×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1999 № 824 "Дар бораи туризм"

Санаи амалкуни: 28.12.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1718 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТУРИЗМ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 126, аз 19.05.2009 № 530, аз 28.12.2012 № 922, 28.12.2013 № 1058)

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 126, аз 19.05.2009 № 530, аз 28.12.2012 № 922, 28.12.2013 № 1058)

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530, аз 28.12.2012  № 922)

(Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530, аз 28.12.2012  № 922)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва тартиби амалӣ намудани фаъолияти туристиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012  № 922).

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009с. № 530):

- туризм - шуғле, ки низоми ташкили усулҳои гузаронидани истироҳатро бо мақсадҳои солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷоратӣ, варзишӣ, касбию хизматӣ ва дигар мақсадҳо тавассути саёҳат (тур) ва будубоши муваққатии берун аз ҳудуди ҷои истиқомати доимӣ ба роҳ мемонад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012  № 922);

- туризми дохили - ташкили саёҳат (тур) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доими доранд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009с. № 530, аз 28.12.2012  № 922);

- туризми сайёр - ташкили саёҳат (тур) ба дигар кишварҳо барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доими доранд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009с. № 530, аз 28.12.2012  № 922);

- туризми ташрифи - ташкили саёҳат (тур) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доими надоранд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009с. № 530, аз 28.12.2012  № 922);

...

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТУРИЗМ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 126, аз 19.05.2009 № 530)

Моддаи 1. Хадафҳои Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи, иқтисоди, иҷтимои, ташкили ва ҳамчунин қоидаҳои ягонаи фаъолияти туристиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530):

- туризм - шуғлест, ки усулҳои ташкили истироҳатро тавассути солимгардони, шиносои, дини (ба истиснои ҳаҷ), тиҷорати, варзиши касбию хизматӣ ва дигар хадафҳои воситаҳои саёҳат ва иқомати муваққатии берун аз ҳудуди ҷои истиқомати доимиро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- туризми дохили - ташкили саёҳат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доими доранд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- туризми сайёр - ташкили саёҳат ба дигар кишварҳо барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доими доранд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- туризми ташрифи - ташкили саёҳат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доими надоранд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- туризми иҷтимои - саёҳате, ки аз маблағҳои аз тарафи давлат барои эҳтиёҷоти иҷтимои ҷудогардида, пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- туризми худфаъолияти - саёҳат бо истифодаи воситаҳои серистеъмоли ҳамлу нақл, ки саёҳон мустақилона ташкил мекунанд;

- туризми варзишию кӯҳгарди - намуди истироҳати фаъоле, ки ба ташкили пайроҳаҳои пиёдагард дар шароити кӯҳсор алоқаманд аст;

- кӯҳнаварди (алпинизм) - намуди ғайриоддии туризм, ки бо баромадан ба кӯллаҳои кӯҳи алоқаманд аст (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- турист - шаҳрванд, истифодабарандаи хизматрасонии туристӣ, ки аз ҷои истиқомати доимӣ ба кишвари (макони) дигари муваққатӣ ба мақсади солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷорат, варзиш ва дигар мақсадҳои вобаста ба саёҳат сафар мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- саёҳат (тур) - сафари туристи бо пайроҳаҳои муайян дар мӯҳлатҳои муайян бо таъмини маҷмӯи хизматрасониҳо оид ба ҷобаҷокуни, ҳамлу нақл, озуқа, хизматрасониҳои экскурсиони, инчунин хизмати роҳбаладону тарҷумонҳо ва дигар хизматрасониҳо, ки вобаста ба мақсади саёҳат дар мавриди таъмини кафолати амнияти онҳо, ҳимоя ва ҳифзи тандурустии туристон пешниҳод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- маҳсулоти туристи - ҳуқуқ ба саёҳат, ки барои фурӯш, ба турист мутобиқи дастурҳои муқарраркардаи давлат пешбини гардидааст. Маҳсулоти туристи бо дарназардошти вазъи бозори туристи ё тибқи фармоиши мушаххаси турист ташаккул меёбад. Фурӯши маҳсулоти туристи дар асоси шартнома амали карда мешавад;

