ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАҲОДИҲИИ МУТОБИҚАТ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 "Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №7-8, мод. 613) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 3 моддаи 20 пас аз калимаи "аккредитатсияшуда" калимаҳои "ва ё ташкилоти дигари аккредитатсияшуда" илова карда шаванд.
2. Аз қисми 1 моддаи 29 калимаҳои "танҳо баъд аз амалӣ намудани корҳои сертификатсионӣ ва" хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
1 августи соли 2012, № 889
ш. Душанбе,
1 августи соли 2012, № 889
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
...