ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТУРИЗМ
(Қонун аз 26.12.2005 № 126)
Моддаи 1. Хадафҳои ҳамин Қонун
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи, иқтисоди, иҷтимои, ташкили ва ҳамчунин қоидаҳои ягонаи фаъолияти туристиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки дар ҳамин Қонун истифода мешаванд
Дар ҳамин Қонун мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
туризм - шуғлест, ки усулҳои ташкили истироҳатро тавассути солимгардони, шиносои, дини, тиҷорати, варзиши ва дигар хадафҳои воситаҳои саёҳат ва иқомати муваққатии берун аз ҳудуди ҷои истиқомати доимиро дар бар мегирад;
туризми дохили - ташкили саёҳат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ашхосе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доими доранд;
туризми сайёр - ташкили саёҳат ба дигар кишварҳо барои ашхосе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доими доранд;
туризми ташрифи - ташкили саёҳат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ашхосе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доими надоранд;
туризми иҷтимои - саёҳате, ки аз маблағҳои аз тарафи давлат барои эҳтиёҷоти иҷтимои ҷудо карда, пардохта мешавад;
туризми худфаъолияти - саёҳат бо истифодаи воситаҳои серистеъмоли ҳамлу нақл, ки саёҳон мустақилона ташкил мекунанд;
туризми варзишию кӯҳгарди - намуди истироҳати фаъоле, ки ба ташкили пайроҳаҳои пиёдагард дар шароити кӯҳсор алоқаманд аст;
кӯҳнаварди (альпинизм) - намуди ғайриоддии туризм, ки бо баромадан ба кӯллаҳои кӯҳи алоқаманд аст;
турист - шаҳрвандест, ки ба мамлакат (макон) муваққатан ба мақсади солимгардони, шиносои, касбию хизмати, варзиши, дини ва дигар мақсадҳо ташриф меорад;
саёҳат (тур) - сафари туристи бо пайроҳаҳои муайян дар мӯҳлатҳои муайян бо таъмини маҷмӯи хизматрасониҳо оид ба ҷобаҷокуни, ҳамлу нақд, озуқа, хизматрасониҳои экскурсиони, инчунин хизмати роҳбаладону тарҷумонҳо ва дигар хизматрасониҳо, ки вобаста ба мақсади саёҳат дар мавриди таъмини кафолати амнияти онҳо, ҳимоя ва ҳифзи тандурустии туристон пешниҳод карда мешаванд;
маҳсулоти туристи - ҳуқуқ ба саёҳат, ки барои фурӯш, ба турист мутобиқи дастурҳои муқарраркардаи давлат пешбини гардидааст. Маҳсулоти туристи бо дарназардошти вазъи бозори туристи ё тибқи фармоиши мушаххаси турист ташаккул меёбад. Фурӯши маҳсулоти туристи дар асоси шартнома амали карда мешавад;
фаъолияти танзими туризм - фаъолият оид ба ташаккул, пешбурд ва фурӯши маҳсулоти туристи, ки дар асоси иҷозатнома аз ҷониби ашхоси ҳуқуқи ё воқеи (минбаъд - "танзимгари туризм") амали мегардад (Қонун аз 26.12.05с. № 126);
фаъолияти агентии туризм - фаъолият оид ба пешбурд ва фурӯши маҳсулоти туристи, ки дар асоси иҷозатнома аз ҷониби ашхоси ҳуқуқи ё воқеи минбаъд ("агентии туристи") амали мегардад (Қонун аз 26.12.05с. № 126);
Кадастри давлатии захираҳои туристи - номгӯи объектҳои табии ва таърихию мадани, ки дастоварди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
саноати туристи - маҷмӯи меҳмонхонаҳо ва дигар воситаҳои ҷойгиршави, нақлиёт, муассисаҳои хӯроки умуми, тамошо, шиносои, хизмати, солимгардони, варзиши ва воситаҳои таъиноти дигар, ки ташкили фаъолияти танзими туризм ва агентии туристиро амали месозанд;
пешбурди маҳсулоти туристи - маҷмӯи тадбирҳое, ки ба фурӯши маҳсулоти туристи (реклама, иштирок дар намоишгоҳҳои махсусгардонидашуда, ярмаркаҳо, ташкили марказҳои иттилоотии туристи оид ба фурӯши маҳсулоти туристи, нашри феҳристҳо, буклетҳо ва ғ.) нигаронида шудаанд;
захираҳои туристи - маҷмӯи захираҳои экологи, табиию иқлими, фарҳангию таърихи ва солимгардони ва захираҳои дигари дамгири дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қонеъ сохтани маҷмӯи талаботи гуногуни туристон мувофиқ мебошанд;
квотаи туристи - маҳдудияти миқдории ташриф ба объектҳои туристию саёҳати ё хатти сайр, ки ба таркиби захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ҳастанд ва бо зарурати ҳифз аз вайроншави ва дигар шартҳои истифодаи он иртибот доранд;
