ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 296; с. 2004, № 7, мод. 451; с. 2007, № 5, мод. 352; с. 2008, № 10, мод. 797; с. 2012, № 8, мод. 811; с. 2014, № 3, мод. 140, № 7, қ. 1, мод. 382; с. 2017, № 7-8, мод. 562; с. 2018, № 2, мод. 61, №9-10, мод. 581)
(Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44, от 12.05.2007 № 256, от 6.10.2008 № 444, аз 01.08.2012 № 896, аз 14.03.2014 № 1065, аз 26.07.2014 № 1086, аз 18.07.2017 № 1452, аз 21.02.2018 № 1508, аз 19.07.2019 № 1639)
I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни конститутсионии мазкур танзим менамояд
Қонуни конститутсионии мазкур мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи интихобот, кафолатҳои он, тайёр намудан ва гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд .
Моддаи 1(1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 2. Сохтори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду маҷлис - Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Моддаи 3. Принсипҳои иштироки шаҳрвандон дар интихобот
...