×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 1997 № 464 "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ"

Санаи амалкуни: 28.01.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ХУСУСИГАРДОНИИ МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №10, мод. 160; с. 2002, № 4, қ.1, мод. 167; с. 2003, №12, мод. 699; с. 2009, №3, мод. 90; с.2016, №7, мод.630)

(Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 4, аз 8.12.2003 № 71, аз 26.03.2009 № 497, аз 23.07.2016 № 1352, аз 24.02.2017 № 1402, аз 28.01.2020 № 1686)

(Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 4, аз 8.12.2003 № 71, аз 26.03.2009 № 497, аз 23.07.2016 № 1352, аз 24.02.2017 № 1402, аз 28.01.2020 № 1686)

Моддаи 1. Муқаррароти умуми

Қонуни мазкур муносибатҳои байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеи дар рафти хусусигардонии моликияти давлати танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Моддаи 2. Хусусигардонии моликияти давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402)

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402)

Хусусигардонии моликияти давлатӣ - фаъолияти аз тарафи давлат мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда оид ба додани молу мулки таҳти моликияти давлатӣ қарордошта ба моликияти хусусии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402)

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

...

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

"ДАР БОРАИ ХУСУСИГАРДОНИИ МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

(Қонун аз 22.05.2002с. N 4, аз 8.12.2003с. N 71)

Моддаи 1. Муқаррароти умуми

Ин Қонун муносибатҳои байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеи дар рафти хусусигардонии моликияти давлати муқаррар менамояд.

Моддаи 2. Мафҳуми хусусигардони

Хусуссигардони - фаъолиятест, ки аз тарафи давлат мувофиқи тартиби муқарраршуда оиди додани ҳуқуқи моликият ба шахсони ҳуқуқи ва воқеи анҷом дода мешавад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хусусигардони

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хусусигардони ба Конститутсия, қонунҳои конститутсиони ва дигар қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии Президент, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти маҳалли асос меёбад.

Хусусигардонии моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди он қарор дорад, тавассути ин Қонун танзим мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналхалқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда тартиби дигар пешбини нагардида бошад.

Моддаи 4. Принсипҳои асосии гузаронидани хусусигардони

Принсипҳои асосии гузаронидани хусусигардони аз инҳо иборатанд:

қонуни будан;

ошкор будан;

баробарии ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани ҳиссаи амволе, ки бояд хусуси гардонида шавад;

рақобат;

ворисияти ҳуқуқи ва масъулияти байниҳамдигарии тарафҳо.

Моддаи 5. Мақомоте, ки аз тарафи давлат дар соҳаи хусусигардони ваколатдор шудаанд

Мақомоти ваколатдори давлати дар соҳаи хусусигардони инҳо мебошанд:

дар мавриди моликияти ҷумҳурияви - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

дар мавриди моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо - Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва дар ҳудуди салоҳияти худ, - Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо.

Моддаи 6. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хусусигардони

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди салоҳияти худ;

идоракунии раванди хусусигардонии моликияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

барномаи хусусигардонии моликияти давлатиро тасдиқ мекунад;

тартиб ва усулҳои муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашавандаро муқаррар менамояд;

оид ба масъалаҳои хусусигардони қарорҳои оперативи қабул мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба тартиби муқарраркардаи қонун як қисми ваколатҳои худро дар соҳаи хусусигардони ба мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намояд.(Қонун аз 8.12.03с.№71)

Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти маҳалли дар соҳаи хусусигардони

Ваколатҳои Маҷлисҳои вакилони халқ, Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соҳаи хусусигардони, ки аз моддаи 5 ин Қонун бармеоянд, бо қонунҳои конститутсиони ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

Моддаи 8. Объектҳои хусусигардони

Объектҳои хусусигардони инҳо мебошанд:

а) тамоми намудҳои амволи корхонаҳои давлати, ки барои фаъолияти онҳо таъмин шудаанд, инчунин ҳуқуқи заминистифодабари дар қитъаҳои замине, ки онҳо дар он ҷо воқеанд, ҳуқуқи талабкуни, қарзҳо, ҳуқуқҳои истиснои, ки ба корхона ҳамчун ба шахси ҳуқуқи тааллуқ доранд;

б) бахшҳо ва воҳидҳои сохтории истеҳсоли ва ғайриистеҳсолии корхонаи давлати ҳамчун маҷмӯи амволе, ки хусусигардонии онҳо силсилаи ягонаи технологиро вайрон намекунад;

в) амволи алоҳидаи (ҷудо кардашуда, ки махсус барои хусусигардони пешбини шудаанд) корхонаи давлати;

г) саҳмияҳои ташкилоту корхонаҳои марбути давлат.

Амволи давлати аз лаҳзаи қабул шудани қарор аз тарафи мақоми давлатии дар моддаи 5 ин Қонун зикршуда оид ба хусусигардонии он ба объекти хусусигардони табдил меёбад.

