси дахлдори вакилони халқ оиди иҷрои қарорҳои қабулшуда ва супоришҳои ба зиммаи ӯ гузошташуда шунавад. Дар сурати аз тарафи вакил иҷро карда нашудани вазифаҳояш, вайрон кардани тартиби муқарраршудаи кор масъала дар бораи рафтори вакил мавриди муҳокимаи Маҷлиси вакилони халқ ё худ бо супориши он мавриди муҳокимаи комиссияҳои доими қарор гирифта метавонад.

Моддаи 6. Муносибати вакили Маҷлиси вакилони халқ бо интихобкунандагон, ҳизбҳои сиёси ва мақомоте, ки ӯро ба вакили халқ номзад пешбари кардаанд

Вакили халқ бо интихобкунандагон, мақомоти худидораи шаҳрвандон, коллективҳои меҳнати, ҳизбҳои сиёси, Маҷлиси вакилони халқ, ки ӯро номзад ба вакили пешбари кардаанд, робита менамояд, ба онҳо дар бораи кори Маҷлиси вакилони халқ, иҷрои нақшаҳо, барномаҳои тараққиёти иқтисоди, иҷтимоии маҳал ҳамеша маълумот медиҳад, дар ташкил ва назорати қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ иштирок менамояд, афкори аҳли ҷамъият, талабу эҳтиёҷоти аҳолиро меомӯзад, аз рӯи онҳо ба Маҷлиси вакилони халқ таклифҳои дахлдор пешниҳод мекунад.

Моддаи 6(1). Риояи меъёри одоби вакилӣ аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқ

Меъёрҳои одоби вакилӣ ва масъулият барои вайрон кардани он мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси вакилони халқ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461).

Моддаи 7. Пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ

Ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ бо қарори Маҷлиси вакилони халқ дар мавридҳои зайл қатъ мегарданд:

- дар сурати ба истеъфо баромадан бо аризаи шахси бинобар ҳолатҳое, ки ба иҷрои ваколатҳояш монеъ мешаванд ё бо сабабҳои дигари шахси;

- дар сурати аз тарафи суд ғайри қобили амал донистани вай;

- дар сурати вафот;

- бинобар эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;

- дар сурати беэътибор дониста шудани ваколатҳои ӯ;

- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461);

- дар сурати интихоб ё таъин шудани ӯ ба вазифае, ки мувофиқи қонун машғул шудан бо он ба иҷрои вазифаҳои вакили муносиб нест;

- дар сурати рози нашудан барои дар давоми як моҳ рафтан аз коре, ки машғул шудан бо он ба иҷрои вазифаи вакили муносиб нест;

- дар сурати содир кардани рафторе, ки унвони олии вакилро доғдор мекунад;

- дар сурати вакили зиёда аз ду мақоми намояндаги интихоб шудани вай (агар дар давоми як моҳи интихоб шудан аз номи ӯ дар хусуси даст кашидан аз ваколатҳои вакилии яке аз чунин мақомот аризаи хатти нарасида бошад);

- дар сурати худ аз худ пароканда шудани Маҷлиси вакилони халқ.

- барои истиқомат ва кори доимӣ берун рафтан аз ҳудуди марзию маъмурии дахлдор;

- бе сабабҳои узрнок зиёда аз се маротиба пай дар пай иштирок накардан дар ҷаласаҳои иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461).

Ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ инчунин дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои Маҷлиси вакилони халқ бо қарори Маҷлиси миллӣ дар ҳолатҳои зерин пеш аз мӯҳлат қатъ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461):

- дар сурати мунтазам аз тарафи Маҷлиси вакилони халқ иҷро нашудани Конститутся ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- агар Маҷлиси навинтихобшудаи вакилони халқ дар давоми як моҳ аз рӯзи кушодашавии иҷлосияи аввал мақомоти худро ташкил накарда бошад;

- агар Маҷлиси вакилони халқ дар давоми зиёда аз ду моҳ бинобар набудани шумораи барои кворум зарурии вакилони халқ иҷлосияро даъват карда натавониста бошад.

- ҳангоми азнавташкилдиҳии (ҳамроҳшавии, муттаҳидшавии, табдилдиҳии, тақсимшавии, ҷудошавии) воҳиди марзиву маъмурии дахлдор (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461).

