×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 № 879 "Дар бораи омодагии сафарбари ва сафарбари"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 799 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ОМОДАГИИ САФАРБАРИ ВА САФАРБАРИ

Ҳамин Қонун асосҳои ҳуқуқи ва ташкилии омодагии сафарбари ва сафарбариро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва ҷавобгарии мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидорӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин соҳа муайян менамояд.

Моддаи 1. Омодагаи сафарбари ва сафарбари

Омодагии сафарбари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маҷмӯи чорабиниҳои дар замони осоишта гузаронидашаванда оид ба омодагии пешакии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидорӣ (минбаъд корхонаҳо), Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо, сохторҳои ҳарбӣ ва сохторҳои махсус, ки дар замони ҷанг ҷиҳати таъмини ҳимояи давлат аз ҳуҷуми мусаллаҳона ва қонеъ гардонидани талаботи давлат ва эҳтиёҷоти аҳоли дар замони ҷанг ташкил дода мешаванд, мебошад.

Сафарбари ин маҷмӯи чорабиниҳо дар бобати ба низоми кор дар шароити замони ҷанг гузаронидани иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ба ташкил ва ҳайати замони ҷанг гузаронидани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо, сохторҳои ҳарбӣ ва махсус мебошад.

Сафарбари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон умумӣ ва қисмӣ буда метавонад. Сафарбарии умумӣ тамоми субъектҳои дар қисми якуми моддаи мазкур номбаршударо дар бар гирифта, дар қаламрави ҷумҳури гузаронида мешавад. Сафарбарии қисмӣ - қисме аз субъектҳои дар қисми якуми моддаи мазкур номбаршударо дар бар гирифта, дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо, сохторҳои ҳарбӣ ва махсус, инчунин мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо ва шаҳрвандон барои омодагии сафарбари ва сафарбари масъуланд.

Моддаи 2. Принсипҳои асосии омодагии сафарбари ва сафарбари

Принсипҳои асосии омодагии сафарбари ва сафарбари аз инҳо иборатанд:

- қонуният;

- эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- роҳбарияти мутамарказ;

- қабл аз вақт, мувофиқи нақша ва таҳти назорат будан;

...

         Утратил силу в редакции Закона РТ от 16.04.2012г.№799

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О мобилизационной подготовке и мобилизации

Настоящий Закон устанавливает правовые основы мобилизационной подготовки и мобилизации в Республике Таджикистан, а также права, обязанности и ответственность государственных органов, предприятий, организаций и учреждений, независимо от форм собственности, должностных лиц и граждан Республики Таджикистан в этой области.

Статья 1. Понятие мобилизационной подготовки и мобилизации

Мобилизационная подготовка в Республике Таджикистан - это комплекс мероприятий, проводимых в мирное время, по заблаговременной подготовке экономики Республики Таджикистан, государственных органов, предприятий, организаций и учреждений независимо от форм собственности и условий хозяйствования (далее предприятий) Вооруженных Сил Республики Таджикистан, других войск, воинских формирований, органов и создаваемых на военное время специальных формирований к обеспечению защиты государства от вооруженного нападения и удовлетворению потребностей государства и нужд населения в военное время.

Мобилизация - это комплекс мероприятий по переводу экономики Республики Таджикистан, государственных органов, предприятий на работу в условиях военного времени, переводу Вооруженных Сил Республики Таджикистан, других войск, воинских и специальных формирований, на организацию и состав военного времени.

Мобилизация в Республики Таджикистан может быть общей или частичной.

Общая мобилизация охватывает всех субъектов, перечисленных в части первой настоящей статьи и проводится на территории всей республики. Частичная мобилизация отхватывает часть субъектов, перечисленных в части первой настоящей статьи и проводится в отдельных регионах республики.

Органы государственной власти, Вооруженные Силы Республики Таджикистан, другие войска, воинские и специальные формирования, а также предприятия, должностные лица и граждане несут ответственность за мобилизационную подготовку и мобилизацию.

Статья 2. Основные принципы мобилизационной подготовки и мобилизации

Основными принципами мобилизационной подготовки и мобилизации являются:

законность;

уважение прав и свобод человека и гражданина;

централизованное руководство;

...