Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 № 4 "Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №12, моддаи 296) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 3:

қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад.";

қисми дуюм қисми сеюм ҳисобида шавад.

2. Дар моддаи 4:

қисмҳои якум ва дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд.

Ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон шаҳрвандоне таъин ва интихоб мешаванд, ки ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонун ҷавобгӯ буда, дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 5 соли охир истиқомат дошта бошанд.";

дар қисми чоруми моддаи номбурда калимаи "вакили" ба калимаҳои "узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон" ва калимаҳои "ин Қонун муайян мекунад" ба калимаҳои "ҳамин Қонун муайян мекунад" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 8:

дар қисми якум калимаи "аёнӣ" ба калимаи "шаффоф" иваз карда шавад;

қисмҳои сеюм ва чорум хориҷ карда шаванд;

...

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ВЫБОРАХ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан от 10 декабря 1999 года "О выборах Маджлиси Оли Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1999г., №12, ст.296) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 3:

дополнить частью второй следующего содержания:

"Участие в выборах является свободным и добровольным.";

вторую часть считать частью третьей.

2. В статье 4:

первую и вторую части изложить в следующей редакции:

"Граждане Республики Таджикистан, достигшие 18-летнего возраста до дня выборов, независимо от национальности, расы, пола, языка, веры, политической позиции, социального положения, образования и собственности, имеют право выбора.

В Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон назначаются и выбираются граждане, отвечающие требованиям Конституции Республики Таджикистан, настоящего Закона и проживающие на территории республики не менее пяти последних лет.";

В части четвертой настоящей статьи слова "народного депутата" заменить словами "члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон,", а в тексте на таджикском языке слово "вакили" заменить словами "узви Мачлиси милли ва вакили Мачлиси намояндагон", слова "ин Конун муайян мекунад" заменить словами "хамин Конун муайян мекунад".

3. В статье 8:

в части первой текста конституционного Закона на таджикском языке слово "аёнй" заменить словом "шаффоф";

части третью и четвертую исключить;

...