Моддаи 8. Иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқ дар кори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ

Вакилон дар иҷлосияҳои Маҷлиси дахлдори вакилони халқ дар асоси муҳокимаи дастҷамъи, баробарҳуқуқ ва озодона ҳамаи масъалаҳоеро, ки мувофиқи Конститутсия (Сарқонун), қонунҳои конститутсони ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри Маҷлиси вакилони халқ аст, барраси ва ҳал мекунанд.

Агар вакил дар Маҷлиси вакилони халқ иштирок карда натавонад, вай бояд дар ин бора ба Раиси Маҷлиси вакилони халқ ё ба шахсе, ки ӯро иваз намудааст, хабар диҳад.

Моддаи 9. Ҳуқуқи вакил дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ

Вакил доир ба ҳамаи масъалаҳое, ки мавриди баррасии иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ қарор мегирад, ҳуқуқи овози ҳалкунанда дорад.

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳуқуқ дорад:

- ба мақомоти Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб кунад ва интихоб шавад;

- масъалаҳоро барои баррасии Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод кунад;

- оиди рӯзномаи иҷлосия, тартиби барраси ва моҳияти масъалаҳои баррасишаванда таклифу мулоҳизаҳои худро пешниҳод намояд;

- дар музокираҳо иштирок кунад, бо дархостҳо муроҷиат намояд, савол диҳад, таклифҳои худ ва сабабҳои овоздиҳиро асоснок кунад, маълумот диҳад, нуқтаи назари худ ва нуқтаи назари интихобкунандагонро ба маълумоти вакилон расонад;

- оиди дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ шунидани ҳисобот ё маълумоти мақомоти тобеъ ё шахси мансабдор таклифҳо пешниҳод намояд.

Вакиле, ки аз рӯи масъалаи мавриди муҳокима дар иҷлосия баромад накардааст, метавонад матни баромадашро барои дохил кардан ба протоколи иҷлосия ба раисикунанда супорад.

Вакил дигар вазифаҳоро ҳам, ки дар ин Қонун ва санадҳои дигари қонунгузори пешбини шудаанд, ба ҷо меоварад.

Моддаи 10. Ҳуқуқи вакилони Маҷлиси вакилони халқ барои муттаҳидшави дар гурӯҳҳои вакилон

Вакилон барои изҳори дастҷамъии ақидаҳои сиёсии худ, амали гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботи ҳуқуқ доранд ба гурӯҳҳои доими ё муваққатии вакилон муттаҳид шаванд.

Вакилон новобаста аз иштирокашон дар фаъолияти ягон мақомоти Маҷлиси вакилони халқ метавонанд аъзои гурӯҳҳо бошанд.

Вакилон ба ин гурӯҳҳо озодона дохил ва аз онҳо хориҷ мешаванд ва ҳангоми ба амал баровардани ваколатҳои вакили ба қарорҳои ин гурӯҳҳо вобаста намебошанд.

Барои таъсиси гурӯҳи доимии вакилон ба Раиси Маҷлиси дахлдор ариза навишта, ба он протоколи таъсиси гурӯҳи вакилон бо зикри аъзоёни гурӯҳи вакилон замима карда мешавад.

Моддаи 11. Дархости вакил

Вакили халқ ҳуқуқ дорад ба Раис, роҳбарони дигари ҳокимияти иҷроия ва мақомоти он, ба корхонаю ташкилот ва муассисаҳои воқеи қаламрави Маҷлиси дахлдори вакилони халқ оиди масъалаҳое, ки ба салоҳияти Маҷлиси вакилони халқ тааллуқ доранд, муроҷиат намояд.

Дархост аз тарафи вакил ё гурӯҳи вакилон ба шакли хатти ё шифоҳи пешниҳод карда шуда метавонад. Дархосте, ки ба шакли хатти дода шудааст, бояд дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ хонда шавад.