субъекти фаъолияти туристи - ашхоси ҳуқуқи ва воқеи, аз он ҷумла ашхоси ҳуқуқи ё воқеии хориҷи, ё ашхоси бе шаҳрванди, ки хизматрасонии туристиро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд;
истироҳат - барқарорсози ва обутоби қувваи ҷисмонию маънавии инсон дар муҳити атроф тавассути истироҳат, аз он ҷумла бо туризм;
роҳҳати туристи - асноди алоҳида, ки дар байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи хизмати туристи як навъи шартнома мебошад ва пардохти онҳоро тасдиқ мекунад;
шикори байналхалқи - шикор бо тартиб ва шароити муайянкардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки шаҳрвандони хориҷи, ки онро субъекти фаъолияти туристии дорои иҷозатномаи дахлдор ташкил менамояд. Ташкили шикори байналхалқи яке аз намудҳои фаъолияти туристи мебошад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба туризм
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба туризм бар пояи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар қонунҳою санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи туристи, ки дар асоси онҳо интишор мегарданд ва инчунин шартномаҳои байналхалқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуда, иборат аст.
Моддаи 4. Истифодаи захираҳои туристи
Захираҳои туристи, ки аҳамияти милли ва байналхалқиро доранд, дастовардҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Барои қайди истифодаи онҳо Кадастри давлатии захираҳои туристи тартиб дода шуда, барои тамошои онҳо квота муқаррар мешавад.
Ба бемузд ва бе подош истифода бурдани захираҳои туристи, ки ба Кадастри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, роҳ дода намешавад.
Моддаи 5. Мақсад, усул ва роҳҳои танзими давлатии фаъолияти туристи
Мақсадҳои асосии танзими давлатии фаъолияти туристи инҳо мебошанд:
1) таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба истироҳат, ҳаракати озод ва дигар ҳуқуқҳо дар мавриди саёҳат;
2) ҳифзи муҳити зист;
3) муайян намудани номгӯи ҳарсолаи объектҳои табии, таърихию мадани, аз он ҷумла ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда, ки тамошои онҳо дар асоси квота муқаррар карда мешавад;
4) ривоҷ додани саноати туристи, ҳамчун таъминкунандаи талаботи шаҳрвандон ҳангоми саёҳат;
5) ривоҷ додани робитаҳои байналхалқи дар соҳаи туризм;
6) истифодаи оқилонаи дастовардҳои табии ва фарҳанги.
Самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи туризм дастгири ва инкишофи туризми дохили, воридоти, иҷтимои ва худфаъолияти мебошанд.
Танзимкунии давлатии фаъолияти туристи бо роҳҳои зайл амали гардонида мешавад:
-эҷод намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқи, ки ба ташаккули муносибатҳо дар соҳаи саноати туристи равона карда шудаанд;
-ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати давлат дар соҳаи туризм;
-ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои туристон, таъмин намудани бехатарии онҳо;
-муқаррар намудани тартиби стандартизатсия, сертификатсия ва иҷозатномадиҳи дар соҳаи туризм;(Қ
-ҳавасмандкунии маблағгузории милли ва хориҷи барои инкишофи фаъолияти туристи;
-фароҳам овардани имкониятҳои якхела дар бозори хизматрасонии туристи барои субъектҳои соҳибкор новобаста аз шакли моликият, дастгирии инкишофи рақобат, таъмин намудани риояи қонунгузории зиддимонополияви дар ин соҳа;
-вусъат додани ҳамкори бо мамлакатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналхалқи, иштирок дар барномаҳои байналхалқии туризм, коркард ва бастани шартномаҳои байналхалқии ду ва чандтарафа дар соҳаи туризм ва муайян кардани тартиби амали намудани онҳо.
Моддаи 6. Намудҳои асосии фаъолияти туристи
Намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи туризм инҳо мебошанд:
1) ташкили қабул ва хизматрасони дар чорчубаи маърифати, экологи, туризми варзишию куҳи, кӯҳнаварди, шикори байналхалқи, фиристодани туристон ба хориҷа ба мақсади истироҳат, таҳсил, муолиҷа, зиёрати дини ва тиҷорат;
2) ташкили чорабиниҳои оммавии туристи-тандурусти, вақтхуши, махсус гардонидашуда ва дигар чорабиниҳо, ки бо туризм алоқаманданд.
