ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СЕРТИФИКАТСИЯИ МАҲСУЛОТ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ
(Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 24, аз 30.07.2007 № 307)
(Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 24, аз 30.07.2007 № 307)
Қонуни мазкур асосҳои сертификатсияи ҳуқуқи ва иқтисодии маҳсулот, кор, хизматрасони ва дигар объектҳоро (минбаъд - маҳсулот) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳуқуқ, вазифаҳо ва масъулияти иштирокчиёни сертификатсияро муайян месозад.
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Мафҳуми умуми ва мақсади сертификатсия
Сертификатсияи маҳсулот (минбаъд - сертификатсия) фаъолиятест, ки мутобиқати маҳсулотро ба талаботи муқарраршуда тасдиқ менамояд.
Системаи давлатии (миллии) сертификатсия системаест, ки дар сатҳи давлати амал намуда, дорои қоидаҳои худии усулу идораи гузаронидани сертификатсия мебошад.
Сертификати мутобиқат (минбаъд - сертификат) ҳуҷҷатест, ки мутобиқи қоидаҳои системаи сертификатсия барои тасдиқи мутобиқати маҳсулоти сертификатсияшуда ба талаботи санадҳои меъёри дода мешавад.
Аломатҳои мутобиқат - нишонаест, ки ба тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст ва бо он мутобиқати маҳсулоти тамғадори сертификатсияшуда ба талаботи муқарраргардида тасдиқ карда мешавад.
Сертификатсия ба мақсадҳои зайл татбиқ мегардад:
ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон дар масъалаҳои бехатарии маҳсулот барои ҳаёту саломати ва амвол, ҳифзи муҳити зист, мутобиқати ахбороти ва бо ҳам қобили табдил будани маҳсулот;
фароҳам овардани шароит барои фаъолияти корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва соҳибкорон дар бозори ягонаи моли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ҷиҳати иштирок дар ҳамкориҳои иқтисоди, илмию техники ва тиҷорати байналхалқи;
...