Мақоми давлати, шахси мансабдор, ки дархост ба вай нигаронида шудааст, ба он бояд дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ ё дар мӯҳлати дигаре, ки Маҷлиси вакилони халқ муқаррар кардааст, ҷавоби шифоҳи ё хатти диҳад. Ҷавоби дархост дар иҷлосия хонда дода мешавад. Вакил ҳақ дорад нисбати ҷавоби дархост фикрашро баён кунад. Аз рӯи ҷавоби дархост музокира доир шуда метавонад.

Маҷлиси вакилони халқ аз рӯи ҷавоби дархост ва натиҷаи он қарор қабул мекунад.

Моддаи 12. Баррасии таклифҳо ва эродҳои вакилон, ки ба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод карда шудаанд

Таклифу эродҳо, ки вакилон дар иҷлосия баён кардаанд ё дар шакли хатти ба раисикунандаи иҷлосия додаанд, аз тарафи Маҷлиси вакилони халқ, комиссияҳои доимии он барраси карда мешаванд ё аз тарафи онҳо барои барраси ба мақомоти дахлдори давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва шахсони мансабдор фиристода мешаванд.

Мақомоти давлати ва иттиҳодияҳои ҷамъияти, инчунин шахсони мансабдор, ки таклифу эродҳои дар иҷлосия пешниҳодкардаи вакилон ба онҳо равон карда шудаанд, вазифадоранд онҳоро дар давоми як моҳ дида бароянд ва аз натиҷааш бевосита ба вакил, инчунин ба Маҷлиси вакилони халқ хабар диҳанд.

Назорат оиди барраси ва амали кардани таклифу эродҳое, ки вакилон дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод кардаанд, аз тарафи Раис ё комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқ сурат мегирад.

Моддаи 13. Фаъолияти вакил дар мақомоти Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти, шаҳри ва ноҳияви

Вакиле, ки ба ҳайати комиссияи доими ё мақомоти дигари Маҷлиси вакилони халқ дохил мешавад, метавонад ҳар масъала ва таклифҳо барои барраси ба мақомоти мазкур пешниҳод намояд, дар таҳияи онҳо барои барраси, муҳокима ва аз рӯи онҳо қабул карда шудани қарорҳо, ҳамчунин дар ташкили иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ ва комиссияҳои доимии он, дар назорат ба иҷрои онҳо иштирок кунад.

Вакиле, ки ба ҳайати комиссияи доими дохил мешавад, дар сурати норози будан аз қарори он, метавонад нуқтаи назари худро дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ баён кунад ё аз он хатти ба раисикунанда хабар диҳад.

Вакиле, ки ба ҳайати комиссияи доими интихоб шудааст, дар кори он бо ҳуқуқи овози ҳалкунанда иштирок мекунад.

Вакиле, ки аъзои комиссия нест, метавонад дар ҷаласаҳои он бо ҳуқуқи овози машварати иштирок намояд.

Моддаи 14. Ҳуқуқу вазифаҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳангоми кор кардан дар ҳавзаи интихобот

Вакил дар ҳавзаи интихоботи худ ҳуқуқ дорад:

- дар баррасии ҳар гуна масъалаҳои ба манфиатҳои шаҳрвандон дахлдошта, ки аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иттиҳодияҳои дахлдори ҷамъияти сурат мегирад, иштирок кунад. Бо талаби вакил ин мақомот вазифадоранд дар бораи баррасии ин гуна масъалаҳо пешаки хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461);

- бо интихобкунандагони ҳавза мақомоти худидораи шаҳрвандон маҷлисҳо гузаронад, бо коллективҳои меҳнати, мақомоти аҳзоби сиёси вохӯриҳо доир намояд, дар маҷлисҳои мақомоти худидораи минтақавии ҷамъияти ширкат варзад.

Вакили халқ ҳуқуқи бештар дорад, ки аз рӯи масъалаҳои фаъолияти вакилиаш дар воситаҳои ахбори оммави, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати таъсис медиҳанд, баромад кунад.