- фаъолияти танзими туризм - фаъолият оид ба ташаккул, пешбурд ва фурӯши маҳсулоти туристи, ки дар асоси иҷозатнома аз ҷониби шахсони воқеи ё ҳуқуқи (минбаъд - "танзимгари туризм") амали мегардад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 126, аз 19.05.2009 № 530);

- фаъолияти агентии туризм - фаъолият оид ба пешбурд ва фурӯши маҳсулоти туристи, ки дар асоси иҷозатнома аз ҷониби шахсони воқеи ё ҳуқуқи минбаъд ("агентии туристи") амали мегардад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 126, аз 19.05.2009 № 530);

- Кадастри давлатии захираҳои туристи - номгӯи объектҳои табии ва таърихию фарҳангӣ, ки дастоварди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- саноати туристи - маҷмӯи меҳмонхонаҳо ва дигар воситаҳои ҷойгиршави, нақлиёт, муассисаҳои хӯроки умуми, тамошо, шиносои, хизмати, солимгардони, варзиши ва воситаҳои таъиноти дигар, ки ташкили фаъолияти танзими туризм ва агентии туристиро амали месозанд;

- пешбурди маҳсулоти туристи - маҷмӯи тадбирҳое, ки ба фурӯши маҳсулоти туристи (реклама, иштирок дар намоишгоҳҳои махсусгардонидашуда, ярмаркаҳо, ташкили марказҳои иттилоотии туристи оид ба фурӯши маҳсулоти туристи, нашри феҳристҳо, буклетҳо ва ғ.) нигаронида шудаанд;

- захираҳои туристи - маҷмӯи захираҳои экологи, табиию иқлими, фарҳангию таърихи ва солимгардони ва захираҳои дигари истироҳатию фароғатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қонеъ сохтани маҷмӯи талаботи гуногуни туристон мувофиқ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- квотаи туристи - маҳдудияти миқдории ташриф ба объектҳои туристию саёҳати ё хатти сайр, ки ба таркиби захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ҳастанд ва бо зарурати ҳифз аз вайроншави ва дигар шартҳои истифодаи он иртибот доранд;

- субъекти фаъолияти туристи - шахсони ҳуқуқи ва воқеи, аз он ҷумла шахсони воқеи ё ҳуқуқии хориҷи, ё шахсони бе шаҳрванди, ки хизматрасонии туристиро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- истироҳат - барқарорсози ва обутоби қувваи ҷисмонию маънавии инсон дар муҳити атроф тавассути истироҳат, аз он ҷумла бо туризм;

- роҳҳати туристи - асноди алоҳида, ки дар байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи хизмати туристи як навъи шартнома мебошад ва пардохти онҳоро тасдиқ мекунад;

- шикори байналмилалӣ - шикор бо тартиб ва шароити муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки шаҳрвандони хориҷи, ки онро субъекти фаъолияти туристии дорои иҷозатномаи дахлдор ташкил менамояд. Ташкили шикори байналмилалӣ яке аз намудҳои фаъолияти туристи мебошад (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530).

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530).

Моддаи 4. Истифодаи захираҳои туристи

1. Захираҳои туристи, ки аҳамияти милли ва байналмилалиро доранд, дастовардҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Барои қайди истифодаи онҳо Кадастри давлатии захираҳои туристи тартиб дода шуда, барои тамошои онҳо квота муқаррар мешавад.

2. Истифодаи ройгон ва беподоши захираҳои туристӣ, ки ба Кадастри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530).

