ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТУРИЗМ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1999 "Дар бораи туризм" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №9, мод. 228; с. 2005, №12, мод. 641; с. 2009, №5, мод. 337) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон ифода карда шавад.
2. Дар моддаи 1:
- дар номи модда калимаи "Ҳадафҳои" ба калимаи "Мақсади" иваз карда шавад;
- дар матни модда калимаҳои "ҳамчунин қоидаҳои ягонаи" ба калимаҳои "тартиби амалӣ намудани" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 2:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- туризм - шуғле, ки низоми ташкили усулҳои гузаронидани истироҳатро бо мақсадҳои солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷоратӣ, варзишӣ, касбию хизматӣ ва дигар мақсадҳо тавассути саёҳат (тур) ва будубоши муваққатии берун аз ҳудуди ҷои истиқомати доимӣ ба роҳ мемонад;";
- дар сархатҳои дуюм, сеюм ва чорум калимаи "саёҳат" ба калимаҳои "саёҳат (тур)" иваз карда шавад;
- дар сархати панҷум калимаҳои "саёҳате, ки аз" ба калимаҳои "саёҳате (туре), ки аз ҳисоби" иваз карда шаванд;
- дар сархати шашум калимаи "саёҳат" ба калимаҳои "саёҳат (тур)" ва калимаи "серистеъмоли" ба калимаи "фаъоли" иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои ҳафтум ва даҳум калимаи "пайроҳаҳои" ба калимаи "хатсайрҳои" иваз карда шавад;
- сархати ёздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
...