ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ муҳосибӣ
(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212)
(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212)
Моддаи 1. Мақсади ҳамин қонун
Ҳамин қонун асосҳои ҳуқуқи ташкил ва пешбурди баҳисобгирии мухосибиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
Мақсадҳои ҳамин Қонун иборатанд аз:
таъмини якхелаи пешбурди баҳисобгирии амвол, ӯҳдадориҳо ва муомилоти хоҷаги, ки корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо (минбаъдкорхонаҳо) анҷом медиҳанд;
мураттаб кардан ва пешниҳод намудани иттилооти муқоисави ва саҳеҳ оид ба вазъи моли, даромад ва хароҷоти корхонаҳо, ки барои истифодабарандагони ҳисоби мухосиби зарур аст .
Моддаи 2. Баҳисобгирии мухосиби, объектҳо ва вазифаҳои асосии он
Баҳисобгирии мухосиби системаи мураттаби ғункардан, бақайдгири ва ҷамъбасти ахбор дар шакли пул доир ба амвол, ӯҳдадориҳои корхонаҳо, ва гардиши онҳоро бо роҳи ҳисоби пурра, мунтазам ва ҳуҷҷатии тамоми муомилоти хоҷаги ифода мекунад .
Амволи корхона, ӯҳдадориҳои онҳо ва муомилоти хоҷаги, ки дар раванди фаъолияташон корхонаҳо амали месозанд, объектҳои баҳисобгирии мухосиби мебошанд .
...