Моддаи 5. Мақсад, усул ва роҳҳои танзими давлатии фаъолияти туристи

1. Мақсадҳои асосии танзими давлатии фаъолияти туристи инҳо мебошанд:

- таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба истироҳат, ҳаракати озод ва дигар ҳуқуқҳо дар мавриди саёҳат;

- ҳифзи муҳити зист;

- муайян намудани номгӯи ҳарсолаи объектҳои табии, таърихию фарҳангӣ, аз он ҷумла ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда, ки тамошои онҳо дар асоси квота муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- ривоҷ додани саноати туристи, ҳамчун таъминкунандаи талаботи шаҳрвандон ҳангоми саёҳат;

- ривоҷ додани робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи туризм;

- истифодаи оқилонаи дастовардҳои табии ва фарҳанги.

2. Самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи туризм дастгири ва инкишофи туризми дохили, воридоти, иҷтимои ва худфаъолияти мебошанд.

3. Танзими давлатии фаъолияти туристи бо роҳҳои зайл амали гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530):

-эҷод намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқи, ки ба ташаккули муносибатҳо дар соҳаи саноати туристи равона карда шудаанд;

-ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати давлат дар соҳаи туризм;

-ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои туристон, таъмини бехатарии онҳо (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

-муқаррар намудани тартиби стандартизатсия, сертификатсия ва иҷозатномадиҳи дар соҳаи туризм;(Қ

-ҳавасмандкунии маблағгузории милли ва хориҷи барои инкишофи фаъолияти туристи;

-фароҳам овардани имкониятҳои якхела дар бозори хизматрасонии туристи барои субъектҳои соҳибкор новобаста аз шакли моликият, дастгирии инкишофи рақобат, таъмин намудани риояи қонунгузории зиддимонополияви дар ин соҳа;

-вусъат додани ҳамкори бо мамлакатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилалӣ, иштирок дар барномаҳои байналмилалии туризм, коркард ва бастани шартномаҳои байналмилалии ду ва чандтарафа дар соҳаи туризм ва муайян кардани тартиби амали намудани онҳо.

Моддаи 6. Намудҳои асосии фаъолияти туристи

Намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи туризм инҳо мебошанд:

- ташкили қабул ва хизматрасони дар чаҳорчӯбаи маърифати, экологи, туризми варзишию куҳи, кӯҳнаварди, шикори байналмилалӣ, фиристодани туристон ба хориҷа ба мақсади истироҳат, таҳсил, муолиҷа, зиёрати дини ва тиҷорат (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- ташкили чорабиниҳои оммавии туристи-тандурусти, завқовар, махсус гардонидашуда ва дигар чорабиниҳо, ки бо туризм алоқаманданд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530).

Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи туризм

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон дар соҳаи туризм дохил мешаванд:

- қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки фаъолияти туристиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- муқаррар намудани тартиби воридоту содироти хизматрасонии туристи;

- баста шудани созишномаҳои байниҳукумати дар соҳаи туризм ва муайян намудани тартиби тадбиқи онҳо:

- тасдиқи барномаҳои давлатии инкишофи туризм, ки ба такмили саноати туристи равона шудаанд, иштирок дар иҷрои барномаҳои байналмилалӣ (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- муқаррар ва ҷори намудани тартиби истифодаи захираҳои туристи бо мақсади туризм ва ҷуброни зарарҳои расонидашуда;

- Банди 6 моддаи 7 хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 126.

- фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоя ба соҳаи туризм (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- ташкили усулҳои давлатии тайёр намудани мутахассисони соҳаи туризм ва таъминоти илмии соҳаи туристи;

- муайян намудани тарифҳои ягона барои баромадан ба қуллаҳои кӯҳи, пардохти наҷоти кӯҳи, боҷи экологи;

- ҳалли дигар масъалаҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти он вобастаанд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530).

- сиёсати давлатиро дар соҳаи туризм амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

Моддаи 8. Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм

(Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530)

1. Сиёсати давлати ва ҳамоҳангсозии фаъолияти туристиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ соҳаи туризм ба амал мебарорад (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530).