Вакили халқ вазифадор аст:

- Шаҳрвандонро мунтазам қабул кунад, ба аҳоли дар бораи кори Маҷлиси вакилони халқ ва иштироки худ дар он, дар бораи иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ, барномаҳои тараққии иқтисоди ва иҷтимои, ҳамчунин аз барномаи пеш аз интихоботии худ хабар диҳад;

- дар ташкил ва назорати қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти он иштирок кунад;

- афкори ҷамъият, эҳтиёҷоту дархостҳои аҳолиро омӯзад, дар ин бора ба Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти он, ба мақомоти дигари давлати ё иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаю муассисаҳо хабар диҳад, таклифҳо пешниҳод кунад ва барои ҳалли онҳо тадбирҳо андешад.

Вакил бояд соле камаш ду бор дар назди интихобкунандагони ҳавза аз кори худ, аз рафти иҷрои барномаи пешазинтихоботи ҳисобот диҳад.

Вакил ҳамчунин дорои дигар ҳуқуқу вазифаҳое мебошад, ки дар ҳамин қонун ва санадҳои дигари қонунгузори пешбини гардидаанд.

Моддаи 15. Муроҷиати шаҳрвандонро барраси кардани вакили Маҷлиси вакилони халқ

Вакил таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳои ба ӯ расидаро бо тартиби дар қонунгузори муқарраргардида барраси менамояд, барои дуруст ва сари вақт ҳаллу фасл шудани онҳо чора мебинад, шаҳрвандонро ба ҳузур мепазирад: барои рафъи сабабҳои шикоят кардан ба Маҷлиси вакилони халқ, ба мақомоти он ва корхонаю муассиса, ташкилотҳои дахлдор таклифҳо пешниҳод менамояд.

Вакил ҳуқуқ дорад мансабдорони мақомоти давлати, корхонаю муассиса ва ташкилотҳоеро, ки дар ҳудуди мақоми дахлдори интихобии ҳокимият воқеанд барои иштирок кардан дар қабули шаҳрвандон даъват намояд.

Вакил ҳақ дорад ба баррасии таклифҳо ва арзу шикоятҳои фиристодааш назорат кунад, дар муҳокимаи онҳо шахсан иштирок намояд. Шахсони мансабдори корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо вазифадоранд, ки ба фаъолияти назоратии вакил ёри расонанд.

Вакил шаҳрвандонро дар маҳалли истиқомати интихобкунандагон ё дар ҷои дигари муайянкардааш ба ҳузур мепазирад.

Моддаи 16. Мусоидат ба вакили Маҷлиси вакилони халқ барои гузаронидани вохӯри бо интихобкунандагон

Роҳбарони мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти, ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, вазифадоранд дар қаламрави Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ба вакилони Маҷлиси вакилони халқ дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда мусоидат кунанд.

Ба вакили халқ барои гузаронидани вохӯри бо интихобкунандагони ҳавза шароити зарури муҳайё карда мешавад. Бо хоҳиши ӯ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маъмурияти корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, бино ҷудо мекунанд, ба шаҳрвандон дар бораи рӯзу ҷои мулоқот бо интихобкунандагон хабар медиҳанд, бо пешниҳоди вакили халқ намояндагони худро ба мулоқотҳо мефиристанд, боз ёрии дигар мерасонанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461).

Дар сурати рад кардани талабҳои қонунии вакилон шахсони мансабдори ба он гуннаҳкор бо пешниҳоди Раис мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузори ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 17. Ҳуқуқи вакили Маҷлиси вакилони халқ барои ӯро бетаъхир қабул кардани мансабдорон

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти, шаҳри ва ноҳияви ҳуқуқ дорад, ки ӯро роҳбарон ва дигар мансабдорони мақомоти худидора, мақомоти ҳокимияти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои воқеи қаламрави дахлдори ҳокимияти давлати аз рӯи масъалаи фаъолияти вакили бетаъхир ба ҳузур пазиранд ва ҳамчунин ӯ ҳуқуқ дорад, ки шаҳодатномаи вакилиашро нишон дода, дар ҳудуди Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ба тамоми мақомоти давлати ва иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо бемамониат дарояд.

Тартиби даромадани вакилон ба корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлати ё махфияти дигари таҳти ҳифозати қонун алоқаманд аст, бо қонун муқаррар карда мешавад.