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи туризм
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон дар соҳаи туризм дохил мешаванд:
1) қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки фаъолияти туристиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим месозанд;
2) муқаррар намудани тартиби воридоту содироти хизматрасонии туристи;
3) баста шудани созишномаҳои байниҳукумати дар соҳаи туризм ва муайян намудани тартиби тадбиқи онҳо:
4) тасдиқи барномаҳои давлатии инкишофи туризм, ки ба такмили саноати туристи равонаанд, иштирок дар иҷрои барномаҳои байналхалқи;
5) муқаррар ва ҷори намудани тартиби истифодаи захираҳои туристи бо мақсади туризм ва ҷуброни зарарҳои расонидашуда;
6) Банди 6 моддаи 7 хориҷ карда шуд (Қонун аз 26.12.05с. № 126).
7) фароҳам овардани шароит барои ҷалб намудани сармоягузорон ба соҳаи туризм;
8) ташкили усулҳои давлатии тайёр намудани мутахассисони соҳаи туризм ва таъминоти илмии соҳаи туристи;
9) муайян намудани тарифҳои ягона барои баромадан ба қуллаҳои кӯҳи, пардохти наҷоти кӯҳи, боҷи экологи;
10) ҳалли дигар масъалаҳое, ки тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти ӯ вобастаанд.
Моддаи 8. Салоҳияти мақомоти идораи давлати дар соҳаи туризм
Сиёсати давлати ва ҳамоҳангсозии фаъолияти туристиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатии идоракунии соҳаи туризм ба амал мебарорад.
Ба салоҳияти мақомоти идораи давлати дар соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
1) амали намудани барномаи давлатии туризм дар Тоҷикистон ва таъмини иҷрои шартномаҳо, созишномаҳои байналхалқи дар соҳаи туризм;
2) намояндагии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналхалқии туристи;
3) таҳияи меъёрҳо ва муайян кардани стандартҳои давлатии хизматрасонии туристон дар ҷумҳури;
4) ҳамоҳангсозии фаъолият ва роҳбарии меъёрию методи ба субъектҳои фаъолияти туристи;
5) роҳбари ба намояндагиҳои дар хориҷа будаи худ;
6) бо тартиби муқарраршуда амали намудани иҷозатномадиҳи ба фаъолияти туристи (Қонун аз 26.12.05с. № 126);
7) муқаррар намудани квотаи туристии мутаносиби баробар дар байни субъектҳои фаъолияти туристи барои тамошои объектҳои туристию экскурсиони, ки ба Кадастри давлатии захираҳои туристи бо сабаби зарурияти муҳофизати онҳо аз вайрошави дохил ҳастанд;
8) назорат аз рӯи сифати хизматрасонии туристии пешниҳодшаванда ва иҷрои шартҳои иҷозатномадиҳи ва сертификатсия дар соҳаи туризм (Қонун аз 26.12.05с. № 126);
9) амали гардонидан, тайёр ва ҷобаҷогузории кадрҳо (ба ғайр аз субъектҳои фаъолияти туристии ғайридавлати), гузаронидани корҳои илмию тадқиқоти дар соҳаи туризм ва ташкили Кадастри давлатии захираҳои туристи;
10) ҳалли дигар масъалаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти ӯ вобаста намудааст.
Моддаи 9. Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолияти туристи ва сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонии туристи
Иҷозатномадиҳии фаъолияти туристи мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" амали карда мешавад. Сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонии туристиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонун аз 26.12.05с. № 126).
Моддаи 10. Суғуртакуни ҳангоми иҷрои фаъолияти туристи
Дар ҳолате, агар қонунгузории мамлакат (мақони) иқомати муваққати талаботи кафолати пардохтро барои мадади тибби ба ашхосе, ки дар ҳудуди он муваққатан иқомат доранд ҷори намуда бошад, танзимгари (агенти) туристи вазифадор аст, чунин кафолатҳоро пешниҳод намояд. Суғуртакунии туристи дар мавриди бемории тасодуфи ва ҳодисаҳои нохуш, шакли асосии додани чунин кафолатҳо мебошад.
Бо талаби турист, танзимгари (агенти) туристи ба суғуртакунии ҳодисаҳои хавфи таваккалии ба саёҳат вобаста кӯмак мерасонад.
Суғуртаи хавфҳои таваккали дар туризм, ки хатари зиёдро ба ҳаёту саломатии туристон таҳдид карда, хароҷоти зиёдро барои наҷотдиҳи талаб мекунад, аз тарафи субъекти фаъолияти туристи бо ризоияти турист амали мегардад.
