×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 № 702 "Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ"

Санаи амалкуни: 24.02.2017

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №3, мод.169; с.2014, №3, мод.149)

(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1074, аз 24.02.2017 № 1400, аз 02.01.2025 № 2138)

(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1074, аз 24.02.2017 № 1400, аз 02.01.2025 № 2138)

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, принсипҳо ва қоидаҳои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда, муносибатҳои ин соҳаро танзим менамояд.

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур аз таъмини сиёсати ягонаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, пешбурди баҳисобгирии молу мулк, дороиҳо, уҳдадориҳо ва тартиб додани иттилооти муқоисавӣ ва саҳеҳ вобаста ба амалиёти хоҷагидорие мебошад, ки мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо (минбаъд - ташкилотҳо) барои истифодабарандагон пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 02.01.2025 № 2138).

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосии Қонуни мазкур

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- баҳисобгирии муҳосибӣ - низоми ягонаи ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ, ҷамъбасти иттилоот дар бораи молу мулк, дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармояи ташкилот, ки аз рӯи шаклҳои муқарраршуда тартиб дода шудаанд (Қонуни ҶТ аз 02.01.2025 № 2138);

- ҳисоби таркибӣ - баҳисобгирии маълумоти ҷамъбастии баҳисобгирии муҳосибӣ дар бораи намудҳои молу мулк, дороиҳо, уҳдадориҳо ва амалиёти хоҷагидорӣ аз рӯи нишонаҳои муайяни иқтисодӣ, ки дар ҳисоби таркибии баҳисобгирии муҳосибӣ нишон дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 02.01.2025 № 2138);

- ҳисоби таҳлилӣ - баҳисобгирие, ки дар ҳисобҳои таҳлилии баҳисобгирии муҳосибӣ бо гурӯҳбандии маълумоти муфассал оид ба молу мулк, дороиҳо, уҳдадориҳо ва муомилоти дохилихоҷагии ҳар кадом ҳисоби таркибӣ дарҷ гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 02.01.2025 № 2138);

- нақшаи ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ - номгӯи ба низом даровардашудаи ҳисобҳои таркибии баҳисобгирии муҳосибӣ;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О БУХГАЛТЕРСКОМ УЧЕТЕ И ФИНАНСОВОЙ ОТЧЕТНОСТИ

(в редакции Закона РТ от 14.03.2014г. № 1074, от 24.02.2017г.№1400, от 02.01.2025 №2138)

(в редакции Закона РТ от 14.03.2014г. № 1074, от 24.02.2017г.№1400, от 02.01.2025 №2138)

Настоящий Закон устанавливает организационно - правовые основы, принципы и правила ведения бухгалтерского учета и составления финансовой отчетности в Республике Таджикистан и регулирует отношения в этой сфере.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Цель настоящего Закона

Цель настоящего Закона заключается в обеспечении единой политики бухгалтерского учета и финансовой отчетности по ведению учета имущества, активов и обязательств, составления сопоставимой и достоверной информации, связанной о хозяйственными операциями, предоставляемыми государственными органами, предприятиями, учреждениями и иными организациями (далее - организациями), необходимой пользователям.

Статья 2. Основные понятия, используемые в настоящем Законе

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- бухгалтерский учет - единая система сбора, регистрации, обобщения информации об имуществе, активах, обязательствах и капитале организации, составленных по установленным формам;

- синтетический учет - учет обобщенных данных бухгалтерского учета о видах имущества, активах, обязательствах и хозяйственных операциях по определенным экономическим признакам, который ведется на синтетических счетах бухгалтерского учета;

- аналитический учет - учет, который ведется в аналитических счетах бухгалтерского учета, группирующих детальную информацию об имуществе, активах, обязательствах и внутрихозяйственных операциях каждого синтетического счета;

- план счетов бухгалтерского учета - систематизированный перечень синтетических счетов бухгалтерского учета;

- бухгалтерская организация - юридическое лицо, предоставляющее услуги в сфере бухгалтерского учета, являющееся членом профессиональной организации бухгалтеров, имеющее в штате не менее двух профессиональных бухгалтеров;

...