ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БАҲОДИҲИИ МУТОБИҚАТ
(Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 889)
(Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 889)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ташкилиро дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқати объектҳо ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ танзим намуда, низоми ягонаи сиёсати давлатиро барои амалӣ сохтани баҳодиҳии мутобиқат таъмин менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- баҳодиҳии мутобиқат - фаъолият оид ба муайян кардани мутобиқати объектҳои баҳодиҳии мутобикят ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ, ки санҷиш, назорат, сертификатсия ва аккредитатсияро дар бар мегирад;
- аккредитатсия - расмиёти аз тарафи мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия расман эътироф шудани салоҳиятнокии шахсони ҳуқуқӣ дар гузаронидани корҳо оид ба санҷиш ва сертификатсия;
- Системам давлатии аккредитатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Системаи аккредитатсия) - маҷмӯи субъектҳои баҳодиҳии мутобиқат, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ, ки қоида ва расмиёти аккредитатсия ва дар маҷмӯъ фаъолияти системаро муайян менамоянд;
- аломати мутобиқати Системаи давлатии аккредитатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-аломати Системаи аккредитатсия) - аломате, ки бо тартиби муқарраргардида оид ба гузаронидани ҳамаи расмиёти зарурии аккредитатсия ва дар бораи мутобиқати мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ё озмоишгоҳи (маркази) санҷишии аккредитатсияшуда ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ гувоҳӣ медиҳад;
- мақоми аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия - мақоми давлатӣ ва ташкилоте, ки барои иҷрои корҳои сертификатсия дар доираи муайян аккредитатсия шудаанд;
- озмоишгоҳи (маркази) санҷишии аккредитатсияшуда - ташкилоте, кибарои гузаронидани санҷиши маҳсулот дар доираи муайян аккредитатсия шудааст;
- доираи аккредитатсия - соҳаи фаъолияте, ки дар он ба мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ё озмоишгоҳи (маркази) санҷишии аккредитатсияшуда барои иҷрои корҳои сертификатсия ё санҷиши маҳсулот ҳуқуқ до да мешавад;
...