Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 № 461 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи статуси вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи статуси вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 "Дар бораи статуси вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, № 23, мод. 348) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар ном ва дар тамоми матни Қонун калимаи "статуси" ба калимаи "вазъи ҳуқуқии" ва калимаҳои "Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ" ба калимаҳои "Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия" иваз карда шаванд.

2. Дар номи Қонун калимаҳои "вакилони халқӣ" ба калимаи "вакили" иваз карда шаванд.

3. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи хуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад".

4. Моддаи 6(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 6(1). Риояи меъёри одоби вакилӣ аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқ

Меъёрҳои одоби вакилӣ ва масъулият барои вайрон кардани он мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси вакилони халқ муқаррар карда мешавад".

5. Дар моддаи 7:

- сархатҳо бо "-" ишора карда, ба модда сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

- барои истиқомат ва кори доимӣ берун рафтан аз ҳудуди марзию маъмурии дахлдор;

- бе сабабҳои узрнок зиёда аз се маротиба пай дар пай иштирок накардан дар ҷаласаҳои иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О статусе народных депутатов Маджлиса народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, областного, городского и районного Маджлисов народных депутатов"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 13 декабря 1996 года "О статусе народных депутатов Маджлиса народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, областного, городского и районного Маджлисов народных депутатов" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан 1996 г., № 23, ст. 348) следующие изменения и дополнения:

1. В названии и во всем тексте Закона слова "статусе народных депутатов" заменить словами "правовом статусе депутата" и слова "Маджлиса народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, областного, городского и районного Маджлисов народных депутатов" заменить словами "Маджлиса народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов".

2. Статью 2 изложить в следующей редакции:

"Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о правовом статусе депутата Маджлисов народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов

Законодательство Республики Таджикистан о правовом статусе депутата Маджлисов народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона и других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.".

3. Дополнить текст настоящего Закона статьей 6(1) следующего содержания:

"Статья 6(1). Соблюдение депутатской этики депутатом Маджлиса народных депутатов

Нормы депутатской этики и ответственность за их нарушение устанавливается в соответствии с требованиями Регламента Маджлиса народных депутатов.".

4. В статье 7:

- цифры, обозначающие абзацы, заменить знаком "-" (дефис) и внести в текст статьи новые абзацы следующего содержания:

"- в связи с выездом за пределы соответствующей административно-территориальной единицы на постоянные проживание и работу;

- при отсутствии без уважительных причин более трех раз подряд на заседаниях сессии Маджлиса народных депутатов.";

- в часть вторую статьи внести новый абзац следующего содержания:

...