ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ОМОДАГӢ БА САФАРБАРӢ ВА САФАРБАРӢ
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда, принсипҳои асосӣ, тартиб, салоҳият, ӯҳдадориҳо ва масъулияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин соҳа муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- сафарбарӣ - маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатии марбут ба гузаронидани соҳаҳои иқтисодиёт, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (минбаъд-ташкилотҳо), қаламрав ва аҳолӣ ба низоми ҳолати ҷанг, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус ба ташкил, ҳайат ва идоракунӣ дар замони ҷанг (сафарбарии умумӣ ва ё қисме аз онҳо - сафарбарии ҷузъӣ);
- омодагӣ ба сафарбарӣ - маҷмӯи чорабиниҳои дар замони осоишта гузаронидашаванда ва ба идоракунии устувори давлат дар замони ҷанг, гузариши муташаккилонаи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ба таъмин намудани талаботи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус, аҳолӣ, ҳифзи мусаллаҳона ва мудофиаи мамлакат, таъмини фаъолияти воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва ташкилотҳо дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва замони ҷанг равонашуда;
- мақоми ваколатдор дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ - мақоми давлатии амалисозандаи ташаккулёбии сиёсати давлатӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ;
- иқтидорҳои сафарбарӣ - майдонҳои истеҳсолӣ, таҷҳизоти технологӣ, ҳуҷҷатҳои муҳандисӣ-техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои барои иҷрои фармоишҳои сафарбарӣ таъингардида;
- захираи сафарбарӣ - захираи эҳтиётии сарватҳои моддӣ ва масолеҳи барои эҳтиёҷоти сафарбарии давлат пешбинишуда оид ба вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти саноатии таъиноти ҳарбӣ ва дигар намудҳои маҳсулоти саноатӣ, таъмири техника ва молу мулки ҳарбӣ дар давраи махсус, вусъат бахшидан ба корҳои барқароркунии роҳҳои оҳан ва автомобилгард, аэродромҳо, хатҳои алоқа ва иншооти он, қубурҳои нафту газ, системаи таъминоти обу барқ дар замони ҷанг барои таъмини кори мунтазами соҳаҳои саноат, нақлиёт ва алоқа, расонидани ёрии тиббӣ;
- супориши сафарбарӣ - супориш ба мақомоти давлатӣ барои иҷрои чорабиниҳои ба ҳалли вазифаҳо доир ба таъмини фаъолияти устувори давлат дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва замони ҷанг равонашуда;
- фармоиши сафарбарӣ - фармоиши давлатӣ ба ташкилотҳо оид ба истеҳсоли мол (кор, хизматрасонӣ)-ҳои номгӯи муайян, миқдор ва сифати онҳо, таъсиси воҳидҳои махсус дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва замони ҷанг;
- нақшаи сафарбарӣ - нақшаи чорабиниҳои аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкардашудаи ба татбиқи чораҳо оид ба вусъатдиҳии сафарбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус, гузариши соҳаҳои иқтисодиёт, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми фаъолият дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва замони ҷанг бо роҳи иҷрои супориш (фармоиш)-ҳои сафарбарӣ, инчунин дигар чорабиниҳои омодагӣ ба сафарбарӣ равонашуда;
- сохтори сафарбарӣ - сохтори аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо таъсисдодашуда барои ташкили чорабиниҳо доир ба омодагӣ ба сафарбарӣ, сафарбарӣ ва назорати иҷрои онҳо;
...