ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқие, ки дар рафти тайёрӣ, гузаронидан, гирд овардан ва нигоҳ доштани маълумотҳои расмии шахсони ба ҳисоб гирифта, инчунин интишор кардани маълумотҳои ҷамъбастии барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим мекунад.
Моддаи 1.
Қонунгузории оиди барӯйхатгирии аҳолӣ аз Қонуни мазкур, қонун дар бораи омори давлатӣ ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, ки гузаронидани барӯйхатгириро танзим менамояд, иборат аст.
Иҷрои қонуни мазкур барои ҳамаи ашхосе, ки ҳангоми барӯйхатгирӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва инчунин муваққатан дар он рӯз дар мамлакат нестанд, ҳатмист.
Моддаи 2.
Барӯйхатгирии аҳолӣ тадбири дорои аҳамияти миллӣ буда ва онро давлат назорат мекунад. Барӯйхатгирӣ дар даҳ сол як маротиба ё ки аз рӯи зарурат, ҳангоми барӯйхатгирии навбатии аҳолии ҷаҳон гузаронида мешавад.
Моддаи 3.
Мақсад ва вазифаи асосии барӯйхатгирии аҳолӣ истифодаи маҷмӯи маълумоти оморӣ дар бораи аҳолӣ мебошад, ки барои идоракунии тараққии иҷтимоию иқтисодӣ, тадқиқоти тақсимоти демографию иҷтимоӣ ва истифодаи захираҳои коргарӣ, баплангирии шумора ва сохтори аҳолӣ ва нашри онҳо заруранд.
Моддаи 4.
Барои мутобиқ гардонидани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти худидора, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва мансубияташон ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар ҷойҳо, вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирӣ комиссияи ҷумҳуриявии мададгори барӯйхатгирии аҳолӣ, инчунин ҳамин хел комиссияҳо дар сатҳи ҳамаи идораҳои маъмурию ҳудудӣ барпо карда мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ қарор қабул мекунад, ки мақсади он на дертар аз 3 соли то саршавии барӯйхатгирӣ гузаронидани тадбирҳои зарурии тайёрӣ мебошад.
Моддаи 5.
...