2. Ба салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530):

- амали намудани барномаи давлатии туризм дар Тоҷикистон ва таъмини иҷрои шартномаҳо, созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи туризм;

- намояндагии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалии туристи;

- таҳияи меъёрҳо ва муайян кардани стандартҳои давлатии хизматрасонии туристон дар ҷумҳури;

- ҳамоҳангсозии фаъолият ва роҳбарии меъёрию методи ба субъектҳои фаъолияти туристи;

- роҳбари ба намояндагиҳои дар хориҷа будаи худ;

- бо тартиби муқарраршуда амали намудани иҷозатномадиҳи ба фаъолияти туристи (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 126;

- муқаррар намудани квотаи туристии мутаносиби баробар дар байни субъектҳои фаъолияти туристи барои тамошои объектҳои туристию экскурсиони, ки ба Кадастри давлатии захираҳои туристи бо сабаби зарурияти муҳофизати онҳо аз вайрошави дохил ҳастанд;

- назорат аз рӯи сифати хизматрасонии туристии пешниҳодшаванда ва иҷрои шартҳои иҷозатномадиҳи ва сертификатсия дар соҳаи туризм (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 126;

- амали гардонидан, тайёр ва ҷобаҷогузории кадрҳо (ба ғайр аз субъектҳои фаъолияти туристии ғайридавлати), гузаронидани корҳои илмию тадқиқоти дар соҳаи туризм ва ташкили Кадастри давлатии захираҳои туристи;

- робитаҳо ва ҳамкориҳои мутақобила бо созмонҳои ҷамъиятии соҳаи туризм (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- ҳалли дигар масъалаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти он вобаста намудааст (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530).

Моддаи 9. Иҷозатномадиҳии фаъолияти туристи ва сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонии туристи

(Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530)

Иҷозатномадиҳии фаъолияти туристи мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" амали карда мешавад. Сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонии туристиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 126.

Моддаи 10. Суғуртакуни ҳангоми иҷрои фаъолияти туристи

1. Дар ҳолате, агар қонунгузории кишвари (мақони) иқомати муваққати талаботи кафолати пардохтро барои мадади тибби ба ашхосе, ки дар ҳудуди он муваққатан иқомат доранд ҷори намуда бошад, танзимгари (агенти) туристи вазифадор аст, чунин кафолатҳоро пешниҳод намояд. Суғуртакунии туристи дар мавриди бемории тасодуфи ва ҳодисаҳои нохуш, шакли асосии додани чунин кафолатҳо мебошад (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530).

2. Бо талаби турист, танзимгари (агенти) туристи ба суғуртакунии ҳодисаҳои хавфи таваккалии ба саёҳат вобаста кӯмак мерасонад.

3. Суғуртаи хавфҳои таваккали дар туризм, ки хатари зиёдро ба ҳаёту саломатии туристон таҳдид карда, хароҷоти зиёдро барои наҷотдиҳи талаб мекунад, аз тарафи субъекти фаъолияти туристи бо ризоияти турист амали мегардад.

4. Суғуртаи хавфҳои таваккали ихтиёри буда, аз ҷониби туристон ба таври мустақилона ё тавассути субъектҳои фаъолияти туристи иҷро мешавад.

Моддаи 11. Ҳуқуқ ва вазифаҳои субъектҳои фаъолияти туристи

1. Ҳуқуқҳои субъектҳои фаъолияти туристи мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар барои фаъолияти соҳибкори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷи", "Дар бораи сиёсати зиддимонополияви", "Дар бораи инвеститсияҳои хориҷи", Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530).

2. Субъектҳои фаъолияти туристи, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд, вазифадоранд:

- барои ҳуқуқи шуғл ба фаъолияти туристи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома, инчунин сертификати мутобиқат ба маҳсулот ва хизматрасонии туристии пешниҳодшаванда дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 126;

- оид ба хизматрасони ба туристон ба тартиби муқарраргашта ҳисоботи асноди баранд;

- ба мақомоти идораи давлати дар соҳаи туризм тибқи намунаҳои муқарраршуда маълумот ва ҳисобот пешниҳод намоянд;

- ба турист оид ба ташкил ва гузаронидани саёҳат маълумоти пурра ва дақиқ, дода, ба турист барои хизматрасониҳо мутобиқи маълумоти пешниҳодшуда роҳҳати туристии намунаи ягона фурӯшанд;

