ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ РЕГИСТРҲОИ ДАВЛАТӢ
(Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 331, аз 3.05.2002 № 22)
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсади Регистр
Қонуни мазкур тартиби таъсис, корбари ва барҳамдиҳии Регистрҳои давлатиро муқаррар менамояд.
Мақсади таъсис ва корбарии Регистри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъовари ва маҳфуз нигоҳ доштани маълумоти асоснок дар бораи маҷмӯи пурраи объектҳои категорияи муайян барои истифодаи он дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатию идора ва дар дигар ҳолатҳои бо Қонуни мазкур пешбинишуда мебошад.
Моддаи 2. Таърифи Регистри давлати
Регистри давлати аз маҷмӯи далелҳо иборат мебошад ва дар ҳудуди категорияи аниқ муайянгардида маълумотҳоро дар бораи тамоми объектҳо дар бар мегирад. Таъсис, корбари ва истифодабарии Регистри давлати бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва инчунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки регистрҳои алоҳидаро танзим мекунанд, сурат мегирад.
Моддаи 3. Намудҳои Регистр
1. Регистри давлати, ҷумҳурияви ва маҳалли шуда метавонад.
2. Регистрҳои ҷумҳурияви объектҳои категорияҳои дахлдорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегиранд (Регистри корхонаҳо, Регистри аҳоли, Регистри замин, Регистри сарватҳои табии ва ғайра).
3. Мақомоти худидораи маҳалли барои такмили регистрҳои ҷумҳурияви метавонанд ресурсҳои маҳаллиро, ки маҷмӯи маълумотҳоро барои худидоракунии маҳалли дар бар мегиранд, таъсис диҳанд (Регистри қишлоқҳо, Регистри биноҳо ва ғайра).
БОБИ II. ТАЪСИСИ РЕГИСТРҲОИ ДАВЛАТИ
Моддаи 4. Муассиси Регистр ва корбари Регистр
Регистри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости мақомоти давлати таъсис дода мешавад. Ҷамъовари, сабту нигоҳдори, назорат ва ташкили истифодабарии маълумотҳоро муассиси Регистр ё мақоме, ки корбари Регистр номида мешавад, мебарад.
Моддаи 5. Таъсиси Регистри Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Регистри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости мақомоти давлати бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Ҳангоми таъсис додани Регистри Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зерин зарур мебошад (Қонун аз 14.12.96с. № 331):
а) лоиҳаи Низомнома дар бораи Регистр;
б) хулосаи мақоми давлатии омор дар хусуси зарурати таркиб, ҷамъовари ва истифодабарии маълумотҳо (Қонун аз 14.12.96с. № 331);
в) лоиҳаи сметаи Регистр.
2. Таркиби маълумотҳои Регистр бо розигии муассиси он аз тарафи корбари Регистр васеъ карда мешавад.
3. Регистре, ки маълумотҳои шахсии шаҳрвандонро дар бар мегирад, бо Қонуни алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикстон муайян карда мешавад.
Моддаи 6. Таъсиси Регистри маҳалли
Регистри маҳалли бо қарори мақомоти маҳаллии худидора дар худуди таркиби маълумотҳое, ки дар Регистри давлати пешбини шудаанд, таъсис дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар бошад, мақомоти маҳалии худидора ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозати таъсиси Регистр бо таркиби маълумотҳои васеъ дархост, лоиҳаи Низомнома дар бораи Регистр ва хулосаи мақоми давлатии омори ҷумҳуриро дар хусуси мувофиқи мақсад будани васеъгардонии таркиби маълумотҳои Регистр пешниҳод мекунанд (Қонун аз 14.12.96с. № 331).
Моддаи 7. Эълон кардани тавсифи Регистр, мутобиқати он ба меъёрҳо
Таркиб ва усулҳои истифодабарии маълумотҳои Регистр дар матбуот чоп карда мешаванд. Тасниф ва кодгузории маълумотҳо бояд ба меъёрҳои байналхалқи мутобиқат кунанд.
Моддаи 8. Пешниҳод намудани маълумотҳо
Аз тарафи шахсони юридики ва воқеи пешниҳод намудани маълумотҳо барои Регистри давлати ҳатми буда, ба тартиби муқарраргардида анҷом дода мешавад.