Суғуртаи хавфҳои таваккали ихтиёри буда, аз ҷониби туристон ба таври мустақилона ё тавассути субъектҳои фаъолияти туристи иҷро мешавад.
Моддаи 11. Ҳуқуқ ва вазифаҳои субъектҳои фаъолияти туристи
Ҳуқуқҳои субъектҳои фаъолияти туристи мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар барои фаъолияти соҳибкори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷи", "Дар бораи сиёсати зиддимонополияви2, "Дар бораи инвеститсияҳои хориҷи", Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои мазкур ва дигар санадҳои ҳуқуқию меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Субъектҳои фаъолияти туристи, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд, вазифадоранд:
1) барои ҳуқуқи шуғл ба фаъолияти туристи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома, инчунин сертификати мутобиқат ба маҳсулот ва хизматрасонии туристии пешниҳодшаванда дошта бошанд (Қонун аз
25.12.05с. № 126);
2) оид ба хизматрасони ба туристон ба тартиби муқарраргашта ҳисоботи асноди баранд;
3) ба мақомоти идораи давлати дар соҳаи туризм тибқи намунаҳои муқарраршуда маълумот ва ҳисобот пешниҳод намоянд;
4) ба турист оид ба ташкил ва гузаронидани саёҳат маълумоти пурра ва дақиқ, дода, ба турист барои хизматрасониҳо мутобиқи маълумоти пешниҳодшуда роҳҳати туристии намунаи ягона фурӯшанд;
5) бехатарии туристон ва нигоҳдории амволи онҳо, муҳайё намудани шароити амният барои кори туристи, омӯзонидани қоидаҳои амният, расонидани ёрии таъҷилиро ба туристон таъмин намуда, барои зарари ба туристон расонидашуда мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар ҳастанд;
6) оид ба масъалаҳои эҳёи индустрияи туристи (сохтмони меҳмонхонаҳо, базаҳои туристи, кемпингҳо, марказҳои истироҳати ва г.) бо мақомоти идораи давлати мувофиқа кунанд;
7) субъекти фаъолияти туристи ҳангоми ташкил ва амали сохтани саёҳат, дар назди муштари, чи барои амали худ ва чи барои амали шарикони хеш оид ба ташкили саёҳат (пешниҳоди хизматрасонии ҷойгиркуни, озуқа, нақлиёт ва дигар хизматрасоние, ки дар барномаи сафар ворид гардида, дар роҳҳат зикр шудаанд) ва фурӯши он ҷавобгар мебошад.
Моддаи 12. Роҳбари гурӯҳи туристи
Роҳбари гурӯҳи туристи дар рафти саёҳат ва мӯҳлати сафар дар сафари туристии гурӯҳи туристи намояндаи расмии субъекти фаъолияти туристи мебошад. Роҳбари гурӯҳи туристи аз ҷониби субъекти фаъолияти туристи дар асоси шаҳодатномаи тахассуси, ки бо тартиби муайянкардаи мақомоти идораи давлати дар соҳаи туризм дода мешавад. таъин мегардад.
Вазифаҳои роҳбари гурӯҳи туристиро субъекти фаъолияти туристи муайян мекунад.
Моддаи 13. Шартнома (қарордод), роҳҳат ба саёҳат (тур) ва хизматрасониҳои туристи
Субъектҳои фаъолияти туристи ҳангоми ташкили сафари туристи ба турист роҳҳати намунаи ягонаро бо имзои шахси масъул, ки бо муҳри корхонаи мазкур (субъект) тасдиқ карда шудааст, ба расмият дароварда, медиҳанд. Шартнома (қарордод) дар ҳолате басташуда ҳисобида мешавад, ки агар корхонаи туристи роҳҳат дода бошад ва муштари пардохти дахлдорро мувофиқи шартҳои шартнома (қарордод) супурда бошад.
Субъекти фаъолияти туристи метавонад зарарҳоро ҷуброн накарда шартномаро бекор кунад дар ҳолате, ки агар далели бекоркуни ба маълумоти турист ҳангоми мавҷудияти ҳолатҳои рафънопазир сарфи назар аз иродаи ӯ, ки ба амали шудани саёҳат ё пешниҳоди хизматрасони монеъ мегардад, шахсан на дертар аз 15 рӯз то санае, ки сафар аз он оғоз меёбад, расонида шуда бошад.
Дар ин ҳолат ҳамаи маблағе, ки қаблан аз тарафи турист супурда шудааст, ба ӯ баргардонида мешавад.
