ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ДАКТИЛОСКОПӢ
(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 647, аз 27.11.2014 № 1143, аз 17.12.2025 № 2226)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ, инчунин тартиби гузарондан, нигоҳдорӣ, такмилдиҳӣ, танзим ва нобуд кардани маводи дорои маълумоти бақайдгирии давлатии дактилоскопиро муайян менамояд (№ 2226).
Моддаи 1. Мақсадҳои қонун
Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади зайл ҷорӣ карда мешавад:
- тасдиқ кардани шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд ва ё панноҳгоҳ, меҷӯянд;
- муқаррар намудани шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо сабаби вазъи саломатӣ ва ё синну сол дар бораи шахсияти худ маълумот дода наметавонанд ;
- муқаррар намудани шахсияти ҷасадҳои номаълум ;
- муайян намудани шахсияти ҷасадҳои шинохтанашуда (№ 2226).
Моддаи 2. Мафҳум ва намудҳои бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ
Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ яке аз шаклҳои тасдиқ кардани шахсияти инсон бо ёрии маълумот дар бораи расми нақши папилярии ангуштони даст, танзим, нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ бо мақсадҳое мебошад, ки Қонуни мазкур муайян намудааст.
Тарзи қабули маълумоти нишондодашуда набояд, ки хавфе барои ҳаёт ва саломатии инсон дошта бошад, шаъну шарафи ӯро паст кунад (№ 2226).
Дар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, амалҳои зерин гузаронида мешавад:
...