Моддаи 9. Объектхое, ки хусуси гардонида намешаванд

Объектҳое, ки мутобиқи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти махсуси давлати мебошанд, ҳамчунин объектҳои мероси таърихи ва сарвати милли, биноҳо ва иншооти мақомоти идоракуни ва ҳокимияти давлати ва ҳокимияти маҳалли, системаҳои оби нӯшоки, корхонаҳои мудофиа ҳамчунин корхонаҳо оид ба нигаҳдошти партовҳои радиоактиви хусуси гардонида намешаванд.(Қонун №4 аз 3.05.02с., Қонун аз 8.12.03с. №71)

Хусусигардонии объектҳое, ки фаоълияти иқтисодиёти шаҳрҳо ва ноҳияҳоро таъмин мекунанд: инооти комплекси сӯзишворию энергетики; иншооти хоҷагии об (ба истиснои системаҳои обрасонии оби нӯшоки), роҳҳои оҳан ва роҳҳои автомобилгард, шабакаҳои алоқа; объектҳои нигаҳдории тандурусти ва маориф бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (Қонун №4 аз 3.05.02с., Қонун аз 8.12.03с. №71)

Номгӯи объектҳоеро, ки мутобиқи ин Қонун хусуси гардонида намешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 10. Субъектҳои хусусигардони

Ашхоси воқеи ва ҳуқуқи субъектҳои хусусигардони мебошанд.

Ашхоси ҳуқуқие, ки дар фонди оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 25% зиёд аст, субъектхои хусусигардони буда наметавонанд.

Тартиби ширкати ашхоси воқеи ва ҳуқуқии хориҷиро дар хусусигардонии моликияти давлати, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 11. Шаклҳо ва шартҳои хусусигардони

Хусусигардони ба шаклҳои зерин сурат мегирад:

а) ба савдо гузошта фурӯхтан;

б) аз рӯи лоиҳаи инфиродии хусусигардони дар асоси озмун.

Муайян намудани шаклҳо ва шартҳои хусусигардони, тартиби гузаронидани савдо, ҳамчунин тасдиқи лоиҳаҳои инфиродии хусусигардониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менунад.

Моддаи 12. Ба савдо гузошта фурӯхтани объектҳои хусусигардони

Савдо ба намуди музояда ё тендер гузаронида мешавад.

То гузаронидани савдо фурӯшанда вазифадор аст бо талаби харидор ба ӯ оиди объекте, ки хусуси гардонида мешавад, маълумоти пурра диҳад.

Моддаи 13. Лоиҳаи инфиродии хусусигардони

Объектҳои махсусан муҳим ва муҳим, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, мувофиқи лоиҳаҳои инфидори хусуси гардонида мешаванд.

Лоиҳаи инфиродии хусусигардони аз инҳо иборат аст:

1) таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолият ва қобилияти рақобати объект;

2) муайян намудани арзиши маҷмӯи амволии он;

3) муайян намудани андозаи маҷмӯи давлатии саҳмияҳои фурӯхташаванда;

4) низоми дигаргуниҳои пешниҳодшавандаи ташкилию сохтори, технологи ва тағйироти дигари объект;

5) интихоби намуди хусусигардони.

Иҷрои табиқи лоиҳаи инфиродии хусусигардониро баъди тасдиқи он Комиссияи ҷумҳуриявии хусусигардонии объектҳои моликияти давлати аз рӯи лоиҳаҳои инфироди амали мегардонад. Рафти иҷрои талаботи шартномаи хариду фурӯши объектҳои моликияти давлатиро мутобиқи лоиҳаҳои инфироди мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад. (Қонун аз 8.12.03с. №71)

Моддаи 14. Коғазҳои қиматноки хусусигардони

Бо мақсади таъмини адолати иҷтимои ва шароити ибтидоии баробар барои ширкат дар хусусигардони ба шаҳрвандон ҷуброн намудани саҳми онҳо дар таъсиси амволи давлати аз коғазҳои қиматноки хусусигардони истифода бурда мешавад, ки онҳо барои соҳибонашон ба ҳиссаи муайяни моликияти давлати ҳуқуқ медиҳанд.

Шароити барориш тартиби муомилот ва истифодаи қоғазҳои арзишноки хусусигардони аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 15. Пайдоиши ҳуқуқи моликият ба объекти хусусигардонидашуда

Ҳуқуқи моликият ба объекти хусусигардонидашуда аз лаҳзаи ба тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайди давлати гирифта шудани ҳуқуқи моликият эътибор пайдо мекунад.

Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба маҷмӯи амвол Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ҳуқуқи моликият, ки онро идораи нотариати давлатии маҳали ҷойгиршавии объекти фурӯхташуда медиҳад, ба ҳисоб меравад. (Қонун аз 8.12.03с. №71)

Ҳуҷҷати тасдиқкукнандаи ҳуқуқи моликият ба саҳмияҳои фурӯхташуда Шаҳодатнома дар бораи соҳибии саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳоми ба ҳисоб меравад, ки онро мақомоти аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор шуда оид ба пешбурд ва нигоҳдошти феҳрасти дорандагони коғазҳои қиматнок медиҳад. (Қонун аз 8.12.03с. №71)

Моддаи 16. Маблағҳои аз хусусигардони воридшаванда

Маблағҳои аз хусусигардони ба дастомада бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд.

Қисме аз маблағҳои аз ҳисоби иҷрои амволи давлати ва дивидентҳои пакети давлатии саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳоми ба даст омада бо мақсади баланд бардоштани имкониятҳои функсионали ва беҳтар намудани таъминоти моддию техники метавонанд ба ихтиёри мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монда шаванд. Ҳаҷм ва тартиби истифодаи ин маблағҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (Қонун аз 8.12.03с.№71)

Моддаи 16.1 Иттилоот дар хусуси ҷараёни хусусигардони

Мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар хусуси ҷараёни хусусигардонии моликияти давлати дар воситаҳои ахбори омма иттилоот паҳн намояд. (Қонун аз 8.12.03с. №71)

Моддаи 17. Ҷавобгари барои вайрон кардани ин Қонун

Барои вайрон кардани ин Қонун мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгари пешбини шудааст.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе

аз 16 майи соли 1997 № 464