- бехатарии туристон ва нигоҳдории амволи онҳо, муҳайё намудани шароити амният барои фаъолияти туристи, омӯзонидани қоидаҳои амният, расонидани ёрии таъҷилиро ба туристон таъмин намуда, барои зарари ба туристон расонидашуда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- оид ба масъалаҳои эҳёи индустрияи туристи (сохтмони меҳмонхонаҳо, базаҳои туристи, кемпингҳо, марказҳои истироҳати ва г.) бо мақомоти идораи давлати мувофиқа кунанд;

- субъекти фаъолияти туристи ҳангоми ташкил ва амали сохтани саёҳат, дар назди муштари, чи барои амали худ ва чи барои амали шарикони хеш оид ба ташкили саёҳат (пешниҳоди хизматрасонии ҷойгиркуни, озуқа, нақлиёт ва дигар хизматрасоние, ки дар барномаи сафар ворид гардида, дар роҳҳат зикр шудаанд) ва фурӯши он ҷавобгар мебошад.

Моддаи 12. Роҳбари гурӯҳи туристи

1. Роҳбари гурӯҳи туристи дар рафти саёҳат ва мӯҳлати сафар дар сафари туристии гурӯҳи туристи намояндаи расмии субъекти фаъолияти туристи мебошад. Роҳбари гурӯҳи туристи аз ҷониби субъекти фаъолияти туристи дар асоси шаҳодатномаи тахассуси, ки бо тартиби муайянкардаи мақомоти идораи давлати дар соҳаи туризм дода мешавад. таъин мегардад.

2. Вазифаҳои роҳбари гурӯҳи туристиро субъекти фаъолияти туристи муайян мекунад.

Моддаи 13. Шартнома (қарордод), роҳҳат ба саёҳат (тур) ва хизматрасониҳои туристи

1. Субъектҳои фаъолияти туристи ҳангоми ташкили сафари туристи ба турист роҳҳати намунаи ягонаро бо имзои шахси масъул, ки бо муҳри корхонаи мазкур (субъект) тасдиқ карда шудааст, ба расмият дароварда, медиҳанд. Шартнома (қарордод) дар ҳолате басташуда ҳисобида мешавад, ки агар корхонаи туристи роҳҳат дода бошад ва муштари пардохти дахлдорро мувофиқи шартҳои шартнома (қарордод) супурда бошад.

2. Субъекти фаъолияти туристи метавонад зарарҳоро ҷуброн накарда шартномаро бекор кунад дар ҳолате, ки агар далели бекоркуни ба маълумоти турист ҳангоми мавҷудияти ҳолатҳои рафънопазир сарфи назар аз иродаи ӯ, ки ба амали шудани саёҳат ё пешниҳоди хизматрасони монеъ мегардад, шахсан на дертар аз 15 рӯз то санае, ки сафар аз он оғоз меёбад, расонида шуда бошад.

3.Дар ин ҳолат ҳамаи маблағе, ки қаблан аз тарафи турист супурда шудааст, ба ӯ баргардонида мешавад.

Моддаи 14. Роҳхат

1. Туристон барои саёҳат кардан роҳхати намунавиро, ки бастани шартномаро ба саёҳат тасдиқ мекунад, бо имзои шахси дахлдор ва муҳри тасдиқкардаи фурӯшанда мегиранд. Пойгири (корешоки) роҳхат дар фурӯшандаи саёҳат боқи мемонад.