Моддаи 14. Роҳхат
Туристон барои саёҳат кардан роҳхати намунавиро, ки бастани шартномаро ба саёҳат тасдиқ мекунад, бо имзои шахси дахлдор ва муҳри тасдиқкардаи фурӯшанда мегиранд. Пойгири (корешоки) роҳхат дар фурӯшандаи саёҳат боқи мемонад. Роҳхат бояд хусусиятҳои зеринро дар бар гирад:
1) ном, суроға, тамғаи тиҷоратии ташкилотҳои туристи, дар фурӯшанда мавҷуд будани иҷозатнома, рақам ва санаи дода шудани он (Қонун аз 25.12.05с. № 126);
2) насаб, ном ва номи падари турист, ки роҳҳат гирифтааст, рақами шиносномаи хориҷи, агар роҳҳат номи бошад;
3) тасниф ва стандартҳои тамоми хизматрасониҳо бо дарназардошти ҷойгиркуни, озуқа, нақлиёт ва дигар хизматрасониҳо, ки ба арзиш ворид карда шудаанд, инчунин мавҷудияти шартҳои суғурта;
4) арзиши умумии саёҳат ва шартҳои пардохти он аз ҷониби муштари (пешпардохти пурра, қисман, аванс, тибқи далели хизматрасонии дастрасшуда);
5) тавсифи шароит ва вазъият, ки дар мавриди онҳо турист метавонад радди сафар намояд (ҷуброн накардани зарар, қисман ҷуброн кардани зарар ба ташкилкунандаи саёҳат);
6) тавсифи шакл ва ҳаҷми ҷуброн ба турист барои вайрон кардани шартҳои сафари ӯ, ки дар роҳҳат мувофиқа шудааст ва бо айби субъектҳои фаъолияти туристи, ки саёҳат ва хизматрасониро ташкил кардааст, роҳ дода шудаанд;
7) дигар шартҳо тибқи мувофиқаи байни муштари ва ташкилкунандаи саёҳат.
Моддаи 15. Роҳхати гурӯҳи
Ҳангоми сафар дар ҳайати гурӯҳи туристи, ба роҳбари гурӯҳи туристи роҳҳати умуми дода мешавад. Роҳҳати умуми бояд хусусиятҳои дар моддаҳои 13 ва 14 ҳамин Қонун зикргардидаро дошта бошад. Дар роҳҳати умуми маълумот дар бораи роҳбар ва ҳайати миқдории гурӯҳ, навишта мешавад. Маълумоти аъзои гурӯҳ дар замима (рӯйхат), ки қисми ҷудонопазири роҳҳати умуми мебошад, дода мешавад. Ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти роҳбари гурӯҳи туристй бо шартномаи байни онҳо ва субъекти фаъолияти туристи муайян карда мешаванд.
Моддаи 16. Ҳуқуқу ва вазифаҳои туристон
Ҳуқуқи туристон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳамин Қонун, қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналхалқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст муайян карда мешаванд.
Туристон вазифадоранд:
1) сохти сиёси, иҷтимои, ахлоқи ва линии чоришударо эҳтиром карда, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд, нисбат ба расму урфу одатҳо, эътиқод ва анъанаҳои аҳолии маҳалли, инчунин нисбат ба ҳифзи муҳити зист, сарватҳои фарҳангию таърихии халқ эҳтиром зоҳир намоянд;
2) пурра додани товони зарар ва хароҷотҳое, ки аз тарафи турист дар давраи саёҳат ба ташкилоти туристии қабулкарда ва ё фиристонида расонида шудааст;
3) додани товони зарари расонидашуда ба шахсони сеюм дар давраи саёҳат.
4) риоя кардани қоидаҳои шахсии бехатари ҳангоми саёҳат.
Моддаи 17.Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун турист берун аз қаламрави Тоҷикистон сафар менамоянд
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун турист берун аз қаламрави Тоҷикистон сафар менамоянд, бо қонунҳои кишвари будубош танзим карда мешаванд. Турист ӯҳдадор аст мӯҳлатҳои муқарраргардидаи будубошро дар кишваре, ки дар роҳҳат зикр гардидаанд, риоя намояд.
Моддаи 18. Намояндагии мақоми давлатии идораи туризм дар хориҷа
Намояндагии мақомоти давлатии идораи туризм дар хориҷа манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишварҳои дахлдор намояндаги намуда, дар доираи салоҳияти худ вазифаҳои оид ба рушди ҳамкори, инчунин мубодилаи ахбор байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳоро дар соҳаи туризм ба роҳ мемонад.
Моддаи 19. Масъулияти субъектҳои фаъолияти туристи
Ашхоси ҳуқуқи ва воқеи барои вайрон кардани қонунгузори оид ба туризм мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе
аз 3 сентябри соли 1999 № 824