Моддаи 18. Вазифаҳои шахсони мансабдор оиди баррасии муроҷиати вакили Маҷлиси вакилони халқ

Вакил ҳақ дорад аз рӯи масъалаҳои фаъолияти вакили ба тамоми мақомоти давлати, мақомоти худидораи шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият дар қаламрави Маҷлиси дахлдори вакилони халқ, ба шахсони мансабдор муроҷиат намояд ва дар муҳокимаи масъалаҳо иштирок кунад. Ин мақомоту мансабдорон вазифадоранд, ки ба муроҷиати вакил бетаъхир ва ҳангоми зарурати ба таври илова омӯхтан ё тафтиш кардани ягон масъала камаш дар давоми як моҳ ҷавоби хатти ё даҳони диҳанд.

Муроҷиати вакилон аз рӯи масъалаҳои хеле муҳим, аз ҷумла оиди зарурати қабул кардан, тағйир додан ё бекор намудани қарори мақоми дахлдор бояд ҳатман мавриди барраси қарор гирад. Аз рӯзи баррасии масъала вакил бояд пешаки воқиф гардонда шавад.

Вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти, шаҳри ва ноҳияви ҳақ надоранд, ки ба фаъолияти мақомоти таҳқиқ, тафтишот ва судҳо дахолат кунанд.

Моддаи 19. Ҳуқуқи вакил барои гирифтани маълумот ва машварат

Вакил ҳақ дорад ҳуҷҷатҳо, маводи иттилооти ва маълумотии қабулкардаи Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқро гирад ва оиди масъалаҳои фаъолияти вакили аз маслиҳати мутахассисон баҳравар гардад. Вакил ҳақ надорад маълумоти дорои сирри давлати ва тиҷоратиро, ки бинобар иҷрои вазифаи вакили халқ ба вай маълум шудааст, ба манфиати шахсони ҳуқуқи ва воқеи истифода намояд.

Моддаи 20. Ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шарафи вакили Маҷлиси вакилони халқ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар вакили Маҷлиси вакилони халқ барои бе мамониат ва самарабахш ба ҷо овардани ваколатҳояш кафолат медиҳад, ҳуқуқ, шаъну шарафи ӯро ҳифз менамояд.

Шахсоне, ки ба шаъну шарафи вакили Маҷлиси вакилони халқ таарруз мекунанд ё ба ӯ, аъзои оилаи вай ва ё хешу табораш бо мақсади монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои вакилиаш дигар хел таъсири ғайриқонуни мерасонанд ё худ бар хилофи иродааш ӯро ба манфиати ягон кас ба қабул намудани қарор моил кардан мехоҳанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарии маъмури ё ҷинои кашида мешаванд.

Мансабдорони мақомоти давлати ва иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки дар қаламрави Маҷлиси дахлдори вакилони халқ воқеъ буда, вазифаҳои худро дар назди вакили халқ иҷро накарда, ба ӯ дидаю дониста хабари дуруғ медиҳанд, кафолатҳои фаъолияти вакилиро вайрон мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 21. Дахлнопазирии вакили Маҷлиси вакилони халқ

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти, шаҳри ва ноҳияви дар қаламрави дахлдор ҳуқуқи дахлнопазири дорад. ӯро бе розигии Маҷлиси вакилони халқ, ки вакили он ба ҳисоб меравад, ба истиснои мавридҳои боздошт кардан дар сари ҷиноят, дастгир кардан, ҳабс намудан, маҷбуран гирифта овардан аз тариқи суд ҷазои маъмури додан ва ба ҷавобгарии ҷинои кашидан мумкин нест.

Вакили Маҷлиси вакилони халқ дар ҳудуди марзию маъмурии дахлдор мавриди кофтуков (азназаргузаронии шахсӣ) қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461).

Парвандаи ҷинои нисбати вакил аз тарафи прокурори қаламрави дахлдор ё прокурори болои оғоз карда шуда метавонад.

Моддаи 22. Тартиби гирифтани розиги барои ба ҷавобгари кашидани вакили Маҷлиси вакилони халқ

Барои гирифтани розигии Маҷлиси вакилони халқи вилояти, шаҳри ва ноҳияви дар бобати ба ҷавобгарии ҷинои кашидан, дастгир намудан, ҳабс кардан ё аз тариқи суд ба вакил додани ҷазои маъмури прокурори дахлдор пеш аз айбдоркунии вакил, барои иҷозат додан ба дастгир намудан, ҳабс кардан ё ба суд фиристодани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмури нисбати ӯ ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ бо пешниҳод муроҷиат мекунад.