2. Роҳхат бояд хусусиятҳои зеринро дар бар гирад:

- ном, суроға, тамғаи тиҷоратии ташкилотҳои туристи, дар фурӯшанда мавҷуд будани иҷозатнома, рақам ва санаи дода шудани он (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 126;

- насаб, ном ва номи падари турист, ки роҳҳат гирифтааст, рақами шиносномаи хориҷи, агар роҳҳат номи бошад;

- тасниф ва стандартҳои тамоми хизматрасониҳо бо дарназардошти ҷойгиркуни, озуқа, нақлиёт ва дигар хизматрасониҳо, ки ба арзиш ворид карда шудаанд, инчунин мавҷудияти шартҳои суғурта;

- арзиши умумии саёҳат ва шартҳои пардохти он аз ҷониби муштари (пешпардохти пурра, қисман, аванс, тибқи далели хизматрасонии дастрасшуда);

- тавсифи шароит ва вазъият, ки дар мавриди онҳо турист метавонад радди сафар намояд (ҷуброн накардани зарар, қисман ҷуброн кардани зарар ба ташкилкунандаи саёҳат);

- тавсифи шакл ва ҳаҷми ҷуброн ба турист барои вайрон кардани шартҳои сафари ӯ, ки дар роҳҳат мувофиқа шудаанд ва бо айби субъектҳои фаъолияти туристи, ки саёҳат ва хизматрасониро ташкил кардаанд, роҳ дода шудаанд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530);

- дигар шартҳо тибқи мувофиқаи байни муштари ва ташкилкунандаи саёҳат.

Моддаи 15. Роҳхати гурӯҳи

1. Ҳангоми сафар дар ҳайати гурӯҳи туристи, ба роҳбари гурӯҳи туристи роҳҳати умуми дода мешавад.

2. Роҳҳати умуми бояд хусусиятҳои дар моддаҳои 13 ва 14 ҳамин Қонун зикргардидаро дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530).

3.Дар роҳҳати умуми маълумот дар бораи роҳбар ва ҳайати миқдории гурӯҳ, навишта мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530).

4.Маълумоти аъзои гурӯҳ дар замима (рӯйхат), ки қисми ҷудонопазири роҳҳати умуми мебошад, дода мешавад. Ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти роҳбари гурӯҳи туристй бо шартномаи байни онҳо ва субъекти фаъолияти туристи муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530).

Моддаи 16. Ҳуқуқу вазифаҳои туристон

(Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530)

1. Ҳуқуқи туристон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни мазкур, қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530).

2. Туристон вазифадоранд:

- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд, ба низоми сиёсию иҷтимоии давлатӣ, суннат, урфу одат, эътиқоди динию мазҳабӣ ва тарзи зиндагии аҳолии маҳаллӣ эҳтиром гузоранд;

- нисбат ба муҳити зист, ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ҷойҳои муқаддас ва осори дигаре, ки таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доранд, бо эҳтиёт муносибат намоянд;

- қоидаҳои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ шудан аз ҳудуди онро риоя намоянд;

- шартҳои қарордодҳо оид ба хизматрасонии туристиро риоя намоянд;

- зарар ва хароҷоти аз тарафи турист дар давраи саёҳат ба ташкилоти туристии қабулкарда ё фиристода расонидаро пурра ҷуброн намоянд;

- зарари ба шахсони сеюм дар давраи саёҳат расонидашударо ҷуброн намоянд;

- қоидаҳои шахсии бехатариро ҳангоми саёҳат риоя намоянд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530).

Моддаи 17.Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун турист берун аз қаламрави Тоҷикистон сафар менамоянд

1. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун турист берун аз қаламрави Тоҷикистон сафар менамоянд, бо қонунгузории кишвари будубош танзим карда мешаванд.

2. Турист ӯҳдадор аст мӯҳлатҳои муқарраргардидаи будубошро дар кишваре, ки дар роҳҳат зикр гардидаанд, риоя намояд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530).

Моддаи 18. Намояндагии мақоми давлатии идораи туризм дар хориҷа

Намояндагии мақомоти давлатии идораи туризм дар хориҷа манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишварҳои дахлдор намояндаги намуда, дар доираи салоҳияти худ вазифаҳои оид ба рушди ҳамкори, инчунин мубодилаи ахбор байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳоро дар соҳаи туризм ба роҳ мемонад.

Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 530).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Рахмонов

ш.Душанбе 

 3 сентябри соли 1999 № 824