Моддаи 9. Барҳамдиҳии Регистрҳои давлати
Регистри давлати аз тарафи мақоме, ки таъсис додааст, бо пешниҳоди корбари Регистр ва дар сурати мавҷуд будани хулосаи мақоми давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистои дар хусуси мувофиқи мақсад будани барҳамдиҳии Регистр, барҳам дода мешавад (Қонун аз 14.12.96с. № 331).
Маълумотҳое, ки дар Регистри барҳам додашаванда нигоҳ дошта мешуданд, ба архив супурда мешаванд ё мувофиқи Низомнома дар бораи Регистр нобуд карда мешавад.
БОБИ III. КОРБАРИ ВА ИСТИФОДАИ РЕГИСТРҲОИ ДАВЛАТИ
Моддаи 10. Ҳуқуқ ва вазифаҳои корбари Регистр
1. Корбари Регистри давлати ҳақ дорад ба диҳандаҳои маълумотҳо дар бораи объектҳои бақайдгирифташуда дархостҳо равон кунад, агар ӯ ба асоснок будани маълумотҳои дар Регистр буда шакку шубҳа дошта бошад.
2. Корбари Регистр вазифадор аст маълумотҳоро аз шиносоии беиҷозат, коркарди беғаразона ё дигар шаклҳои ғайриқонунии истифодабари, пахнкуни, тағйирдиҳи ё нобудкунии онҳо ҳимоя намояд.
3. Корбари Регистр вазифадор аст ба талаботу дархостҳои дар қисми 1 моддаи 11 Қонуни мазкур зикршуда дар давоми се рӯзи кори ҷавоб гардонад.
Моддаи 11. Ҳуқуқ ва вазифаҳои объекти бақайдгирифташуда
1. Ҳар кадом объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он ҳақ дорад аз корбари Регистр маълумотҳоеро, ки дар бораи объект дар Регистри давлати нигоҳ дошта мешаванд, гирад, ҳамчунин ба корбари Регистр дар хусуси мавҷудият, асосноки ё пуррагии он маълумотҳо равон намояд.
2. Объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он вазифадор аст асоснокии маълумотҳои барои ба Регистр дохил кардан пешниҳодшуда ва таҷдиди онҳоро мувофиқи тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъмин намояд.
3. Объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он вазифадор аст ба дархости дар қисми 1 моддаи 10 Қонуни мазкур зикршуда дар давоми даҳ рӯзи кори ҷавоб гардонад.
Моддаи 12. Истифодабарии маълумотҳои регистрҳо
1. Ҳуқуқи истифодаи хизматии Регистри давлатиро шахсони юридики ва воқеии дар низомнома дар бораи Регистр муайянгардида доранд.
2. Истифодаи маълумотҳои дар Регистри давлати мавҷудбуда бо мақсадҳое, ки мухолифи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи Регистр мебошанд, манъ аст.
3. Маълумотҳои дар Регистри давлати мавҷудбуда барои истифодабари дар кор ба шахсони юридики ва воқеи метавонанд мувофиқи Низомнома дар бораи Регистр дода шаванд. Шахсе, ки ба ӯ маълумотҳои дар Регистр мавҷудбуда дода шудаанд, метавонад онҳоро танҳо барои мақсадҳое, ки ҳангоми додани маълумотҳо муайян гардидаанд истифода намояд. Маълумотҳо дар бораи тамоми шахсоне, ки ба онҳо маълумотҳои Регистр дода шудаанд, дар архиви Регистр маҳфуз дошта мешаванд.
4. Барои таъмини саҳеҳии маълумотҳои регистри давлати дар панҷ сол як маротиба объектҳои регистр аз нав ба қайд гирифта шаванд (Қонун аз 3.05.02с. № 22).
Моддаи 13. Додани кодҳо ба объектҳои бақайдгиранда
Баъди бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифтани субъекти хоҷаги муассисаҳои бонкҳо дар сурати мавҷуд будани варақаи бақайдгирии додани кодҳои мақоми омори давлати, ки регистри корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва фирмаҳоро, сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, инчунин соҳибкорони шахсиро ба қайд мегиранд, суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳо мекушояд (Қонун аз 14.12.96с. № 331).
Моддаи 14. Масъулият барои вайрон кардани Қонуни Регистрҳои давлати
Шахсе, ки тартиби дар Қонуни мазкур муқарраргардидаи корбасти Регистр ё истифодабарии маълумотҳои онро вайрон мекунад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. НАБИЕВ
ш.Душанбе
аз 11 марти соли 1992 № 564