Пешниҳоди прокурор камаш дар давоми як моҳи гирифтани он барраси мегардад. Дар мавридҳои зарури аз прокурор ҳуҷҷатҳои иловаги талаб карда гирифтан мумкин аст. Вакиле, ки нисбати ӯ пешниҳод манзур шудааст, ҳақ дорад дар муҳокимаи масъалаҳо иштирок кунад. Аз қарори қабулшуда ба прокурори дахлдор дар давоми се рӯз хабар дода мешавад. Дар сурати вуҷуд доштани асос қарори қабулшударо тағйир додан мумкин аст.

Прокурори болои дар сурати норози будан аз қарори Маҷлиси вакилони халқ метавонад мувофиқан ба Маҷлиси болоии вакилони халқ, ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хусуси бекор кардани қарор ва барои баррасии дубора ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ супоридани масъала таклиф пешниҳод кунад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461).

Прокуроре, ки таклиф пешниҳод кардааст, бояд дар давоми се рӯзи пас аз анҷом ёфтани тафтиши парванда ба мақомоти ваколатдори ҳокимият, ки барои ба ҷавобгари кашидан ва ҳабс кардани вакили халқ иҷозат додааст, аз натиҷаи тафтишот ё баррасии парванда хабар диҳад.

Моддаи 23. Кафолати ҳуқуқи меҳнатии вакили Маҷлиси вакилони халқ

Вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо ба ғайр аз Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, дар давраи ваколатҳояш бо ташаббуси маъмурият дар корхона, муассиса ё ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликият аз кор озод карда, аз донишкада хориҷ намудан ё ба тариқи ҷазои интизоми бидуни розигии пешакии Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ва дар давраи байни иҷлосияҳо бидуни розигии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ба кори муздаш кам гузарондан мумкин нест. Қарори Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе оиди ин масъала ба тасдиқи мақомоти дахлдори намояндагии ҳокимият гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461).

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри, ноҳиявиро, ба ғайр аз Раиси шаҳру ноҳияи дахлдор, дар давраи ваколатҳояш бо ташаббуси маъмурият дар корхона, муассиса ё ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликият аз кор озод кардан, аз донишкада хориҷ намудан ё ба тариқи ҷазои интизоми бидуни розигии пешакии Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ба кори муздаш кам гузарондан мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461).

Дар ҳолатҳои дигар ба кори дигар ва ҷои дигар гузаронидани вакил танҳо бо розигии худи ӯ тибқи қонунгузории ҷори мумкин аст.

Моддаи 24. Ҳуқуқи аз воситаҳои нақлиёт бепул истифода кардани вакили Маҷлиси вакилони халқ

Вакил дар қаламрави Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ҳуқуқ дорад аз тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркашон, ғайр аз такси ва воситаҳои нақлиётие, ки ба шаҳрвандон ҳамчун моликияти шахси тааллуқ доранд, бепул истифода барад.

Моддаи 25. Ҳуқуқи вакили Маҷлиси вакилони халқ барои рухсатии иловагии пулаки

Барои вакили Маҷлиси вакилони халқ ба рухсатии ҳарсолааш ду рӯзи кори рухсатии иловагии пулаки дода мешавад.

Моддаи 26. Таъмини шароит ба вакилони Маҷлиси вакилони халқ барои амали намудани ваколатҳояшон

Хизматрасонии ташкили ва моддию техники ба вакилон барои амали намудани ваколатҳояшон аз тарафи дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия таъмин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461).

Моддаи 27. Шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакили Маҷлиси вакилони халқ

Вакили халқ дорои шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакил мебошад.

Вакил дар давоми мӯҳлати ваколатҳояш аз шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакили истифода мекунад. Низомномаи шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакили, ҳамчунин намунаи шаҳодатнома ва нишони сарисинагиро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461).

Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони вокеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов

ш. Душанбе 

 13 декабри соли 1996 № 324